Меҳринисо: Хусурам устоди кору хушдонам устоди рӯзгордорӣ
     TJ RU EN
10:59 / 2024-12-19

Меҳринисо: Хусурам устоди кору хушдонам устоди рӯзгордорӣ

2021017 FarajДар маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд оилаи Шариповҳо бо расмкашӣ дар пӯсти гов машғуланд. Ин ҳунари таърихӣ оилаи онҳоро соҳиби ном ва нон кардааст.

Саркардаи ин ҳунари нодир Абдураҳим Шарипов аст. Номбурда ҳамчун рассом ва усто миёни мардуми маҳал ва шаҳр шинохта аст. То замони келин кардан амаки Абдураҳим ҳунарро дар танҳоӣ пеш мебурд. Наздики 10 сол боз Абдураҳим бо келини хонадон Меҳринисо Шарипова, ки хатмкардани факутаи рассомӣ аст, ҳунари расмкашӣ дар пӯсти говро якҷо сайқал медиҳанд.

Меҳринисо мегӯяд расме, ки тариқи дастӣ дар пӯсти гов кашида мешавад, нисбат ба расме, ки тариқи техника бардошта мешавад, солҳои зиёд эмин мемонад

Саҳми хусуру хушдоман ва шавҳар дар рушди келин

Меҳринисо мегӯяд зани хушбат аст ки ҳунари нодир ва оилаи солиму иттифоқ дорад. Номбурда мегӯяд “Хусурам устоди кору хушдонам устоди рӯзгордорӣ ва шавҳарам такягоҳи боэътимоде барои рушди худу тарбияи фарзандонам ҳастанд”.

Меҳринисо изҳори шодмонӣ мекунад, ки қолабҳои шахшудае ба монанди “духтар чию хонданаш чи?” “Духтар хонда бало ҳам намешавад” замони духтарияш дар хонаи падар вуҷуд надошт ва баъди оиладорӣ дар хонаи шавҳар.

“Падарам ҳам духтар бояд соҳиби илму ҳунар бошад, зеро омӯзгори аввалини ҳар як фарзанд модар аст мегуфт. Шукр ҳамин фикри олӣ ва созанда дар хонаи шавҳарам ҳам ҳукумфармо будааст. Ҳамеша дар кунҷи дилам ҳисси нигаронӣ вуҷуд дошт, ки мабодо баъди шавҳар кардан монеи корам шаванд. Хушбахтона аҳли оилаи шавҳарам маро чун духтари худ қабул карданду барои рушд карданам аз ҷиҳати моддаю маънавӣ дастгирӣ намуданд”-афзуд қаҳрамони мо.

Муаррифии ҳунар аз маҳалла то Белорусия

Рассомии ин оила на танҳо дар гӯшаю канори Тоҷикистон, балки соли 2019 дар давлати Белорусия ҳам ба намоиш гузошта шуда, диққати хориҷиянро ба худ ҷалб карда буд.

Асарҳои рассомии онҳо, ки дар пӯсти гов кашида шудааст давоми солҳо дар озмуну фестивалҳои зиёд дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Душанбеву дигар манотиқи кишвар ба намоиш гузошта шуда ҷойҳои сазоворро соҳиб шудааст. Аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд ва Истаравшан борҳои ҷойи якум ва дуюм, соли 2023 дар Душанбе тасвирҳои Абдураҳим Шарипов дар миёни асарҳои рассомии дигар шаҳру навоҳии кишвар ҷойи сеюмро ишғол кард.

Саркардаи ин ҳунар Абдураҳим Шарипов буда, солҳои 1978-1979 бо рассомию гаҷкорӣ рӯзгорашро пеш мебарад. Ӯ соҳиби 4 фарзанд буда писари дуюми хонадон низ пайрави падар аст ва каму беш ба корҳои ӯ ёрӣ мерасонад. Инак қариб 10 сол боз дар якҷоягӣ Абдураҳим бо келинаш- Меҳринисо ҳунари расмкашӣ дар пӯсти говро сайқал медиҳанд.

Ба гуфтаи Шарипов рассомӣ ҳунари осон нест ва меҳнату вақти зиёдро талаб мекунад. Абдураҳим оид ба рассомӣ ва моҳияту нозукиҳои он гуфт: Рассомӣ як навъи санъати тасвирист, ки ҳамчун асари бадеӣ тавассути рангҳо дар рӯи ягон чиз офарида мешавад. Гоҳо бо вуҷуди аз ду ранг-сиёҳу сафед иборат будан ҳам метавонад мазмуну мундариҷаи зиёдро ифода кунад. Аммо бо вуҷуди мушкилоти зиёд доштанаш Меҳринисо мардона ҳама муаммои мавҷударо паси сар мекунад, зеро таҳаммулпазир, боирода ва меҳнатдӯст аст.

Дар тобистон ғами зимистонро мехӯранд

Ин оила дар як ҳавлии майда воқеъ дар маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд як ҳуҷраро ҳамчун ҷои рассомӣ ва ҳам ташрифи меҳмонону сайёҳон ҷудо кардаанд. Вале аз набудани ҷойи мувофиқ танқисӣ мекашанд.

Келини ин хонадон Меҳринисо Шарипова аз овони кӯдакӣ ба рассомӣ майл дошта, то имрӯз ҳачун зани рассом дар байни мардуми минтақа шинохта шудааст.

Вай ҳамагӣ 28-сол дошта дар баробари рассомӣ дар ташкилоти қарзии “Ҳумо” ба ҳайси муттахассиси калони қарзӣ кор мекунад.

“Барои тозаю хушк кардани пӯст ва расм кашидан дар рӯи он як ҳафта вақт сарф мешавад. Илова бар ин дар дафли замистон мушкили дастрасӣ ба пӯст ва хукш кардани он барои мо дучанд мушкил аст”- мегуяд Меҳринисо.

Ба гуфтаи вай ин оила дар фасли тобистон пустҳоро ҷамъоварӣ, тоза ва хушк карда барои фасли зимистон захира мекунанд. Дар тобистон шогирдони Меҳринисо омада дар саҳни ҳавлӣ рассомиро меомӯзанд. Аммо дар фасли зимистон омадурафти шогирдон низ кам мегардад ва барои соҳибони хона ҳам мушкил аст, ки шогирдонро бо гармхона таъмин кунанд.

Арзиши расмҳо аз 250 сомонӣ то 700-800 сомонӣ аст. Меҳринисо гуфт аксари расмҳои онҳоро харидоронаш хориҷиён ҳастанд. Сокинон бо баҳонаи қимат буданаш кам мехаранд.

Аммо онҳое ки гарон мегӯянд намедонанд ки барои пуст чуб ранг ва дигар маҳсулот чӣ қадар маблағ масраф мешавад ва илова бар ин ҳама вақти мо ҳадди ақал ду-се рӯз пайи як расм мегузарад-афзуд ин рассом.

Рассомӣ аз 13-солагӣ ва ҷалби шогирдон ба ин касб

Меҳринисо Шарипова хатмкарда фокултаи рассомии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ӯ аз 13 солагӣ ба расмкашӣ машғул шуда, дар мактаб чун хонандаи рассом муаррифӣ шуда буд.

Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи рассомӣ дохил шуда 4 сол таҳсил кард ва баъди оиладорӣ низ дар хонаи шавҳар бо хусураш якҷо ин касбро пеш мебаранд.

Азбаски рӯзона дар ташкилоти қарзии “Ҳумо” кор мекунад, бегоҳ ва рӯзҳои якшанбе шогирдонаш ба хонаи ӯ омада нозукиҳои рассомиро меомӯзанд. Ба гуфтаи Меҳринисо ҳунари рассомӣ то дар хуни инсон набошанд расми дилхоҳро тасвир карда намешавад.

Меҳринисо мегӯяд ҳоло фарзандонаш низ бобову модарро дида ба рассомӣ мароқ зоҳир кардаанд. Руҳияи солими фарзандони хурсолашро Меҳринисо ба мавҷудияти якдигарфаҳмӣ дар оила, набудани хушунати хонаводагӣ ва шикаста будани қолабҳои шахшуда алоқаманд медонад.

 

 

 

 


Тақвим

<< < Декабрь 2023 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
 
Пайвандҳои лозима