Аз нарху суръати интернет то фарогирии аҳолӣ бо 5G ва ҷаримаи ширкатҳои мобилӣ
     TJ RU EN
03:13 / 2026-01-30

Аз нарху суръати интернет то фарогирии аҳолӣ бо 5G ва ҷаримаи ширкатҳои мобилӣ

20260128 APСифат ва нархи интернет, фарогирии аҳолӣ бо интернети насли нави 5G, даромади ширкатҳои мобилӣ ва ворид кардани интернет аз Чин, аз муҳимтарин нукоте буд, ки зимни нишасти матбуотии Хадамоти алоқа, ки имрӯз, 28-уми январ гузашт, баррасӣ шуд.

Дар Хадамоти алоқа гуфтанд, яке аз омилҳои паст будани сифати интернети мобилӣ ин афзоиши талабот ба интернет аст. Ба иттилои ин ниҳод, дар 5 соли охир талабот ба интернет 10 баробар (аз 3 Гбайт ба 30 Гбайт) афзуда, “дар истгоҳҳои базавӣ сарборӣ ба бор овардааст”.

Ҳоло теъдоди умуми истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит (ноқилӣ) дар Тоҷикистон 5,2 миллион нафар (4,5 млн. дар соли 2024) аст. Аз ин теъдод 5,1 миллион муштарии интернети мобилӣ ва боқимонда истифодабарандагони интернети ноқилӣ будаанд.

Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, соли гузашта арзиши таърифаҳои ироадиҳандагон (провайдерон)-и интернети ноқилӣ “ба ҳисоби миёна то 55% поён карда шуда, таърифаҳои бо суръати камтар аз 30 Мбит/с бекор шуданд”.

Ба гуфтаи ӯ, мушкили суръати пасти интернет ҳоло танҳо дар алоқаи мобилӣ аст, дар интернети собит “умуман мушкиле нест ва сатҳу сифаташ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ аст”.

Вале аз ин ниҳод нагуфтанд, ки ҳоло сифати интернети мобилӣ дар кишвар чӣ гуна аст ва нархи он ҳам барои 1 Мбит/с чанд сомонӣ арзиш дорад.

"Соли 2030 Тоҷикистон пурра ба интернети 5G мегузарад"
Зимни нишаст, раиси Хадамот изҳор дошт, ки соли 2027 тамоми ҷумҳурӣ ба интернети 4G фаро гирифта мешавад ва соли 2030 бошад, Тоҷикистон пурра ба интернети 5G мегузарад.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи насби пойгоҳҳои насли 5G дар Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 тасдиқ шуда, мутобиқи ин нақша, дар 65 шаҳру ноҳияи кишвар бо иштироки ширкатҳои ироадиҳанда (операторон)-и алоқаи мобилӣ пойгоҳҳои стандарти 5G насб мешавад.

Ӯ гуфт, иҷрои нақшаи мазкур чунин хоҳад буд:

  • то охири соли 2026 – фарогирии на камтар аз 15%-и аҳолӣ;
  • то охири соли 2027 – фарогирии на камтар аз 35%;
  • то охири соли 2028 – фарогирии на камтар аз 50%
  • то охири соли 2029 – фарогирии на камтар аз 75%;
  • то охири соли 2030 – таъмини фарогирии 100%-и аҳолии ҷумҳурӣ.

Ҳоло, ба иттилои Хадамоти алоқа, дар ҷумҳурӣ 84 пойгоҳи насли 5G, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 77 адад, Роғун 1 адад, Хоруғ 1 адад, Бохтар 2 адад ва Хуҷанд 3 адад “насб ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд”.

“Нишондодҳое, ки мо имрӯз мегирем, нисбат ба нишондодҳои 3G ва 4G беҳтаранд. Аммо на ҳамаи телефонҳои мобилие, ки имрӯз дар дасти шаҳрвандон ҳаст, стандарти 5G-ро қабул карда метавонанд. Он шаҳрвандоне, ки имрӯз дорои телефонҳои стандарти 5G мебошанд, пурра аз он истифода бурда истодаанд” - гуфт Исфандиёри Саъдулло.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло тибқи супориши роҳбари кишвар гурӯҳи кории Хадамот лоиҳаи “Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои давраи то соли 2040” - ро таҳия кардааст. Ҳоло ин лоиҳа дар марҳилаи коркарди ниҳоӣ қарор дорад ва ба наздикӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад.

Ба иттилои роҳбари ниҳод, дар лоиҳа 16 нишондоди мақсадноки асосӣ аз ҷумла, то 100% расонидани сатҳи интернети фаррохмавҷ, баланд бардоштани суръати интернети собит ва суръати миёнаи интернети мобилӣ, баланд бардоштани ҳиссаи фарогирии роҳҳои автомобилгард бо алоқаи мобилии 4G ва 5G ва бештар кардани сатҳи қаноатмандии аҳолӣ аз хидматрасониҳои соҳаи алоқа, ба назар гирифта шудааст.

Мушкил дар барқ аст?
Дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқа, шикояти сокинон дар робита ба таъмини интернет дар сурати қатъ шудани барқ ва ҳамчунин, таъмини пойгоҳҳои ширкатҳо бо нерӯи барқ низ баҳс шуд.

Аз ҷумла, Исфандиёри Саъдулло гуфт, то имрӯз 62% истгоҳҳои базавӣ бо зергенераторҳо ва 8% бо панелҳои офтобӣ таъминанд. Мувофиқи нақша, дар соли 2026 бояд 80% зеристгоҳҳо бо генератор ва 30%-и он бо панелҳои офтобӣ муҷаҳҳаз шаванд.

“Муддати дароз маҳдудияти барқ давом меёбад ва каме мушкил аст. Вале агар гӯем, ки мушкилоти асосӣ дар қувваи барқ аст, хато мекунем. Нарасидани инфрасохтор ва таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла истгоҳҳои базавии стандарти нав мушкилоти соҳа мебошанд ва мо дар ин самт корбарӣ мекунем”, - изҳор дошт Исфандиёри Саъдулло.

Дар ҳамин ҳол, Озодхон Давлатшоев, директори генералии ширкати “Tcell” гуфт, ки яке аз сабабҳо ин мушкил набудани реҷаи муайяни қатъи барқ аст, ки ширкат аз бозмонии кори истгоҳҳои базавӣ сари вақт огоҳ намешавад.

"Мо бисёр мехостем, бо Шабакаҳои барқ як нақшаи саҳеҳ дошта бошем, то донем, ки кай ва ба куҷо сӯзишворӣ барему генераторҳоро фаъол кунем. Мушкил дар сӯзишворӣ ва таъмини он нест, мушкил дар кори системаҳоест, ки моро аз қатъи барқ хабардор мекунанд... Кӯшиш мекунем, бо Шабкаҳои барқ нақшае таҳия ва аз рӯйи он кор кунем”, - шарҳ дод Озодхон Давлатшоев.

Исфандиёр Саъдуллоев, ба ҳайси мушкилоти дигари соҳа, куҳнаву фарсуда будани инфрасохтор ё худ таҷҳизоти мухобиротӣ, хатҳои интиқоли маълумот, шароити ҷуғрофии кишвар, сарбории аз меъёр зиёд дар истгоҳҳои базавӣ, кифоя набудани самоягузорӣ, норасоии кадрҳои ихтисосманд ва маҳдудияти барқро номбар кард.


Интернет аз Чин кай ба Тоҷикистон меояд?
Раиси Хадамоти алоқа дар бораи воридкунии интернет аз Чин гуфт, ки ҳоло “бо сабаби сардиҳо дар ноҳияи Мурғоб” корҳо муваққатан бозистодаанд.

Ба гуфтаи, ӯ кашидани хатти интернет аз Чин дар ҳудуди ВМКБ то шаҳри Хоруғ расидааст.

“Ният дорем, аз моҳи март корҳоро идома диҳем ва то охири соли 2026 насби 310 км хатти оптикии боқимондаро ба анҷом расонда, бо ширкатҳои хидматрасон пайвасти мустақим дошта бошем” - илова кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки Хадамот дар бораи тасмими ворид кардани интернет аз Чин ҳанӯз моҳи сентябри соли 2025 хабар дода буд. Он вақт гуфта мешуд, ки ноқилҳои 48-қабата (жила)-и оптикиро аз Душанбе то Хоруғ кашида, дар марҳилаи баъдӣ, то сарҳади Чин идома хоҳанд дод.


“Бо ин сатҳу сифат чӣ хел ҷарима накунем?”
Ҳамчунин, Исфандиёри Саъдулло изҳор дошт, ки давоми соли гузашта барои қонунвайронкунӣ дар самти алоқа нисбати 119 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 129 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин шудааст. Дар миёни онҳо ҳамаи ширкатҳои мобилӣ низ ҳастанд ва бештари ин маблағ ба онҳо рабт дорад.

“Бо ин сатҳу сифати инетернет, инҳоро ҷарима накунем намешавад”, - илова кард ӯ.

Беш аз 5,5 млрд сомонӣ даромади ширкатҳои мобилӣ дар соли гузашта
Аз Хадамоти алоқаи кишвар ҳамчунин, гуфтанд, ширкатҳои мухобиротӣ ва корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа соли гузашта 5 миллиарду 52 миллиону 795 ҳазору 187 сомонӣ даромад доштаанд. Ин рақам назар ба соли 2024-ум 16,6% зиёд будааст.

Ба гуфтаи манбаъ, соли 2024 даромади ширкатҳои мобилӣ ва корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа 4 миллиарду 333 миллиону 274 ҳазору 496 сомонӣ будааст.

Ёдовар мешавем, ки сокинони кишвар аз паст будани суръати интернет ва нархи гарони он шикоят мекунанд. Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонии суръат ва арзиши интернет ҳам зинаҳои пойинро касб кардааст.

Акси марбут — Asia-Plus

https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20260128/az-narhu-surati-internet-to-farogirii-aol-bo-5g-va-arimai-shirkatoi-mobil-dar-nishasti-matbuotii-hadamoti-aloa-ch-guftand


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2025 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31        
     
    Пайвандҳои лозима