14 ҳамла ба журналистони тоҷик. Чаро ҳамлагарон беҷазо мондаанд?
     TJ RU EN
01:11 / 2024-12-03

14 ҳамла ба журналистони тоҷик. Чаро ҳамлагарон беҷазо мондаанд?

20241104 RO2-юми ноябр Рӯзи байнулмилалии мубориза бо беҷазоӣ барои ҷиноят нисбати рӯзноманигорон аст. Дар Тоҷикистон, ки ҳукумат барои маҳдуд кардани озодии баён танқид мешавад, аксар қазияҳои ҳамла ба хабарнигорон беҷазо мондаанд.

Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки давоми 20 соли ахир дастикам 14 рӯзноманигори тоҷик латукӯб шуданд. Аммо ба ҷуз як ҳолат, ки ҳамлаваронро ҷарима кардаанд, дигар ҳодисаҳо нокушода боқӣ монда гунаҳкорон беҷазо мондаанд.

Ин чӣ ҳодисаҳо буд?

Баъд аз соли 2004 ҳамлаҳои зерин ба хабарнигорон дар Тоҷикистон расонаӣ шуданд:

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо
-Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик ва он вақт сардабири нашрияи «Рӯзи нав» соли 2004 як маротиба дар Хуҷанд ва бори дуввум дар Душанбе латукӯб шуд. Дар ҳарду ҳодиса ҳамлаварон маълум нашуданд.

-Соли 2007 Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, муҳаррири онвақтаи нашрияи “Тоҷикистон”-ро дар Душанбе кӯфтанд, аммо гунаҳкорон пайдо нашуданд.

Ҳикматулло Сайфуллозода
Ҳикматулло Сайфуллозода
-Соли 2011 Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи "Наҷот" ва узви Ҳизби наҳзати исломӣ (аз соли 2015 мамнуъ дар Тоҷикистон) дар Душанбе латукӯб шуд. Ӯро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона оварданд. Касе ҷазо нагирифт. Худи Сайфуллозода дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 дастгир ва баъдан ба шонздаҳ соли зиндон маҳкум шуд. Худаш иттиҳомро рад кардааст.

Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло
-Соли 2011 ҳамчунин Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣ ва сардабири ҳафтаномаи “Фараж”-ро дар Душанбе заданд. Бо вуҷуди муроҷиати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, гунаҳкорон пайдо нашуданд.

Далер Шарифов
Далер Шарифов
-Далер Шарифов, хабарнигори онвақтаи телевизиони давлатии “Сафина” соли 2012 дар Душанбе латукӯб шуд. Омилон пайдо нашуданд. Далер Шарифов соли 2020 бо гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ як сол зиндонӣ шуд. Худаш ҳеч гоҳ иттиҳомро қабул накардааст.

Абдураҳим Умариён
Абдураҳим Умариён
-Абдураҳими Умариён соли 2013 замоне, ки сухангӯи Хадамоти гумрук буд, дар Душанбе латукӯб шуд. Гунаҳкорон пайдо нашуданд.

Доро Сӯҳробӣ
Доро Сӯҳробӣ
-Соли 2016 Доро Сӯҳробӣ, хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” дар вақти таҳияи гузориш дар маҳаллаи “Гипрозем”-и Душанбе латукӯб шуд. Хабарнигор он вақт гуфта буд, ки кормандони милиса ӯро заданд. Аммо касеро барои задани хабарнигор ҷазо надоданд.

Абдулло Ғурбатӣ
Абдулло Ғурбатӣ
-Хабарнигор Абдулло Ғурбатиро моҳи майи соли 2020 ду маротиба заданд. Бори аввал шоми 11-уми май дар назди манзили иҷорааш дар Душанбе ва бори дуюм 29-уми май - замоне, ки ӯ мехост аз вазъи зарардидагони сел дар ноҳияи Хуросон гузориш таҳия кунад. Ҳодисаи аввал мисли аксар қазияҳои латукӯби хабарнигорон нокушода монд. Дар қазияи дуввум, додгоҳ се сокини ноҳияи Хуросонро барои латукӯби Абдуллоҳ Ғурбатӣ 580 сомонӣ ҷарима кард. Он ҳам пас аз он ки гуруҳе аз рӯзноманигорони тоҷик ба ноҳияи Хуросон рафтанд. Худи Абдулло Ғурбатӣ соли 2022 боздошт ва бо иттиҳомҳои таҳқири кормандони мақомот ва узвият дар созмонҳои мамнуъ 7,5 сол зиндон шуд. Худаш ва наздиконаш айбномаро рад карданд.

Муллораҷаб Юсуфӣ
Муллораҷаб Юсуфӣ
-Рӯзи 4-уми марти соли 2021 ду хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ ва Шаҳлои Абдуллоҳ, вақте дар бораи нархи сӯзишворӣ гузориш таҳия мекарданд, аз сӯи як корманди нуқтаи “Соро Ойл” дар Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Бо вуҷуди аниқ шудани ҳамлавар, ӯро ҷазо надоданд.

Шаҳлои Абдулло
Шаҳлои Абдулло
Як сол баъд, моҳи майи соли 2022 баъди суҳбат бо Улфатхонум Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее время” - Муллораҷаб Юсуфӣ, Барот Юсуфӣ, Анушервон Орипов ва Насим Исамов мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, телефон ва дастгоҳҳои сабти онҳо рабуда шуд.

Анушервон Орифов
Анушервон Орифов
Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард, аммо мақомот гуфтанд, ҳамлаваронро наёфтанд. Дастгоҳҳои хабарнигорон ҳам баргардонда нашуд.

Далери Имомалӣ
Далери Имомалӣ
-4 июни соли 2022 хабарнигор Далери Имомалӣ гуфт, баъди сабти барнома дар қабулгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе латукӯб ва таҳдидаш карданд. Октябри он сол бо иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ, дидаву дониста расондани хабари бардуруғ ва узвият дар созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Худаш гуфтааст, иттиҳомоти комилан беасос ва дурӯғ мебошад.

Чаро ба журналистон ҳамла мекунанд?

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик соли 2020 дар матлабе ба Радиои Озодӣ навишта буд, бо латукӯби хабарнигорон, доираҳое мехоҳанд «ҷомеаро аз масъалаҳои муҳим дур баранд” ва “дар зеҳнияти мардум тарсзоӣ мекунанд.”

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири собиқ ва Рамазон Раҳимзода, вазири феълии корҳои дохилӣ борҳо гуфтаанд, таҳқиқи қазияи латукӯби хабарнигорон зери назорати онҳо аст. Аммо бо ин вуҷуд гунаҳкорони ин ҳодисаҳо пайдо намешуданд.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, ҳимояи хабарнигорон дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз мушкилтар мешавад.

Қаршибоев 31-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “барои онки зуҳуроти беҷазо мондани масъулин барои нақзи ҳуқуқи журналистон ва блогерон решакан шавад, пеш аз ҳама худи рӯзноманигорон бояд баҳонае барои мақомот надиҳанд, ки боиси муҷозоти онҳо шавад.”

Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои монеъ шудан ба фаъолияти касбии журналист то 57 ҳазор сомонӣ ($5423) ҷарима ё то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Аммо давоми 20 соли ахир ягон ҳолати муҷозоти касе бо ин иттиҳом расонаӣ нашудааст.

Гузашта аз ин, мақомоти Тоҷикистон аз моҳи майи 2022 то нимаи аввали 2023 ҳашт хабарнигору блогерро дастгир ва мӯҳлатҳои аз 7 то 21 соли зиндон маҳкум карданд. Моҳи августи имсол Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили “Пайк” дар минтақаи Кӯлоб боздошт шуд ва таҳқиқи парвандааш идома дорад. Бо вуҷуди талабҳои батакрори созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, дар қазияи хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи зиндонӣ тағйире дида нашудааст.

Акс: аз бойгонӣ

https://www.ozodi.org/a/33184786.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима