10 маслиҳат: Чигуна расонаҳои Тоҷикистон тариқи SMM мухотабони худро дарёфт кунанд?
Рӯз аз рӯз шабакаи Интернет барои расонаҳо майдонҳои нави рушдро фароҳам месозад. Инро дар мисоли рақамҳо дидан мумкин аст: дар Гузориши тозанашршудаи умумиҷаҳонии рақамӣ – (Digital 2023 Global Overview Report (We Are Social and Hootsuite)) гуфта мешавад, ки айни ҳол истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар рӯйи олам 4.76 миллиард (59,4% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад) касро дар бар мегирад. Ин нишондод назар ба соли гузашта 3% афзудааст (4.62 млр – 58,4%). Рақамҳо маънои онро медиҳанд, ки мухатобони асосӣ дар шабакаҳои иҷтимоиянд ва расонаҳоро мебояд, ки ба шабакаҳои иҷтимоии худ рӯ оваранду барои пешбурди муҳтавояшон дар он ҷо ҷиддӣ кор кунанд. Алгоритмҳо, майлонҳои нав ва қоидаҳои корро омӯзанд. Дар раванди пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа рӯз аз рӯз бештар мегардад.
“Хабарнигори муосир” бо чанд мутахассисони SMM-и расонаҳои Тоҷикистон суҳбат орост ва 10 маслиҳати муфидро барои пешбурди шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъ овард.
Алимшоҳ Меҳрзода, мутахассиси SMM-и бахши тоҷикии гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”:
- Барои ҳар як расона доштани менеҷери шабакаҳои иҷтимоӣ ё тавре мӯд шудааст – мутахассиси SMM хеле муҳим аст. Ва боз қисми муҳим он аст, ки бояд ин мутахассис ё менеҷер донандаи хуби кор бо расонаҳоро дошта бошад. Агар ӯ журналисте аст, ки бо шабакаҳои иҷтимоӣ кор карда метавонад, беҳтарин мешавад;
- Қабл аз он, ки расонаҳо муҳтавое дар шабакаҳои иҷтимоияшон ба иштирок гузоранд, нақша ва ҳадафҳои худро бояд таъйин кунанд. Мутахасиси SMM пеш аз он, ки муҳтавоҳои худро ба хонанда ва ё пайгиронаш ироа кунад, бояд ба ин саволҳо ҷавоб дода тавонад: аз тариқи SMM дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ чизеро ба даст овардан мехоҳад? Хонандаи ниҳоияш кист? Чӣ гуна хонандаҳои ӯ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд? Ӯ чӣ паёмеро метавонад ба хонандаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бифиристад?
- Нақша, ки сохта шуд, амалӣ кардани он ва аз рӯйи он фаъолият кардан боз ҳам қисми муҳимтар аст. Агар хоҳед, ки муҳтавои шумо пойдор бимонад, муназзам ва тибқи нақша фаъол буда, муҳтавои муносибе дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода кунед;
- Кӯшиш кунед ба сурати муназзам дар сафҳаҳои шабакаҳои иҷтимоии худ пост бигузоред. Ҳамавақт дар мадди назари мухотабон бошед. Чихеле дар урфият мегӯянд, аз чашм, ки рафтӣ, аз дил ҳам меравӣ;
- Мутахассис бояд муҳтавое эҷод кунад, ки ҳатто охирин хонандаашро таҳти таъсир қарор диҳад. Сафҳаи шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатман бояд логотип ё нишонагузорӣ дошта бошад, то логотипи расона ё ширкати шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида ва шинохта шавад.
Шодмон Ятим, менеҷери SMM-и Радиои Озодӣ:
- Фаъолияти доимӣ. Ҳамарӯза дар саҳифа бояд чизе нашр кард: акс, видео ё матн. Шабакаҳои иҷтимоӣ соатҳои фаъоли худро доранд, ки онро бояд омӯхт. Майлонҳои нави журналистиро ҳам фаромӯш набояд кард: истифодаи инфографика, карточкаҳо, рилзу видеоҳои матндор;
- Ҳамеша бо корбарон дар иртибот бояд буд. Ба пурсишҳои корбарон посух гардонд ва дар шарҳ бо корбарон вокуниш бояд намуд. Ин боиси созовор шудани боварии корбарон мегардад;
- Кӯшиш бояд кард, ки саҳифа самти мушаххас дошта бошад. Агар саҳифаи нашрия аст, бояд хабару навгониҳоро нашр намуд. Агар саҳифаи ягон идора ё ниҳод аст, дар бораи самти кори он матлаб бояд гузошт;
- Ба забони навишт аҳамияти махсус бояд дод. Асосан барои расонаҳое ки бо забони тоҷикӣ муҳтаво омода мекунанд. Матн бояд фаҳмо, беғалат ва возеҳ бошад.Кутоҳбаёниро ҳам фаромӯш накунед. Хонандагони имрӯзи шабакаҳои иҷтимоӣ матн ва видеои дарозро намехонанд ва тамошо намекунанд.
- Гуногунрангӣ. Матолиб, чӣ матнӣ ва чӣ графикаву видеоӣ, бояд иттилои ҷолиби диққатро дошта бошад. Агар муҳтаво омори бештар дорад дар шакли граффика пешниҳод намоед, чунки хонандагон инфографикаро нисбати матни одӣ бештар мехонанд.
- Теъдоди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ торафт меафзояд ва ин нишондод боло мераваду поён не. Ҳамакнун расонаҳоро мебояд, ки ҳарчӣ зиёдтар ба шабакаҳои иҷтимоии худ рӯ оранд, майлонҳои ҷадидро бисанҷанд, лоиҳаҳои ҷолиб фикр кунанд ва аз ҳама муҳим як тими махсуси кор бо шабакаҳои иҷтимоиро дар нашрияи худ дошта бошанд. Ва агар ин тим мавҷуд нест, пас ҳоло вақти он аст, ки аз пайи омода намудани ин гуна тим шаванд.
https://newreporter.org/tj/2023/02/21/10-maslihat-chiguna-rasonahoi-tojikiston-tariqi-smm-muxotaboni-xudro-daryoft-kunand/
DPF
21.02.2023 18:18
359
Манбаи таълимӣ