ЗИНДАГИНОМАИ МАРДОНИ ХИРАДОИН
     TJ RU EN
04:29 / 2024-11-25

Назарсанҷӣ

ЗИНДАГИНОМАИ МАРДОНИ ХИРАДОИН

Khurshed NiyozovДар адабиёти муосири тоҷик, хоса насри он эҷодкороне бо неруи қаламу истеъдоди волои худ ба тасвири зиндагии пуршебу фароз ва фаъолияту корномаҳои қаҳрамонони созандаи замон мепардозанд, ки ба сифати рӯзноманигору публитсист бо иншои мақолаю матолиби пурмуҳтаво, ки гуногунпаҳлуву ҷолиб ва омӯзанда маҳсуб меёбанд, маъруф гардидаанд. Нависандагоне, ки дар самти таълифи осори мустанади бадеӣ саъйю талош намуда, ҳаёти пурҷӯшу хурӯш ва заҳмату амалҳои фидокоронаи мардони арсаи корро ба риштаи тасвир кашида, дар ин масир муваффақ шудаанд, дар адабиёти кунунии тоҷик зиёданд. Устодон Бахтиёри Муртазо, Шералӣ Мӯсо, Раҷаб Мардон, Ато Ҳамдам, шодравон Нур Табаров ва чанди дигар аз ҳамин роҳ гом ниҳода, асарҳои шоистаю дархӯри замон офаридаанд. Дар ин радиф, метавон аз нависанда ва рӯзноманигори соҳиблаёқату сермаҳсул Хуршеди Атовулло ва асарҳои хондании ӯ ном бурд. Хуршеди Атовулло ҳанӯз аз шонздаҳсолагӣ ба эҷоди лавҳаю тарона ва баъдан ҳикоя машғул шуда, тадриҷан бо таҷрибаи зиндагӣ андӯхтану омӯзишу мутолиаи бардавом ба таълифи қиссаҳои мукаммал, ки дорои аҳдофу ғояи гуманистӣ ва меҳанпарварона мебошанд, ҷиддан камар баст, ки гувоҳи ин китобҳои ба нашр расондаи ӯ –«Зиндони зиндагӣ», «Шабчароғи ёд», «Пайванди пайкараҳо», «Марги журналист», «Хунро бо хун мешӯянд», «Тумори андӯҳ», «Санге ба гӯри Лайлӣ» ва «Гули ишқ ва зодаи ашк» мебошанд. Мавсуф дар оғози фаъолияти адабӣ бештар ҳикоя менавишт. Вале баъдтар рӯ ба эҷоди қиссаҳои детективӣ овард. Дар асарҳои детективии Х.Атовулло қаҳрамони асосӣ, ки алорағми ноадолатию фасодкориҳо муборизаи беамон мебарад, Ҷамшеди Ҳабиб мебошад, ки журналист асту сюжаи асарҳои ӯ бештар ба фаъолияти рӯзноманигорияш бастагӣ доранд ва воқеияти аслии зиндагии насли замони ҷанги дохилиро бозгӯӣ мекунанд. Дар қиссаҳои силсилавии мантиқан бо ҳам алоқаманди нависанда («Марги журналист», «Хунро бо хун мешӯянд» ва ғ.) ба ҷуз аз Ҷамшеду ҳампешагонаш, ҳамчунин, образи муфаттишони таҷрибаманду доно, амсоли Шоҳин Азизов, Амонов офарида шудаанд, ки бо кордонию ҷуръати хеш баҳри волоияти қонун, таҳкими он, барқарории адолату ҳақиқат ва фош намудану ба маҳкама кашидани фасодкорону амалдорони риёкор мубориза мебаранд, ки аз чеҳраҳои хотирмон ва мусбат мебошанд. Хуршеди Атовулло ҳамчун адиби нозукхаёлу пурхонда аз беҳтарину тозатарин осори нависандагони номвари ҷаҳонӣ огаҳӣ ва бардошти пурсамар дорад. Дар қиссаҳояш ишқу муҳаббати пок, ки аз чашмаи назофату назокат ва порсоиву парҳезгорӣ об мехӯрад бо маҳорату ҳунари нигорандагии хоса тасвир ёфтаанд. Дар ин боб, образҳои Ситораю Дилноза ҷойгоҳи муҳим дошта, дар қиссаҳои нависанда онҳо таҷассуми муҳаббати воқеӣ мебошанд. Азбаски қиссаҳои детективии Х.Атовулло бо ҳам аз ҷиҳати муҳтавою ғоя иртиботи ногусастанӣ доранд, аксаран аз тасвири ҳодиса, ба монанди куштори пурмуаммою фоҷиаборе, муроҷиати ҷабрдидае ба мақомоти тафтишотӣ оғоз мешаванд. Қаҳрамони қиссаҳои адиб Ҷамшеди Ҳабиб бо пуштибонӣ ва дастгирии полковник Шоҳин Азизов ва муфаттиш Амонов калобаи чигили ин воқеаву рухдодҳоро мекушояд ва раванди вусъати низоъу бархӯрдҳоро бо забони фасеҳу хушобуранг ва равону фаҳмо тасвир мекунад. Дар қиссаҳои нависанда ғояи мубориз будану баҳри имрӯзу фардои ватан фидокорӣ кардан дар мисоли қаҳрамонҳое, ки болотар ном бурдем, равшану бармалост. Бо вуҷуди ин, дар қиссаҳои мазкур ва дигар навиштаҳои нависанда дар тасвири лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти қаҳрамонон, хусусан, монологҳои ботинӣ як навъ эҳсоси руҳафтодагию, навмедӣ, баъд аз фарҷоми ҳар як қисса ба мушоҳида мерасад. Аз фишори афроди алоҳида қаҳрамонони асар гоҳо роҳи раҳоию бурунрафт аз вазъиятро наёфта, ба назар нозуку пессимист ҷилва мекунанд. Тавре ишора кардем, Хуршеди Атовулло ҳамчун публитсист низ бо оростани мусоҳибаю иншои очеркҳои ҷолиб маъруфият дорад, ки китоби тозаи ӯ-«Гули ишқ ва зодаи ашк» ба ин мисол шуда метавонад. Китоб 19 мусоҳибаи дар солҳои гуногун анҷомдодаи муаллифро дарбар гирифта, дар бозтобу инъикоси зиндагию фаъолияти абармардони соҳаи адабиёту фарҳанг ва дар маҷмуъ, зиёиёни соҳибназару талошманд, ки ба монеаҳову ҷабри замону давр нанигариста, бо осори ибратомӯзи маърифатпарваронаашон аз худ номи неку мондагор гузоштаанд, нақшу саҳми муассир мегузорад. Ба сифати мусоҳибон Х.Атовулло мардони саҳнаи адабиёту фарҳанг, амсоли ҳунарманди нодиру нотакрори театр, шодравон Фаррухи Қосим, журналист Муҳиддин Олимпур, нависандаи рангинхаёлу соҳибсабк Муҳаммадзамони Солеҳ, публитсисти шинохта Мазҳабшо Муҳаббатшоев, донишманд Иброҳим Усмонов, адиби сермаҳсул Шераки Ориён, нависанда ва публитсист Ато Ҳамдам ва чанд тан аз сиёсатмадорону санъаткорро баргузидааст, ки аз нигоҳи жарфу ҷаҳонбинии фароху омӯзиши бавусъати ӯ шаҳодат медиҳад. Як хусусияти вижаю назарраси мусоҳибаҳои Хуршеди Атовулло дар он зоҳир мешавад, ки вай ҳамчун публитсистӣ соҳибистеъдод ҳаргиз ба сухану пурсишҳои якрангу қолабӣ ва хушку дилгиркунанда роҳ намедиҳад. Суолу пурсишҳояш серпаҳлӯ баҳри ошкор намудану ба хонанда расондани сирру асрор ва розу рамзи паҳлуҳои эҷодиёти ину он адибу ҳунарманд, публитсист ва ё як инсони муқаррарӣ бо пешаи муқаррарияш, вай то метавонад дунёи ботинии қаҳрамонҳояшро зеру рӯ мекунад, лаҳзаҳоеро аз зиндагии мураккаб, вале дар айни ҳол пурифтихори онон рӯйи сафҳа меорад, ки ҷаззобу муассиранд. Ҳар як мусоҳибаи Х.Атовулло бо пешгуфтор (тавзеҳот) ё руҷуи лирикие оғоз мешавад, ки фаъолияту корномаи мусоҳиби ӯро муаррифӣ менамояд, аммо ҳаргиз на ба гунаи дилбазани маълумоти шарҳиҳолӣ. Дигар хусусияти услубии мусоҳибаҳои публитсист аз он иборат аст, ки вай дар муқаддимаи ин мусоҳибаҳо иқтибосҳоеро аз шоирону нависандагони адабиёти классикии форсу тоҷик, мутафаккирону файласуфони ҷаҳон меорад, ки ҷанбаи андарзомез доранд ва бо ҳадафу ғояи навиштааш тавъам мебошанд. Таври мисол, дар мусоҳибаи аввали китоб- «Ман дард мекашам, пас ман ҳастам…» (Ё розномае аз рӯзгору пайкори Фаррухи Қосим) муаллиф дар ибтидо пораеро аз қиссаи нависанда, шодравон Муҳаммадзамони Солеҳ – «Ишқи актиёри пир» меораду сипас, ин байти Ҷалолиддини Балхиро оғозбахши мусоҳиба қарор медиҳад:

Аз мо рухи зарду ҷигари пора талаб,

Бозорчаи қасабфурӯшон дигар аст.

Дар мусоҳибаи зикршуда ҷузъиёту тарафҳои зуҳури ҳунари зотии Фаррух Қосимов дар бобҳои «Саҳна», «Аҳорун», «Ишқи актёри пир» ба таври мухтасару муҷаз рақамзанӣ ва маҳорату иқтидори интеллектуалии ҳунарманд бо фарогирии нуктаву андешаҳои воло ва арқому далоили воқеӣ ифода мегардад. Аз муҳтавои мусоҳиба хонанда огаҳӣ ҳосил мекунад, ки қиблагоҳи вай аввалин ҳунарманди мардумии ИҶШС дар Осиё Миёна Муҳаммадҷон Қосимов ба писараш Фаррух панд медиҳад, ки аз пайи пешаи ӯ наравад. Аммо ба рағми таъкиди падар, Фаррух ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо дохил ва ба тадриҷ вориди саҳнаи театр мешавад. Муаллиф ин лаҳзаро чунин ба қалам додааст:

«Падар он лаҳза чизе нагуфт. Чанд моҳ пас, аз дидану имтиҳони кори мустақилонаи Фаррух ба ҳамсараш иқрор шуд:

-Ман хато карда будаам. Фаррух пайроҳаи хешро меёбад».

Ҳамин тавр, Фаррух Қосимов на танҳо дар офаридани образҳои қаҳрамонони асарҳои ватанию хориҷӣ дар саҳна нақши бузург мебозад, балки як силсила асарҳои драмавиро дар сатҳи баланди ҳунарӣ ҳамчун коргардон таҳия менамояд. Вале, ба таъйиди публитсист, нуқтаи баландтарини дастоварди ҳунарманди асил ҳамоно таъсиси театри «Аҳорун» дар соли 1990 ба шумор меравад. Ба андешаи Х.Атовулло, ҳамаи асарҳои драмавие, ки Фаррух Қосимов таҳия ва ба саҳна мегузошт, як навъ хусусияти ҳушдордиҳанда доштанд, ки бо ҷанбаи фалсафию ҳикматомези худ аз дигар намоишномаҳо фарқ мекарданд.

Аз ҷумла, намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…». комилан дорои ғояи дурандешонаи меҳанпарварӣ ҳисоб меёфт. Дар мусоҳиба омадааст:

«Фоҷиаи Исфандиёр» ҳушдоре буд: «Ба худ биёед!»

«Шайх Санъон» огоҳие буд: «Аз карда пушаймон хоҳед шуд!»

«Фоҷиаи Фаридун» фарёде буд: «Бо ҳам бисозед, охир аз як модар шир хӯрдаем!»

«Хари даҷҷол» заҳрханде буд: «Бубинед хешро дар саҳна!»

Дар мусоҳибаи «Гули ишқ ва зодаи ашк» перомуни зиндагӣ ва фаъолияти нотамоми аккоси ҳирфаӣ, шодравон Муҳиддин Олимпур, бо истифода аз руҷуъҳою абёт ва андешаҳои пандомӯз, ки сар то сари навиштаро фаро гирифтаанд, сухан меравад. Оҳангу бардошти мусоҳиба чун бахши аъзами навиштаҳои Хуршеди Атовулло тобиши навмедзою руҳафтодагӣ дорад ва ин бе ваҷҳ ҳам нест. Зеро, тавре маълум аст, Муҳиддин Олимпур бе ҳеҷ гуноҳ ва ё сабабе аз дасти қотилони бадгавҳар ба қатл расонда шуд ва орзую таманноҳояш дар нимароҳ монд. Онгуна ки аз мусоҳиба бармеояд, хидмату нақши бузурги М.Олимпур дар муаррифию шинохоти чеҳраҳои тобноки санъату адабиёт бесобиқа буда, ӯ тавонист намунаҳое аз эҷодиёти сарояндагони барҷаста, чун Аҳмад Зоҳиру Гугуш, Саттор ва шоирони нобиға Фурӯғи Фаррухзоду Аҳмади Шомлу, Нодири Нодирпуру Маҳдӣ Ахавони Солисро пешниҳоди хонандаю тамошобини тоҷик гардонад. Дар дафтари шашуми ин мусоҳиба андешаҳои Хуршеди Атовулло нафоси эътирозу салои даъват ба бедорию ҳушёрӣ пайдо мекунад, ки ба таҳқиқ моҳияту хулосаи як асарро дорост:

«Бовар намекардам, ки Разолат ба Адолат, Ҷаҳолат бар Хирад, Фисқ бар Покӣ, Зиштӣ бар Зебоӣ ғолиб омадааст. Бовар намекардам зеро то они лаҳзае таронаву шеър дар даре суруди «Алла» мехонад, ин рӯбаҳакони панҷакӯтоҳи сияҳимонро дуои модар мекушад, аллаи модар мекушад, наҷвои пешазмаргии Олимпур мекушад»…

Мусоҳибаи дигари Хуршеди Атовулло «Ӯ дар ин шаҳр як марди танҳое буд…» ном дошта, ба тасвиру тафсилоти ҳаёти мураккабу мушкили нависандаи мумтоз, шодравон Муҳаммадзамони Солеҳ бахшида шудааст. Руҷуҳои лирикии муаллиф дар ин мусоҳиба бо хобҳо оғоз мешавад: хоби аввал, хоби дуввум… Азбаски тамоми сужаю муҳтавои осори нависандаро фалсафаи рисолати Инсон дар чорсӯи зиндагӣ ва моҳияти ҳастиву бақои вай ҳамчун офаридаи ашрафи мавҷудот ташкил медиҳад, бад-ин сабаб, мусоҳиб ба жарфои афкори баланди адиб пай бурдаву решаҳои зуҳури худшиносӣ, шинохти арзишҳои миллӣ, рӯ овардани М.Солеҳ ба ривояту асотири гузаштаи ориёиҳо, ҷустуҷӯю кашфи асрори муаммои ҳастии Инсон, муборизаи азалию адабии нерҳои хайру шарр ва ниҳоят, ифтихор аз таърихи гузаштаро дарёфтан мехоҳад. Ба яке аз суолҳои Х.Атовулло нависанда, аз ҷумла, чунин посухи ҷолиб ва омӯзанда медиҳад:

«Тамоми қаҳрамонони достони ман дар масири зиндагии худ барои шинохти худ, ки онҳо кистанд?», равонковӣ мекунанд. Дигар ин ки, адабиёт нусхабардории айнани ҳаёт нест. Адабиёт раҳнамоӣ ба сӯи ниёзҳост. Адабиёт гуфтани ҳақиқат нест, балки нишон додани ниёзҳои ҷомеаи инсонӣ аст.» Афкор ва нуқтаи назари фардии шодравон Муҳаммадзамони Солеҳ дар посух ба чанд суоли Хуршеди Атовулло баёнгари он аст, ки вай фарҳангу тамаддуни тоҷикро бузургтарину куҳантарин дар рӯйи олам ҳисобида, аз он тафохур дорад, ки бавуҷудоварандаи нахустин алифбо, хати авестоӣ тоҷикон мебошанд. Дар ҳоле ки дигар халқиятҳо ба таври қавмию қабилагӣ ҳамчун бадавӣ умр ба сар мебурданд, тоҷикон дорои давлат, шаҳр ва дину мазҳаби тавҳидӣ буданд. Пурсишҳои Х.Атовулло фарогиру пурмуҳтавоянд ва дар бозтобу таҷассуми сабку шеваи эҷодии нависандаи тозагуфтору ҳаким ва тавонманде чун Муҳаммадзамони Солеҳ, ҳамзамон, фалсафаю ғояи консептуалии асарҳои адиб, ба мисли «Ишқи актиёри пир», «Сояҳои шикаста», «Симфонияи марг», «Сафари ҳаштуми Синдбод», «Оҳанги шаҳри ишқ» ва аз ин қабил нақши муассир доранд. Ҷолибияти паҳлуи назарраси саволҳои Хуршеди Атовулло дар он аст, ки ин суолҳо бо моҳияту ҷавҳари худ андешаҳои ӯро низ дар хусуси осори адиб инъикос менамоянд. Минҷумла, вай дар боби яке аз поягузорони насри модернистӣ ҳисоб ёфтани Муҳаммадзамони Солеҳ, парҳез аз тасвирҳои қолабиву зоҳирӣ, бештар рӯ овардан ба дунёи ботинии инсонҳо аз ҷониби адиб пурсишҳо анҷом медиҳад ва ҳароина, посухҳои дақиқу амиқ мегирад. Воқеан, Муҳаммадзамони Солеҳ аз нависандагони навгарою пешгоме ба шумор мерафт, ки дар айни авҷи камолоти эҷодӣ ва нумую рушди истеъдод ҷаҳонро падруд гуфт ва посух ба суоли Х.Атовулло, ки:

-Як ҷумлае, ки бо он тамоми эҷодиёти худро ҷамъбаст мекунед? Чунин аст:

-Ман дард мекашам, пас, ман ҳастам, ба пуррагӣ моҳияту мағзи эҷодиёти шодравонро ифода мекунад.

«Сухани журналист созанда бояд бошад, на сӯзанда»-чунин унвонгузорӣ намудааст мусоҳибаи дигари худро Хуршеди Атовулло, ки ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ва муҳарририи публитсист ва нависандаи шинохта, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам бахшида шудааст. Руҷуъҳои лирикии муаллиф дар ин мусоҳиба ба шакли «Достони аввал», «Достони дуввум», «Достони саввум»… оғоз ёфта, ин пора ба таври зайл- «Ато мегурезад». «Аз Тоҷикистони Советӣ нагузаред», «Шикояте, ки панҷоҳ саҳифа буд», «Бомба»-и Мирбобо» ва ғайра номгузорӣ шудаанд, ки ҳар яке аз ин лавхаҳо бо баёну нақли ҳодисаю рухдоде, ки дар нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), пайкори кормандони он, низоъҳою бархӯрдҳои ғайримунтазира ва нотавонбинии афроди ҷудогона ва фишору зургӯйии мақомоти болоӣ (Кумитаи ҳизби Коммунистии ҷумҳурӣ) ба амал меоянд, сабақомӯз буда, аҳамияти бузург дар ҷустуҷӯи адолату ҳақиқат ва такомулу таҳаввули маҳорату қобилияти ҳирфаии рӯзноманигорон дорад. Дар ҳашт достони кӯтоҳу мухтасар публитсист бо тасвиру бозгӯйи амалҳои дурандешонаи Ато Ҳамдам ба сифати раҳбари як нашрия, иродату ҷасоратмандӣ, донишмандию кӯшоӣ, ҳимояту пуштибонии ӯ аз кормандони нашрия, авфу бахшиши гурӯҳе аз аризабозони аз карда пушаймон, руҳи барозанда ва истеъдоди волои қаламкашию санъати сарварии ӯро ҳамчун публитсисти иқдомпеша, ки аз пайи таъсиси саҳифаҳою рубрикаҳои нав ва дар маҷмуъ, таҳаввулоту дигаргуниҳои бузурге, дар масири беҳтар гардидани сатҳу сифати рӯзнома, ҷустуҷӯҳои услубию бадеӣ ва ғайра азму талош меварзад, корномаи мондагори ӯро меофарад. Нуқтаи меҳварии мусоҳибаро иқдоме, ки он солҳо рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» бо сарварии публитсист Ато Ҳамдам пеш гирифта буд, яъне таъсиси саҳифаи «Мулоқоти ғоибона», ки дар он кормандони рӯзнома бори нахуст вазиронро ба суҳбат даъват мекарданд, дар бар мегирад. Маҳз чунин иқдому навоварӣ ва ҷустуҷӯҳои ҳирфаии кормандони нашрия ба он мусоидат намуд, ки теъдоди нашри он ба 200 ҳазор расад. Аз ин хотир, Ато Ҳамдамро ба Кумитаи Марказӣ даъват карда, ошкоро таъкид мекунанд, ки «шумо ҳақ надоред, аз рӯзномаи ҳизбии «Тоҷикистон Советӣ зиёд нашр кунед. Бача, аз ҳад нагузар!» Чунин низоми коргузорию фаъолияти қаҳрамони мусоҳиба ибратомӯз буда, аз хислатҳои неки инсонии вай, чун хоксорию фурӯтанӣ, гӯш ба садои ҳар як нафар корманд додан, фидокорию ҷаҳду талоши ӯ шаҳодат медиҳад:

«…Худи ман ҷавон будам, ҳамагӣ 28 сол доштам. Рӯзи аввали кориам ҳамаро ба дафтари корӣ даъват намуда, гуфтам: «ман аксарияти шуморо мешиносам. Бо шумо рафиқ ҳам ҳастам. Ва ба ҳукми тақдир имрӯз мо ҳамроҳ кор мекунем. Ман мехоҳам, ки мо ҳамдигарро бо як нигоҳ фаҳмем. Барои ман андешаи он ки «ман ин ҷо роҳбар ҳастам, бегона аст. Ман ҳам баробари шумо ҳастем. Барои он омадам, ки аз шумо омӯзам ва чизе аз ман ҳам бигиред. Барои ҳамин, дари сармуҳаррири рӯзнома ҳамеша ба рӯятон боз аст», -мегӯд А.Ҳамдам дар посух ба пурсиши мусоҳиб. Дар мусоҳибаи зикршуда обуранги бадеӣ ва монологу андешаҳои публитсист камтар ба назар расида, воқеият ҷойгоҳи асосиро ишғол мекунад. Дар радифи мусоҳибаҳое, ки дар фавқ таҳлилу баррасӣ намудем, ин мусоҳиба бо ҷанбаи воқеиятнигории худ, ки бастагии мустақим ба ҷасорату азм ва шукуҳмандии рӯҳи тавонои қаҳрамони он-публитсист ва нависандаи шинохта, устод Ато Ҳамдам дорад, мавқеи арзишмандеро доро мебошад. Дар умум, мусоҳибаҳои дигар, ки дар китоби «Гули ишқ ва зодаи ашк» ҷой дода шудаанд, монанди «Коломбо аз Тоҷикистон», «Усмонов», «Кӯҳи ғурур», «Истеъдод лутфи Худовандист», «Духтари дадош», «Тӯмори танҳоӣ» «Чароғе аз паси найзор», «Лонаи тақдир», «Аз дуои падар то орзуи модар», «Аз сӯхтан то сохтан» низ хонданию таассуротбахш буда, аз камолоти ҳунару қобилияти публитсистии рӯзноманигор ва нависанда Хуршеди Атовулло дарак медиҳанд. Андешаҳои пандомӯзи қаҳрамонони мусоҳибаҳо, тасвиру бозтоби фаъолияти созандаи онҳо дар ҳамбастагӣ бо руҷуъҳои лирикию хулосабарорию натиҷагириҳои публитсист ва ба таври равшану амиқ таҷассум намудани симои мусоҳибон аз муваффақияти Хуршеди Атовулло ба шумор мераванд. Ба публитсист ва нависанда зарур аст,ки ба ҷанбаи ғоявии осори насрӣ (қиссаҳои детективӣ) ва мусоҳибаҳои худ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд, зеро ҳадафи эҷодкор ва адабиёти бадеӣ тасвири қаҳрамонони фаъолу кӯшо ва созанда мебошад.

Шодӣ Раҷабзод, адиб

https://farazh.tj/sahifai-asosy/jomea/zindaginomai-mardoni-hiradoin/


Шарикони мо

Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима