Маълумоти шахсӣ. Агар аз касеро фош созем, моро чӣ интизор аст?
     TJ RU EN
12:19 / 2024-12-03

Маълумоти шахсӣ. Агар аз касеро фош созем, моро чӣ интизор аст?

20231024 NRJom.tj силсиламатолиби ҷолиберо дар мавзӯи саводи расонаӣ омода кардааст. “Хабарнигори муосир” ин силсиламатолибро тарҷума ва адаптатсия намуд, бо нияти он, ки муфидтарини онро бо шумо мубодила намоем ва шуморо аз фиреби қаллобон эмин дорем. Ин мавод яке аз ин силсиламатолиб аст. Давраи комилро бо ин линк дидан мумкин аст.

Маълумоти шахсӣ – маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои ҳаёти субъекти маълумоти шахсӣ, ки ба айнияткунонии шахсияти ӯ имкон медиҳад. (моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”).

Ҳифзи маълумоти шахсиро қонунгузорӣ кафолат медиҳад. Бинобар ин, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумот дар бораи шахсони алоҳида, дастрасӣ ё истифодаи маълумот дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе иҷозати ӯ манъ мебошад.

Оё медонед, ки маълумоти шахсӣ чист?
Маълумоти шахсӣ иттилоотест, ки ба шахси мушаххас алоқаманд аст.

Масалан:

  • ҳаёти шахсии инсон, оилаи ӯ;
  • муҳити зист ва манзили истиқоматӣ;
  • шаъну шараф ва эътибори инсон;
  • дахлнопазирии равонӣ ва ҷисмонӣ;
  • расмҳои шахсӣ;
  • иттилоот дар бораи вазъи саломатӣ;
  • иттилоот дар бораи қобилияти шаҳвонӣ;
  • иттилоот дар бораи хислат ва хусусияти шахс;
  • мукотибот, андеша ва мулоҳизаҳои шахсӣ;
  • одат ва дигар хислатҳои фардӣ.
  • имзо, суроға, рақами телефон
  • маълумоти кредитӣ
  • IP
  • имэйл, рақами телефон
  • рақами силсилавии шиноснома
  • маълумоти бонкӣ

Ичунин номгӯе аз маълумоти шахсӣ ҳасос ҳисобида мешаванд, оё инро медонистед:

  • решаҳои нажодӣ ё этникӣ
  • ақида
  • эътиқоди динӣ ё фалсафӣ
  • узвият дар иттифоқи касаба ё анҷуман
  • доғи судӣ
  • маълумоти генетикӣ ва баъзе иттилооти биометрӣ.

Ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумот дар бораи шахсони алоҳида, дастрасӣ ё истифодаи маълумот дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе иҷозати ӯ манъ аст. Оё медонед, ки дар сурати ифшои маълумоти шахс чӣ паёмади ҳуқуқӣ дорад?

Маълумоти бештар дар эксплейнер.

Акс аз Интернет

https://newreporter.org/tj/2023/10/12/malumoti-shaxsjj-agar-az-kasero-fosh-sozem-moro-chjj-intizor-ast/


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Октябрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима