Дар бораи Ассотсиатсия
     TJ RU EN
08:47 / 2024-12-24

Дар бораи Ассотсиатсия

Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) созмони ғайридавлатӣ, ихтиёрӣ ва мустақил мебошад, ки дар заминаи муттащидшавии шаҳрвандон (ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам ҳуқуқӣ) таъсис дода шудааст Ассотсиатсия барои татбиқи муштараки ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунӣ дар соҳаи ВАО 28 сентябри соли 1999 таъсис ёфтааст ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст (Шаҳодатнома № 526). АМВАОМТ дорои механизми боэътимоди идоракунӣ, кадрҳои баландихтисос мебошад ва сиёсати дақиқи баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дорад, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирӣ» ва дигар муқаррароти ҳуқуқӣ асос ёфтааст.

Ассотсиатсия мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма», Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», дигар муқаррароти ҳуқуқии Тоҷикистон ва Оинномаи АМВАОМТ амал мекунад.

Ассотсиатсия шахси воқеӣ мебошад. Он дар тамоми кишвар фаъолият мекунад. Барои ноил шудан ба мақсадҳои дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешбинишуда, Ассотсиатсия метавонад дар Тоҷикистон ва берун аз он филиалҳо, фондҳо ё дигар шахсони ҳуқуқӣ ва намояндагӣ таъсис диҳад. Муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби Ассотсиатсия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд.

Дар айни замон, Ассотсиатсия се маркази дастгирии ҳуқуқии рӯзноманигорон дорад — дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар. Ассотсиатсия инчунин дар марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғд (ш.Хуҷанд) ва Хатлон (ш.Бохтар) ду филиал ва дар ш.Кӯлоби вилояти Хатлон намояндагӣ дорад.


Тақвим

<< < Ноябрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
23 24 25 26 27 28
29 30          
 
Пайвандҳои лозима