8 феврал - нишастҳои матбуотӣ. Дар куҷо?
     TJ RU EN
08:48 / 2024-12-19

8 феврал - нишастҳои матбуотӣ. Дар куҷо?

Press-conference tj

8 феврал Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ соати 09:00 доир мегардад.

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 11:00 доир мешавад.

Дар Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 14:00 дар Вазорати нақлиёт баргузор мегардад.

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 ва дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ соати 10:30 гузаронида мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

https://khovar.tj/2024/02/8-fevral-dar-vazorati-sanoat-va-tehnologiya-oi-nav-vazorati-na-liyot-kumitai-davlatii-idorai-zamin-va-geodez-akademiyai-millii-ilm-o-sudi-olii-i-tisod-nishasti-matbuot-barguzor-megardad/

 


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Февраль 2024 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29      
     
    Пайвандҳои лозима