Ахлоқ дар блогнависӣ: панҷ қоидаи рӯзноманигорони касбӣ, ки барои блогнависон муфид хоҳад буд
     TJ RU EN
02:02 / 2024-12-03

Ахлоқ дар блогнависӣ: панҷ қоидаи рӯзноманигорони касбӣ, ки барои блогнависон муфид хоҳад буд

20230502 InewsВақте шабакаҳои иҷтимоӣ босуръат рушд карданд, ба аксари рӯзноманигорон ба назар мерасид, ки ин поёни касбашон аст. Ҳар шахсе, ки телефони ҳушманд (смартфон) ва дастрасӣ ба Интернет дошт, ба як расонаи алоҳида табдил меёфт ва далелҳои талабгор доштани журналистикаи касбӣ – фаврӣ, мунҳасир ба фард, бо назари коршиносӣ пешниҳод кардани хабар, дар ҷараёни пуртуғёни муҳтавои нав ҳал шуд. Баъд аз соли 2020, вақте пандемияи коронавирус оғоз шуд, журналистика як давраи нави рушдро пайдо кард. Пас аз соли 2022, вақте ки ҷанг дар Украина шурӯъ шуд, ин тамоюли нав шиддат гирифт. Маълум шуд, ки бидуни маълумоти объективона, беғаразона ва боэътимод фаҳмидани ҳаводиси рӯйдодаистода ғайриимкон хоҳад буд.

Дар лагери IdeaCamp2023 Лилия Гайсина, рӯзноманигор ва мунаққиди расонаӣ ба ширкаткунандагон доир ба нақши ахлоқи расонаӣ дар эҷоди муҳтаво нақл кард. “Хабарнигори муосир” аз ин ҷаласа панҷ меъёри асосиро ҷамъ овард, ки барои ҳар як блогнавис муфид хоҳад буд.

Барои чӣ ахлоқи расонаӣ лозим аст?

— Барои истеҳсол кардани беҳтарин автомобилҳои ҷаҳон бояд стандартҳои сифатро риоя намуд. Дар журналистика низ ҳамин гуна кор бояд кард. Албата, шумо метавонед муҳтаворо бидуни стандарт истеҳсол кунед, аммо шумо метавонед мошинҳои русӣ тавлид кунед ва метавонед мошинҳои номдори олмонӣ.

Ахлоқи расонаӣ маҷмӯи қоидаҳоест, ки ҳангоми таҳияи муҳтаво бояд риоя шаванд. Қоидаҳои умумӣ барои рӯзноманигорон вуҷуд доранд, ки аз ҷониби созмонҳо ва ассотсиатсияҳои гуногуни байналмилалӣ таҳия шудаанд ва инчунин, сиёсати дохилӣ ва алоҳидаи нашриявӣ низ ҳаст. Масалан, стандартҳои яке аз бузургтарин нашрияҳои ҷаҳон BBC як ҷилдро ташкил медиҳанд ва ин тааҷҷубовар нест, зеро BBC мошини олмонӣ дар ҷаҳони расонаӣ мебошад.

Панҷ стандарти асосии ахлоқи расонаӣ барои эҷодкунандагони муҳтаво

Аз шумораи зиёди меъёрҳои ахлоқӣ, шумо метавонед якчанд қоидаҳо, ки ба блогнависӣ дахл доранд, бигиред:

Ростқавлӣ муҳимтар аз эҳсосгароӣ аст. Ҳатто агар шумо хабари инҳисорӣ (эксклюзивӣ) ба даст оварда бошед, ки мутмаинан таваҷҷуҳи мухотабонро ҷалб хоҳад кард, бояд худдорӣ кунед. Ҳар як иштибоҳ боиси оқибатҳои бад барои муаллиф шуда метавонад. Ҳадди ақал, агар ин хабар дурӯғ баромад, мухотабон дигар ба шумо эътимод намекунанд.

Шаффофият аз обрӯ муҳимтар аст. Шумо эҳтимолан дар бораи шаффофият аз хабарҳои ширкатҳои бузург мешунавед. Онҳо мутахассисони SMM-и худро доранд, ки хабарҳои охиринро сари вақт нақл мекунанд, иштибоҳро пинҳон намедоранд ва бо аудиторияи худ софдилона суҳбат мекунанд. Ҳангоми омода кардани муҳтаво, шумо низ бо аудитория бомасъулият кор кунед. Ба онҳо бигӯед, ки шумо ин маълумотро аз куҷо ба даст овардаед, чӣ гуна он ба шумо расидааст.

Иштибоҳ кардан тарснок нест. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки иштибоҳҳоро сари вақт эътироф кунед. Баъзе расонаҳои ғарбӣ бахшҳое доранд, ки дар он хатоҳои худро ҷамъоварӣ мекунанд. Дар байни онҳо шумо метавонед иштибоҳҳои хеле ҷиддӣ пайдо кунед! Агар ҳатто нашрияҳои бузурги хориҷӣ имкони хато карданро дошта бошанд, чаро мо наметавонем?

Ба муҳтавои худ арзиши шахсии худро илова кунед. Вақте шумо барои наздиконатон ғизо мепазед, шумо эҳтимолан онро аз самими дил бо як руҳи баланд омода месозед. Шумо кӯшиш мекунед, ки дар он ҷо чизи махсусе илова кунед, ки таъми хубу хотирмон пайдо кунад. Нисбати аудитория низ ғамхорӣ кунед. Журналисти асил ҳамеша аз худ мепурсад: аудитория аз ин муҳтавои ман чӣ ба даст меорад?

Забони адоват қобили қабул нест. Ин яке аз муҳимтарин қоидаҳои ахлоқи расонаӣ аст, ки дар он бояд муфассал таваҷҷуҳ кунем.

Чаро иҷтинобпазирӣ аз забони адоват муҳим аст?

Забони адоват – истифодаи истилоҳоте мебошад, ки одамонро аз рӯи хусусиятҳои шахсии онҳо табъиз мекунад. Бештари вақт дар робита ба баъзе гурӯҳҳои аҳолӣ истифода мешавад: аз рӯи ҷинс, аз рӯи фарқиятҳои иҷтимоӣ, ҷисмонӣ, миллӣ, забонӣ. Мутаассифона, забони адоват аксар вақт забонест, ки мо ба он одат кардаем, ки дар хона, кӯча ва кор истифода мешаванд. Мо ба он чунон одат кардаем, ки дигар мутаваҷҷеҳи он нашудем. Ду қоидае, ки ба шумо барои аз байн бурдани забони адоват дар муҳтавои худ кумак мекунанд:

Қоидаи 1. Аввал одам, баъд хусусияти вай. Масалан, калимаи «маъюб» дар бораи хислатҳои шахс сухан мегӯяд. Ибораи «шахси дорои маҳдудият» низ варианти хуб нест, зеро ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад: шахс ҳаст ва маъюбят дорад. Ибораи дуруст – шахси дорои маъюбият аст.

Қоидаи 2. Агар калима ё иборае, ки шумо истифода бурдед, метавонад каси дигарро ранҷонад, ин забони адоват аст. Агар шумо ягон бор калимаеро дар заминаи таҳқиромез шунида бошед, шумо набояд онро истифода баред. Масалан, шахс метавонад аз саволи «Оё ту кару гунг ҳастӣ? » ранҷад, ки аксар вақт ин савол дар ҳолатҳое садо медиҳад, ки ҳамсуҳбат чизеро намешунавад. Дар баробари ин, озор додани як одам бо саволи «Оё шумо шахсе бо ихтилоли шунавоӣ ҳастед?» бисёр душвор аст. Калимаҳо ва ибораҳоеро гузоред, ки дар истифодаи он шубҳа доред ва эҳсос мекунед, ки оё бо ин калима касеро ранҷонидан мумкин аст ё не. Зимнан, дар ин ҷо луғати муфиди расонаи «Такие дела» – «Мы так не говорим».

Одамон ба журналистика барои он мераванд, ки мехоҳанд чизеро дар атрофи худ тағйир диҳанд. Чӣ гуна мо дар бораи чизе нақл мекунем, ҳамон гуна ба он муносибат мекунем. Агар мо хоҳем, ки ҷомеа гуногунранг, дастрас бошад, пеш аз ҳама бояд муносибати шахсии худро дигар кунем. Ҳадди ақал бо муроҷиати боэҳтиромона ба одамони гуногун.

Ҷаласаи Лилия Гайсина дар доираи лагери панҷрӯзаи ҷавонони IdeaCamp2023 баргузор гардид. Ин лагер дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) доир шуд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Internews амалӣ мегардад.

https://newreporter.org/tj/2023/05/11/axloq-dar-blognavisjj-panj-qoidai-r%d3%afznomanigoroni-kasbjj-ki-baroi-blognavison-mufid-xohad-bud/


Тақвим

<< < Май 2023 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        
 
Пайвандҳои лозима