Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон озодии фаврии ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигоронро хост
     TJ RU EN
08:15 / 2024-12-19

Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон озодии фаврии ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигоронро хост

20231219 APҲамчунин, ин ниҳод гуфт, ки ба шиканҷа хотима бахшида шавад.

Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз Тоҷикистон даъват кард, ки ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва фаъолоне, ки дар маҳкумият қарор доранд, фавран ва бечуну чаро озод карда шаванд. Таъкид шудааст, ки онҳо дар рукнҳои ҳаётии ҳар як демократия нақши муҳими доранд ва ҳамчунин аз фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон изҳори дастгирӣ шудааст.

Ин даъват дар ҷараёни Муколамаи 14-уми ҳамасолаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки дар Душанбе баргузор шуд, изҳор шудааст. Дар ин бора дар иттилоияи рӯзи 18 декабр нашршудаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар дода мешавад.

"Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз мавридҳои муносибати бераҳмона ва шиканҷа дар боздоштгоҳҳои ин кишвар изҳори нигаронӣ карда ва аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки талошҳои худро барои ислоҳот дар низоми ҷазо идома диҳад", - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, дар рафтаи Муколама оид ба ҳуқуқи инсон Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон маҷмӯи васеи масоили мрабут ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии иттиҳодияҳову изҳори ақида, муҳит дар расонаҳо, озодии дину эътиқод, инчунин пешгирии шиканҷа, ҳуқуқи занон ва поймолкунии ҳуқуқҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин дархости Тоҷикистон ҷиҳати ҳамроҳшавӣ ба Системаи умумии имтиёзҳо (GSP+) ва ҳамкорӣ дар форумҳои бисёрҷониба низ баррасӣ шуданд.

Иттиҳоди Аврупо аз маҳдудиятҳои озодии иштироки сиёсӣ ва озодии баён, бахусус дар робита ба маҳдуд шудани фазои рӯзафзуни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Аз нокофӣ будани тафтишоти нақзи ҳуқуқи башар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми рӯйдодҳо дар ВМКБ давоми солҳои 2021-2022 изҳори нигаронӣ шуда, зарурати ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таҳкими эътимод таъкид шудааст.

Ҷонибҳо ислоҳоти ҷорӣ дар қонунгузорӣ ва талошҳо барои таҳкими ӯҳдадориҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, инчунин зарурати қабули қарорҳои шаффоф ва фарогир дар асоси машварат бо ҷомеа, аз ҷумла оид ба лоиҳаҳои қонунҳои дахлдорро баррасӣ карданд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар Муколама роҳбари Раёсати кафолати ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Фирӯз Орзузода ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро - роҳбари шуъба оид ба Осиёи Марказӣ дар Хадамоти аврупоии робитаҳои хориҷӣ Дитмар Крисслер роҳбарӣ кардаанд.

Даври навбатии Муколама оид ба ҳуқуқи башар байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон соли 2024 дар Брюссел баргузор мешавад.

Фото: Акс аз бойгонӣ

https://www.asiaplustj.info/news/tajikistan/politics/20231219/ia-az-toikiston-davat-kard-ki-rznomanigoroni-makumshuda-va-faolon-favran-ozod-karda-shavand


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима