Оғози лоиҳаи "Эҷоди муҳити бехатар барои рӯзноманигорон ва блогнависон дар Тоҷикистон
     TJ RU EN
09:54 / 2026-07-31

Оғози лоиҳаи "Эҷоди муҳити бехатар барои рӯзноманигорон ва блогнависон дар Тоҷикистон

ПроектыТашкилоти ҷамъиятии "Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон" (АМВАОМТ) оғози татбиқи лоиҳаи "Эҷоди муҳити бехатар барои фаъолияти касбии рӯзноманигорон ва блогнависон дар Тоҷикистон"-ро эълон медорад.

Самтҳои асосии лоиҳаи мазкур - расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба рӯзноманигорон ва блогнависони кишвар ҳангоми фаъолияти касбӣ ва баланд бардоштани касбияти онҳо мебошад. Лоиҳаи мазкур ҷузъи барномаи фарогири ҳуқуқии АМВАОМТ аст.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои лоиҳавӣ АМВАОМТ таҷрибаи қабули дархостҳои рӯзноманигорон ва блогерҳоро таҳия ва роҳандозӣ намуда, васоити иртиботиро бо мухотабон ва эҳтиёҷмандон аз ҳисоби блогнависон ва журналистонро таъсиси додааст.

Рӯзноманигорон ва блогнависоне, ки таҳти фишор ва таъқиботи ҳуқуқӣ ё дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доранд, метавонанд бо истифода аз яке аз роҳҳои зерин маслиҳати ҳуқуқӣ гиранд:

- тавассути равзанаи Машварат (ё тамос)-и сомонаи АМВАОМТ (https://nansmit.org/index.php/tj/mashvarat);

- тавассути равзанаи чат дар сомонаи АМВАОМТ (https://nansmit.org);

- тавассути равзанаи чат-бот дар телеграмм (https://t.me/medialaw_bot);

- тавассути саҳифаи АМВАОМТ дар Telegram (https://t.me/nansmittj);

- тавассути саҳифаи расмии АМВАОМТ дар Instagram (https://www.instagram.com/nansmit.amvaomt/profilecard/?igsh=M2F1dXZjZTZzNHhj);

- тавассути саҳифаи АМВАОМТ Facebook (https://www.facebook.com/share/15kKy1rt72/);

- тавассути яке аз почтаҳои расмии АМВАОМТ ( Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ).

Онҳо инчунин метавонанд бо рақами +992 93 504 3013 дар тамос шуда, барои машварати ҳузурӣ (рӯ ба рӯ) номнавис шаванд.

Лоиҳаи "Эҷоди муҳити бехатар барои фаъолияти касбии рӯзноманигорон ва блогнависон дар Тоҷикистон", дар доираи лоиҳаи Horizons Medias ("Ҳамкории расонаӣ ва мубориза бо иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ"), ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Фаронса тавассути ташкилоти Агентии рушди ВАО Вазорати корҳои хориҷии Фаронса (CFI – Media Development (Канали байналхалқии Фаронса)), мувофиқи Созишномаи грантии GRANT AGREEMENT No. 600-ACH-011714, Media Horizons project No. M2HOM2710 (CFI/NANSMIT) маблағгузорӣ мегардад.

Тими АМВАОМТ




Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Май 2026 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима