ПУЛ ВА Ё ТАКМИЛИ ҚОНУН? Рӯзноманигорӣ ба чӣ ниёз дорад?
     TJ RU EN
10:28 / 2026-09-03

ПУЛ ВА Ё ТАКМИЛИ ҚОНУН? Рӯзноманигорӣ ба чӣ ниёз дорад?

20260816 APБаҳси вазъи кунунии рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон ва такмили қонунгузории соҳа дар барномаи мубоҳисавии навбатӣ.

Дар нашри навбатии барномаи мубоҳисавӣ (подкаст), ки чанде пеш аз сӯи як гурӯҳ рӯзноманигорон роҳандозӣ шуд, вазъи кунунии рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон, такмили қонунгузории соҳа, аз ҷумла, мусоидати тағйирот ба рушди расонаҳо ва рӯзноманигорӣ, ниёзҳои молии расонаҳо ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуд.

Дар барнома Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) ва Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии «Хома» масъалаҳои зеринро ба баррасӣ гирифтанд:

  • Таҳияи Роҳбурд (Стратегия)-и рушди расонаҳо. Чаро он ба дарозо кашид ва то ҳол қабул нашудааст?
  • Дар ин роҳбур чӣ навишта шудааст ва он то куҷо метавонад ба рушди расонаҳо мусоидат кунад?
  • Чаро аз рӯзноманигорон душман тарошидан дуруст нест ва барои чӣ бояд фарҳанги муносибат бо расонаҳо тағйир ёбад?
  • Оё ташаббуси таҳияи роҳбурд аз сӯйи ҳукумат далели дарки зарурати тағйирот дар кори расонаҳо аст ё он ҳам як расмиёт аст ва чизеро тағйир намедиҳад?
  • Мешавад, ки ҳукумат барои расонаҳои мустақил пул ҷудо кунад ва ҳам бо ин кор роҳи танқидро набандад?

Ҳамчунин, дар ин барнома раванди таҳияи Кодексти иттилоот ва тағийрот ба қонун дар бораи матбуот ва расонаҳо муҳокима шуд.

Муфассал дар барнома бинед:

 

Акс дар сарсаҳифа: коллажи asia+. Аз чап ба рост: Нуриддин Қаршибоев, Ҷасур Абдуллоев, Ранжет Ятимов.


Тақвим

<< < Декабрь 2025 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        
 
Пайвандҳои лозима