Журналистикаи озод - ҷомеаи устувор!
8 сентябр ҳамасола дар ҷаҳон рӯзеро таҷлил мегиранд, ки аҳамияти ваҳдату ягонагии ҷомеаи рӯзноманигорон, дастгирии ҳамдигар ва ҳамбастагии касонеро, ки ҳамарӯза барои ҳифзи ҳуқуқи ҷомеа ба донистани ҳақиқат фаъолият мекунанд, ёдрас менамояд.
Ҳамбастагии рӯзноманигорон — ин неруест, ки барои ҳимояи озодии баён, шаъну шарафи касбӣ ва ҳуқуқи ҳар як инсон ба гирифтани иттилооти боэътимод мусоидат мекунад.
Ассотсиатсияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ҳамаи рӯзноманигорон, муҳаррирон, блогерон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии рӯзноманигорон самимона табрик менамояд!
Ба шумо далерии касбӣ, амният, мустақилият ва имкониятҳои нави рушду такомули журналистикаро орзу менамоем.
Бигзор садои ҳар як рӯзноманигор шунида шуда бошад!
Доимо дар паҳлӯи шумо - Тими АМВАОМТ.