Мурофиаи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ баргузор нашуд
     TJ RU EN
03:08 / 2024-12-21

Мурофиаи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ баргузор нашуд

Radio OzodiМурофиае, ки бояд сарнавишти ду рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷикро муайян мекард, баргузор нашуд. Қарор буд, Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 17-уми июн маълум кунад, ки Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ озод шаванд ё ба ҳабси пешакӣ гирифта шаванд.

Мақомот сабаби баргузор нашудани муҳокимаро эълон накарданд, вале як манбаи наздик ба онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз бар сари айбномаи расмӣ нисбати ду хабарнигор тавофуқи назар ҳосил нагаштааст. Эҳтимол меравад, ин айбнома тағйир дода дода шавад. Дар ҳоли ҳозир Далери Имомалӣ ба "соҳибкории ғайриқонунӣ" ва "дидаву дониста додани хабари бардурӯғ дар мавриди содир шудани ҷиноят" ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" гумонбар дониста мешаванд.

Додрас ба пайвандони онҳо гуфтааст, ки ба сабаби дер фиристода шудани дархост мурофиаро ба рӯзи 18-уми июн гузошт. Ин сабаб расман шарҳ дода нашудааст, ки чӣ маънӣ дорад. Мурофиа бояд дар тавқифгоҳ ё (ИВС)-и Душанбе доир шавад.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, мақомоти ниҳодҳои тафтишотӣ наметавонанд, бештар аз 72 соат шахси дастгиршударо нигоҳ доранд. Баъди сипарӣ шудани ин муҳлат, додгоҳ бояд қарори ҳабси пешакиро содир кунад ё шахс озод карда шавад.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн аз сӯйи Додситонии ноҳияи Шоҳмансур дастгир шуданд.

Бо гузашти ду рӯз, пайвандони Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ то ҳол онҳоро надидаанд.

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ вокунишҳои зиёдро ба бор овард.

https://www.ozodi.org/a/31903103.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима