Акбари Саттор
     TJ RU EN
11:26 / 2024-12-19

Акбари Саттор

Akbari Sattor10-уми феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, дар 50-солагӣ, рӯзи 28-уми август соли 2015 аз олам даргузашт.

Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград буд.

Соли 1990 аввал дар рӯзномаи “Тоҷикистони Шӯравӣ”, баъд дар рӯзномаи “Садои мардум” ба ҳайси мухбири махсус ва аз соли 1991 то моҳи ноябри соли 1994 ҳамчун мудири шӯъбаи сиёсат, ҳуқуқ ва ҳаёти байналмилалӣ ифои вазифа намудааст.

Акбари Саттор аз моҳи ноябри соли 1994 то рӯзи вафот муассис ва директори генералии ҶДММ “Чархи гардун” буд ва 8 ҳафтаномаи хусусии ҷумҳуриявӣ таҳти сарпарастии ӯ ба нашр мерасид.

Аз соли 2006 то ҳангоми даргузашташ, қариб 10 сол, Акбари Саттор раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Ӯ аз соли 2008 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Тоҷикистон, узви Шӯрои миллии муқовимат бар зидди коррупсия буд.

Соли 2016 Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон медали “Акбари Саттор”-ро таъсис дод.

 

Тақвим

<< < Декабрь 2023 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
 
Пайвандҳои лозима