Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар зиёда аз 70 вазорату идораҳо санҷишу мониторинг гузаронид
     TJ RU EN
11:27 / 2024-02-28

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар зиёда аз 70 вазорату идораҳо санҷишу мониторинг гузаронид

ваколатдорҶиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар вазорату идораҳо ва сохторҳои зертобеи онҳо зиёда аз 70 санҷишу мониторинг ва боздидҳо анҷом дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ошкоршуда тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд. Дар ин бора имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф зикр намуд, ки бо мақсади такмил додани қонунгузории миллӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 35 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Рушди ҳуқуқи инсон дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ” ва Луғати истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи инсон таҳия ва нашр карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 1950 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва баррасӣ гардида, дар шаҳру навоҳӣ ва минтақаҳои дурдасти аҳолинишин 150 машварати сайёри ҳуқуқӣ бо ҷалби 7500 шаҳрвандон гузаронида шуданд ва ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои мурофиавии шаҳрвандон иштироки кормандони мақомоти ВҲИ дар 6 мурофиаҳои судӣ таъмин карда шуд.

https://khovar.tj/2022/02/vakolatdor-oid-ba-u-u-i-inson-dar-ziyoda-az-70-vazoratu-idora-o-san-ishu-monitoring-guzaronid/


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • ТАҚВИМ

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима