ICFJ барои рӯзноманигорони тиббӣ идрорпулӣ (стипендия) пешниҳод мекунад.
     TJ RU EN
10:50 / 2024-02-28

Назарсанҷӣ

ICFJ барои рӯзноманигорони тиббӣ идрорпулӣ (стипендия) пешниҳод мекунад.

ICFJРӯзноманигорони ботаҷрибае, ки ба гузориш дар бораи масъалаҳои марбут ба инноватсия ва тандурустӣ таваҷҷӯҳ доранд, ба озмун даъват карда мешаванд.

Маркази Байналмилалии Рӯзноманигорон (ICFJ) бо дарстгирии молии Бунёди Билл ва Мелинда Гейтс, барномаи идрорпулиро барои гузоришҳо дар бораи мавзӯъҳои марбут ба инноватсия дар соҳаи тандурустӣ пешниҳод мекунад. Иштирокчиёни барнома барои такмил додани малакаҳои худ дар гузоришдиҳӣ дар бораи дастовардҳои навтарин дар соҳаи тандурустӣ ва тиб талош хоҳанд кард.

Онҳо имконият пайдо менамоянд, ки идрорпулӣ гиранд, дар барномаҳои омӯзишӣ иштирок намоянд, бо дастгирии инфиродӣ устодон фаро гирифта шаванд, инчунин дар сафарҳои хориҷӣ ширкат варзанд, то ки бевосита бо фаолияти бахшҳои тандурустӣ, илм ва технология аз наздк шинос шаванд.

Дархостҳо аз рӯзноманигороне қабул карда мешаванд, ки маводҳояшон дар ВОА-и тиббии ҷаҳонӣ нашр шуда бошад.

Дархостҳо то 15 декабр қабул карда мешавад.

Маълумоти муфассал (бо забони англисӣ)

https://ijnet.org/ru/opportunity/icfj-%D0%BF%D1%80%D0%B5%D0%B4%D0%BB%D0%B0%D0%B3%D0%B0%D0%B5%D1%82-%D1%81%D1%82%D0%B8%D0%BF%D0%B5%D0%BD%D0%B4%D0%B8%D1%8E-%D0%B4%D0%BB%D1%8F-%D0%BC%D0%B5%D0%B4%D0%B8%D1%86%D0%B8%D0%BD%D1%81%D0%BA%D0%B8%D1%85-%D0%B6%D1%83%D1%80%D0%BD%D0%B0%D0%BB%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%B2-%D0%B2%D0%B5%D1%81%D1%8C-%D0%BC%D0%B8%D1%80


Шарикони мо

ТАҚВИМ

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима