Шарҳи матбуот: Саволи “Тоҷикистон” ба Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ
     TJ RU EN
11:15 / 2024-12-22

Назарсанҷӣ

Шарҳи матбуот: Саволи “Тоҷикистон” ба Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ

20230609 PressaНашрияҳои даврии кишвар ин ҳафта чанд мавзуи муҳим, аз ҷумла сафари кории вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистонро инъикос кардаанд.

Дар ин маврид рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№119 (24730), аз 07.06.2023) таҳти унвони “Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лавров», «Садои мардум» (№74 (4657), аз 07.06.2023) бо номи «Мулоқоти Пешвои миллат бо Сергей Лавров», «Народная газета» (№24 (20409), аз 07.06.2023) таҳти унвони «Пешвои миллат вазири корҳои хориҷии Русияро ба ҳузур пазируфт», ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (№23 (9813) аз 08.06.2023) бо номи «Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия», «Минбари халқ» (№22 (1419), аз 07.06.2023) таҳти унвони «Вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров” хабар нашр кардаанд.

Ҳафтаномаи “Минбари халқ” ҳамзамон бо нашри матлабе таҳти унвони “Сергей Лавров: Дидгоҳи Россияву Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳимтарин яксон аст” аз маросими изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дар назди намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ гузориш додааст. Нашрияи мазкур бо истинод ба нутқи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз ҷумла иқтибос овардааст: “Ҳаҷми гардиши мол миёни кишварҳо рӯ ба афзоиш буда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад зиёд шудааст”.

Дар ҳамин мавзуъ ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№23 (1534), аз 07.06.2023) низ матлаби хонданиеро бо номи “Лавров дар Душанбе. Аз мушкилоти муҳоҷират то даъват ба ИИАО” бо истифода аз назари таҳлилгарон нашр кардааст.

“Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Русия масъалаи муҳоҷирони тоҷикро дар миён гузоштааст. Тайи як моҳи охир тафтишу боздошт, ҷарима ва латукӯбу ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст. Сироҷиддини Муҳриддин ба хабарнигорон гуфт, ки бахши асосии мулоқоти ӯ бо Сергей Лавров вобаста ба муҳоҷирон буд. Вай афзуд, ки аз ҷониби Русия хостаанд, то дар ҷараёни санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ бо муҳоҷирон тибқи қонун бархӯрд шуда, ҳуқуқу озодиҳои бунёдии онҳо поймол нагардад. Лавров дар посух ба Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки Русия тақрибан ҳамеша дархостҳои Тоҷикистонро дар мавриди афви муҳоҷирони корӣ иҷро мекунад”,- аз ҷумла навиштааст нашрия.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи “Азия плюс” (№21 (1608), аз 08.06.2023) сармақолаи худро бо номи “Табибон аз Тоҷикистон мераванд” ба мушкилоти пешорӯи табибон бахшида, аз берун шудани мутахассисону дар дохили кишвар мондани ғайримутахассисон изҳори нигаронӣ кардааст.

Дигар аз мавзуҳои муҳими ҳафта, ки нашрияҳо пайгирӣ кардаанд, масъалаи баргузории “Гран — Прии Душанбе-2023” аст. Ҳафтаномаи “СССР” (№22 (767), аз 08.06.2023) сармақолаи худро ба ҳамин мавзуъ бахшидаву таҳти унвони “Нахустин Гран — При дар Душанбе ва пирӯзии тоҷикон дар он!!!” матлаб нашр карда, табли шодӣ задааст: “… Тими ҷудои Тоҷикистон дар рӯзи сеюми Гран — Прии Душанбе оид ба ҷудо 2 медали дигар ба даст оварда, дар ҳисоби даставӣ бо 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд… Ним сол ва баъд, аллакай Исмоил тавонист дар Душанбе нахустин Гран — Прии ҷудоро, ки то ин дам мухлисон ҳатто дар гӯшаи хаёл надоштанд, баргузор намояд. Масъулини ҷудои ҷаҳонӣ аз ин чорабинӣ, ки дар сатҳи олитарин баргузор шуд, хушбин шуда, тасмим гирифтанд, дигар Гран — При ва ҳатто Гран — Слаломи ҷудоро дар Душанбе матраҳ кунанд. Рӯиҳамрафта, дар соате, ки дар Россия сари тоҷик мақомот ситами матраҳшуда мекашиду мехост тоҷикро хору залил нишон диҳад, тамомии расонаҳои хабарии хориҷӣ, бо шумули BBC, CNN, “Евронюс” ва тамоми шабакаҳои варзишии ҷаҳонӣ, хоса русӣ дар бораи Гран — Прии Тоҷикистон мегуфт ва паҳлавонҳои тоҷикро ситоиш мекард”.

Дар ҳамин маврид матолиби ҷолибро дар нашрияи “Рекламная газета” (№23 (1139), аз 08.06.2023) таҳти унвони “Гран — Прии Душанбе-2023: Дар хазинаи Тоҷикистон 7 медал” ва дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон“ бо номи “”Пойга” ва тавоноии сиёсӣ” метавон мутолиа намуд.

Мавзуи дигари дар ин ҳафта матраҳшуда даргузашти ду нафар донишманди бузурги тоҷик буд. Ҳафтаномаи “Фараж” (№22 (860), аз 08.06.2023) таҳти унвони “Шоҳномаи зинда ҳам аз дунё рахт барбаст” дар бораи донишманди маҳбуб Зафар Мирзоён ва бо номи “Мард намирад ба марг…” дар бораи нависандаи машҳур Саттор Турсун матолиб ба нашр расонида, даргузашти ин ду нафар фарҳехтагони тоҷикро дар умум “Фоҷиа” номидааст.

Ҳафтаномаи «Омӯзгор» (№23 (12404), аз 08.06.2023) бо нашри матлаби «Даргузашти нависандаи маъруф» аз реҳлати Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ва бо чопи матлаби «Боз як хуршед моро тарк гуфт…» аз даргузашти донишманди машҳур Зафар Мирзоён изҳори андуҳ кардааст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бошад, бо номҳои “Якрӯ ва навовар. Зикри хайри нависанда Саттор Турсун” ва “Даргузашти шоҳномапажуҳ Зафар Мирзоён” матолиб ба нашр расонида, ба пайвандони онҳо изҳори тасаллият кардааст.

Ҳамзамон, ҳамин нашрия, яъне “Тоҷикистон” матлаби таҳлилии хонданиеро бо номи “Дастури Президент иҷро шуд? Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ ба ин савол чӣ посух доранд?” ба нашр расонида, аз гаронии нарх ва суръати пасти интернет нигаронӣ кардааст.

https://pressa.tj/shar%d2%b3i-matbuot-savoli-to%d2%b7ikiston-ba-hadamoti-alo%d2%9ba-va-shirkat%d2%b3oi-mobil%d3%a3/


Шарикони мо

Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима