Мунавваров : “Гендери воқеӣ дар оилаи мо аст”
     TJ RU EN
01:25 / 2025-01-19

Мунавваров : “Гендери воқеӣ дар оилаи мо аст”

Гендерное равенствоТибқи маълумоти оморӣ дар кишвар беш аз 15 ҳазор нобино ва қувваи босираашон суст зиндагӣ мекунанд.

Дар сӯҳбат бисёре аз нобиноён нигаронӣ карданд, ки қолабҳои шахшудае ба монанди “нобиноро кор кунияшу сагро алафхурияш”, “кур чия ошиқӣ чи”, “нобино дар оила агшути шашум” ва дигар намуди таъиз вуҷуд дорад.

Ин қишри ҷомеа низ мехоҳанд мисли одамони аз лиҳози ҷисмонӣ солим соҳиби оила, фарзанд, ҷойи кор ва обуву эътибор бошанд.

Яке аз чунин оилаҳо оилаи Мунавваровҳо мебошад. Онҳо дар дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд.

Зану шавҳари нобино дар “Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” кор мекунанд ва худро аз одамони солим кам намедонанд. Фишурдаи шиносоӣ ва оиладошавии Мирзоанвар

Мунавваров ва ҳамсарашро қисса мекунем, ки чунин аст:

Якдигар ва зиндагиро бо чашми дил мебинем

Мирзоанвар Мунавваров ва Лутфинисо Мунавварова зану шавҳари нобиное, ки дар маркази нобиноёни шаҳри Хуҷанд кор мекунанд. Ҳарду модарзодӣ нобино ҳастанд ва бо чашми дил ба якдигар, зиндагӣ ва кор менигаранд.

Агар ягон журналист ба корхонаи онҳо равад ҳатто аз шодӣ ашк рехта мегӯянд: Раҳмат, ки моро ҳурмат карда омадед. Аксаран имрӯз маъюбону нобиноёнро “писанд намекунанд ё қатори одам намешуморанд”. Яъне нобиноёнро рафтори мо биноён озурдахотир кардааст.

“Ман модарзодӣ нобино ҳастам. Мутаассифона на танҳо ман, балки бародарам ҳам нобино аст. Аз шаш фарзанд ду нафари мо модарзодӣ нобино ҳастем.

Дар оилаи ҳамсарам ҳам шаш фарзанд ҳастанд, ки аз оилаи онҳо низ ду нафар нобино ҳастанд”-ба нақл оғоз кард Мирзоанвар.

Ман, ки маъюби гурӯҳи якум ҳастам, модар, падар ва 5 фарзанди падарро аз садо ва бӯяшон мешинохтаму халос. Аз ин рӯ интихоби ҳамсар бароям имконнопазир буд. Ҳамсарамро 31 сол пеш волидонам интихоб карда буданд.

Ман хуб медонистам, ки ҳеҷ гоҳ падар-модар бадбахтии фарзандро намехоҳад ва ҳамсари нолоиқро интихоб намекунад.

Шукр 31 сол пеш оиладор шудем ва ин муддат дар назарам мисли 31 рӯз зуд гузашт, чунки ҳарду дили шикаста дорем ва якдигарро хуб мефаҳмем, ҷанҷол, нофаҳмӣ, хушунат дар оилаи мо ҷой надорад-аз ҳамсари худ қаноатмандӣ кард вай.

Мирзоанвар мегӯяд набинад ҳам зиёд мешунавад барои одитарин чиз ҷанҷолу нофаҳмиҳо ва риоя нашудани гендер дар оиларо, хушбахтона дар оилаи ӯ аз ҳар ҷиҳат гендер риоя мешавад.

Ба ҳамсарам раҳмам меомад, ки то саҳар сари гавҳора менишинад

Мирзоанвар гуфт: Меваи умри мо як духтари комилан солим аст. Нобино бошем ҳам бо ламс кардан зебогии фарзандамонро эҳсос мекардем, аз лаҳни ширини кӯдакии ӯ курта- курта гушт мегирифтем.

“Ҷойи пӯшида нест, ки баъзеи оилаҳои солим ва доро ба қадри неъмати бебаҳо-фарзанд намерасанд ва бо сабабҳои ночиз ҷудо мешаванд. Давоми беш аз 30 сол азоби иқтисодӣ ҳам кашидем, бемориҳову сарсониҳоро ҳам якҷо паси сар кардем, хушбахтона боре аз якдигар шикоят накардаем”-афзуд вай.

Қаҳрамони мо мегӯяд ҳамсараш маъюби гурӯҳи 2-уюм аз чашм аст. Замони кӯдакии фарзандаш то саҳар сари гавҳораи тифл бедор менишаст.

Мирзоанвар бедориҳои ҳамсарашро бо чашми дил дида, раҳмаш меомад ва мегуфт: Фарзандро калон кардан вазифаи якҷояи зану шавҳар, барои ҳамин ту як дам хоб рав, акнун ман кӯдакро алла мегуям. Қаҳрамони мо мегӯяд дили мард ба занаш месӯхт, ки бедор аст, зан ба шавҳараш дилсӯзӣ мекард, ки баробари ӯ нороҳат аст.

Аз рӯйи нақли падар то дами ба камол расидану ба шавҳар додани духтараш ҳисси тарс аз саломатии духатраш дар дилаш буд ва мегуфт, ки мабодо ягона фарзандашон мисли волидонаш нобино набошад.

“Азбаски худам модарзодӣ нобино ҳастам аз тарси ояндаи духтарчаам садбораҳо ба духтури чашм бурда будам, ки мободо иллате дар чашмашонаш набошад (бо гиря нақлашро идома дода).

Соли 2019 духтарамро оиладор кардем ва шукр имрӯз соҳиби 3 набера ҳастам”-афзуд қаҳрамони мо.

Бештар аз 1100 сомонӣ нафақаи маъюӣ мегирем

Ба гуфтаи Мунавваров ягона манбаи пешбурди рӯзгораш нафақаи маюъбии зану шавҳар будааст.

Мирзоанвар, ки маъюби гуруҳи якум аз чашм аст нафақаи маъюбияш 780 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамсари ӯ Лутфинисо Мунавварова низ модарзодӣ маъюби гурӯҳи дуюм аз биноӣ аст ва нафақаи 378 сомониро ташкил медиҳад. Зану шавҳари нобино бештар аз 1100 сомонӣ нафақа мегиранд.

Ин зану зану шавҳар 30 сол боз дар сехи васлгарии Ҷамияти нобиноёни шаҳри Хуҷанд кор мекунанд.

Лутфинисо Мунавварова мегӯяд баъзеҳо кор бо асбобҳои васлгариро кори мардонаю занона гуфта ҷудо мекунанд, аммо вақте шавқ ва хоҳиш бошад касбу ҳунар “мардонаю занонагӣ” надорад.

“Дар як ҳафта 3 рӯзи корӣ доранду 4 рӯзи истироҳатӣ. Ҳаҷми маошашон аз рӯи кори кардааш ҳисобӣ мешавад. Маоши ҳарду гоҳо 500 сомонӣ гоҳо зиёдтар аз он мешавад. Шавҳарам Мирзоанвар бо вуҷуди нобиноӣ ҳунари карнайнавозӣ доран, ки дар туйҳое, ки дӯстонашон ҳамроҳ мебаранд 50-100 сомонӣ кор карда меоян. Хулоса мо зану шавҳар кӯшиш мекунем бо меҳнати ҳалол нон ёфта хӯрем ва аз талбандагию дигар амалҳои паст худдорӣ кунем”-афзуд Лутфинисо.

Зану шавҳари нобино ҳамроҳи 16 тан аз ҳамтақдирони худ дар сехи васлгарӣ кор мекунанд. Онҳо ба истилоҳ (подрозетник) истеҳсол мекунанд.

Қаҳрамони мо гуфт: Ману ҳамсарам ҳам вақте ба сехи васлгарӣ омадем бо дрил (асбоби барқӣ) борҳо дастони ангуштони худро захмӣ ва хуншор карда будем. Бо гузашти 30 сол ҳоло мисли одамони бино истифода мебарем.

Мирзоанвар мегӯяд аз ҷиҳати иқтисодӣ, ҷисмонӣ, руҳию равонӣ ва меҳру муҳаббат баробарие, ки уву ҳамсараш доранд метавон ба “себи дукафон” шабоҳат дод. Мунавваров гуфт: Баробарии гендерӣ дар оилаи мо ҳукумфармост, мо зану шавҳар бе ягон сохтакорӣ намунаи олии ҳомиёни гендерием.

Муаллиф: Фарзона Муродӣ


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима