30 январ дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотӣ соати 08:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 10:00 ва дар Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 11:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 14:00 дар Вазорати кишоварзӣ доир мегардад.
Дар Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ соати 15:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соати 08:00 ва дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соати 10:00 доир мегардад.