Ахбор
Анора Саркорова, журналисти мустақили тоҷик, ки нооромиҳоро дар Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста инъикос мекард, гуфт, маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД субҳи 27-уми июн модари 68-сола ва бародарашро аз хонаашон дар Душанбе бо худ бурда, баъди бозпурсӣ раҳо ....
28.06.2022 16:00 194
Ба бовари таҳлилгарони мустақил, воқеаҳои Бадахшон ва фишорҳо ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон, мумкин аст, охирин шуълаҳои умеди ҷомеаи маданӣ ва иқдомҳои озоди шаҳрвандиро фурӯкаш кунад.
Як моҳи охир барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон пур аз озмоиш буд. “Амалиёт”-е, ки аз сӯи ҳукумат ....
28.06.2022 14:29 174
Муфаттиши додситонии ноҳияи Шоҳмансур Эмомалӣ Сайидзод, корманди хабаргузории "Азия-Плюс" ва аз дӯстони наздики Абдуллоҳ Ғурбатиро чанд соат бозпурсӣ кардаанд.
Мақомот то ҳол мавзуъро шарҳ надодаанд. Ҳамкорони Эмомалӣ Сайидзод гуфтанд, бозпурсии ин рӯзноманигор бегоҳи 24-уми июн сурат гирифт.
Ду масъули хабаргузории "Азия-Плюс" ба ....
25.06.2022 17:59 164
Як ҳафта аст, ки дар саҳифаи ютубии Далери Имомалӣ гузориши нав пахш намешавад. Рӯзҳои қабули вазирону раисон ҳам бе интрига мегузарад, чун Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ногаҳон бо камера аз дар намедароянд. Рӯзи 15-уми июн Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ин ....
24.06.2022 16:40 162
Аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори тоҷик як ҳафта гузашт, вале мақомот ба пайвандони онҳо иҷозаи вохӯрӣ надодаанд.
Наздикони ҳарду рӯзноманигор ҳар рӯз бо умеди дидор ба назди боздоштгоҳи муваққатии вазорати умури дохилӣ дар шаҳрми Душанбе мераванд, вале ....
23.06.2022 10:09 150
Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори тоҷик ва ҳамкори Далери Имомалӣ, ба 2 моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Дар ин бора вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов ба пайвандони ин рӯзноманигор хабар додааст.
Вакили дифоъ гуфтааст, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар додгоҳ бори дигар иттиҳомро рад кардааст. Мақомоти ....
20.06.2022 15:15 156
Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери шинохта ва узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистонро ба "ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ" (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар дониста, ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ин хабарнигору блогер борҳо дар суҳбатҳои видеоияш гуфтааст, бо ....
20.06.2022 14:43 162
Ба парвандаи блогер Далери Имомалӣ боз як модда - 307 КҶ ҶТ илова шуд.
Рӯзноманигорон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба муддати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” адвокати онҳо Абдураҳмон Шарипов.
Ба гуфтаи ӯ, ба парвандаи ....
20.06.2022 10:24 167
Мурофиае, ки бояд сарнавишти ду рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷикро муайян мекард, баргузор нашуд. Қарор буд, Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 17-уми июн маълум кунад, ки Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ озод шаванд ё ба ҳабси пешакӣ гирифта шаванд.
Мақомот сабаби баргузор нашудани муҳокимаро ....
17.06.2022 19:28 166