Озодии сухан: Хатти қирмизӣ куҷост?
     TJ RU EN
11:17 / 2024-12-20

Озодии сухан: Хатти қирмизӣ куҷост?

20230925 Faraj29-уми феврали соли 2016 дар шаҳри Маскав пас аз ваҳшиёна қатл намудани кӯдаке (Анастасияи Мешерякови 4,5 сола) аз тарафи момодояи ӯзбектабораш Гулчеҳра Бобоқулова, дар расонаҳои иттилоотӣ ва ВАО-и Русияю кишварҳои мухталиф сару садоҳо баланд гашта, қисматеро ваҳшат фаро гирифт, ки ин ҳодисаи гӯшношунид дар асри XXІ ва дар рӯзи равшан ба амал омад! Боз дар куҷо?

Ҳатто баъзеҳо кормандони ВАО-ро бемасъул ҳисобиданд, ки ин ҳамаро хуб дар эфир намоиш надоданд ва онро ҳатто нодида гирифтанд.

Аммо, оё умуман зарурати намоиши чунин ҳаводиси нохуш дар ВАО буд ё не, ҳаст ё не?! Дар воқеъ, то куҷост сарҳади имконияту озодии сухан?

Озодӣ ё бемасъулиятӣ?

Дар воқеъ, оё ҳукуматҳо вазифадор ҳастанд, ки маҷроҳои иттилоотиро назорат кунанд? Агар на, пас ҳолат чӣ мешавад? А ҳа, пас чӣ тавр ин корро ба роҳ монд?

Доир ба ин масъала сиёсатмадорон андешаҳои мухталиф дошта, ҳатто сиёсатшиноси рус Сергей Марков ақида дорад, ки дар замони на он қадар дури таърихӣ, дар Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан, то замони ҳукмронии Л.И. Брежнев, натанҳо маҳдудияту монеаҳо ҷой дошт, балки ҳолат тамоман дигар буд. ВАО қисми муҳими низоми сиёсии роҳбарикунандаи давлат маҳсуб меёфт. Пеш аз интишор тамоми маводи ба чоп пешниҳодгашта, чанд маротиба санҷида шуда, аз чанд дасти масъул гузашта, сензура пурра ҳукмрон буд! Озодии сухан дар воқеъ маҳдуд буда, ҳамагон инро медонистанд ва сухани рост қиммати баланду хатари зиёд дошта, на ҳар озодандеш метавонист бо ҷуръат лаб кушояд.

Аз озодии сухан то инқилоб…

«Ошкорбаёнӣ» дар замони горбачёвӣ дар мадди аввал аз ҳисоби таҳлили мавзӯъҳои таърихӣ оғоз ёфта, имкони гузаштаи таърихиро варақгардон кардан ба шакли нав пеш омад. Ва бо воситаи ин гуна мавзӯҳо таваҷҷӯҳ ба сиёсат афзуд. Озодии сухан барои ибрози ҳар гуна диду назар муҳайё гашт, қисмате ғарбгаро, гурӯҳе тарафдори ҷомеаи демократӣ, иддае рӯ ба идеяҳои консервативӣ шуда, миллатгароёну тарафдорони давлатдории сулолавӣ ҳам сар боло карданд. Лекин ба зудӣ озодии сухан ҳар гуна хату сарҳадҳоро убур карда, ба сатҳи беназоратию бедалелӣ расид. Пас аз як навъ суқуту шикасти пуштибонии механизмҳои молиявии давлатӣ аз ВАО, озодиро иддае аз нашриёту рӯзномаҳо аз даст дода, зери назорати дастаҳои тиҷоратӣ афтоданду дар кишварамон қумондону «давлатдорони муштзӯр» ба кори онҳо дахолат намуданд. Ба андешае ҳатто дар Русия соли 1996 гурӯҳи олигархия ВАО-ро ба нафъи худ истифода карда, дар интихоботи маснади президентӣ дар Русия дахолат карданд. Ин буд, ки соли 1996 Борис Елтсин ғалаба кард…

Дар бисёр ҷабҳа олигархҳо бо васила ва ёрдами ВАО мубориза бурданду он плюрализм номида шуд. Аммо дар дигар мавзӯъҳое, ки ҳама тарафдор буданд, нуқтаи дигари назар ҷой дода нашуд. Масалан, дар Русия қариб ки ғояҳои сотсиал-демо­кратӣ, идеяи иштироки давлат дар иқтисодиёт, масъулияти иҷтимоии бизнес, ғорат кардани давлат ва фалаҷ намудани пояҳои иқтисодии он ва ғ… даҳсолаҳо аз мадди назарҳо нопадид шуд. Дар ин бора сухан гуфта намешуду дар кишварамон низ бар иллати ҷанги шаҳрвандӣ қисмате аз одамон тавонистанд бо ғорат намудан ва ё ба яғмо бурдани молу амволи давлатию ҷамъиятӣ ба зудӣ сарватманд шуда, дар диёрамон оғози ҷомеаи сармоядорӣ (капиталистӣ) ба қавли асосгузорони марксизм дар шакли хеле дағал, «андӯхти сармоя» ҳамқадами ҷангу ғорат гашт. Ва он замон ҳам ибрози сухане дар ин мавзӯъҳо қариб ғайриимкон буд!

Ҳоло бошад андешаҳое садо медиҳанд, ки ҳукумат метавонад ва имкон дорад мурватро ба тарафи дилхоҳи худ табдил диҳад! Моҳиятан низ давлат назорати сиёсиро рӯйи марказҳои бузурги иттилоотие ба роҳ мондааст, ки онҳо аудиторияи зиёд доранд. ВАО бо аудиторияи хурд метавон гуфт ба «оғӯш»-и бозор ҳавола шудааст.

Ва инҷо савол пайдо мешавад, ки дараҷаи назорат то кадом зина бояд бошад? Иддае дар он андеша мебошанд, ки ҳамаи ин аз ҳолати ҷойдошта вобаста аст. Агар ҷомеа ором аст, имкон додан даркор аст, ки ВАО ҳарчӣ бештар ба таҳлил ва муҳокимаи масоили гуногун аз нуқтаи диди мухталиф сару кор гирад. Аммо, агар дар дилхоҳ кишвар нооромӣ ба назар расад ва ё омилҳои муташшаниҷгардонию табаддулоти давлатӣ аён шавад, пас зарур аст саривақт ВАО аз ҳама гуна ҳизбу ташкилот ва одамони алоҳида ҳифз карда шавад. Дар ин ҳолатҳо ҳатто давлат ба хотири амнияти миллӣ имкон дорад расонаҳои хориҷӣ ва ҳама гуна шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои интернетиро бандад ва ё онро зери назорати қатъӣ гирад.

Аз тарафи дигар давлат худ бо роҳҳои зиёд аз паси он аст, ки мушкилоти омма ва ҷомеаро ҳал намояд. Агарчӣ мушкилот дар ҳама соҳа кам нест! Яке аз роҳҳои бартаридошта – мустақиман бо аҳолӣ рӯ ба рӯ шудан, ҳамсӯҳбат гаштан бо халқ аз тарафи роҳбарияти олии кишвар мебошаду ҳамагон ба ин худ шоҳид ҳастем. Конфронсҳои матбуотии масъулини вазорати кумитаҳо ҳам дар ин росто нақше доранд. Албатта, дар ин ҷода ҳоло низ тарзҳои навро ҷустуҷӯ кардан бамаврид асту хоса рӯзноманигорон мустақиман сӯҳбат доштанро бо роҳбарони вазорату кумитаҳо ва Сарвари кишвар хоҳонанд! Зеро саволҳо зиёд аст.

Қобили зикр мебошад, ки ҳоло ҳам мавзӯъҳое ҳастанд, ки сари онҳо сӯҳбат карду онҳоро баррасӣ намудан, як навъ мамнӯъ мебошад!

Қисме аз одамон сертаваҷҷӯҳ буда, гоҳ-ногоҳ савол медиҳанд, ки чаро дар ВАО-и давлатӣ ҳама вақт дастоварду комёбиҳоро ҳатто бо ҳангомаи зиёд нишон медиҳанд, аз ҷангу нохушиҳои олам бинандаю шунавандагонро сари вақт хабардор менамоянд, лекин чаро тақрибан ҳеҷ вақт аз камбудиҳои зиндагии мардум хабар намедиҳанд, сари мушкилоте тадқиқоти журналистие ба анҷом намерасад? Чаро дар барномаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ маълумоте қариб дар бораи корҳои арзандае зидди фасоду ришвахорӣ, аз мансабҳои худ ба таври фаровон истифода кардани амалдорони давлатӣ, «комёб» будани фарзандон ва хешу ақрабои амалдорон дар илму тиҷорат ва муваффақ будан дар рӯзгор, ба таври ҳангуфт соҳиби сарват, капитали бепоён ва суратҳисобҳои хориҷӣ, қасру кӯшкҳо шудани «миллатпарастон»-и ватанӣ ва ғайра барномае омода намешавад?

Чун бо комёбӣ дар ошкор кардани амали номуносиби чанд «рӯҳонитабор»-у «муллоҳои шаҳватӣ», ки реша ба дину диёнат мезананд, барномаҳои хуб омода шуд, пас чаро ҳамчунин дар бораи корҳои номатлуби «хизматчиёни давлатӣ» барнома тайёр нашавад, ки онҳо миллатро бадном, давлатро хароб ва кишварро ба фақр мебаранд, ки аз қашшоқӣ то ба бединӣ роҳ андакест?

Агар андаке ба таври васеътар андеша баён карда, сари ин мавзӯъҳо истем, беҳтар аст, ки назорат хубтар ба роҳ монда шавад то ҳар гуна амалҳои амалдорони доғдоркунандаи ҷомеа тобише нагирифта, мардумро шояд аз ҳукуматҳо «дилсард» нанамояд. Дар ин маврид агар ба «гардани озодӣ» «ҳалқаи дори назорат» бештар шавад, нафаскашӣ душвор мешаваду шикоятҳо меафзояд. Ва дилхоҳ давлат намехоҳад, ки намояндагони воломақомаш бадном гашта, сирру асрори онҳо фош шаваду мартабаашон байни мардум коста гардад. Агар ҳукуматҳо бо роҳҳои фишори доимӣ ва хунин хомӯшии журналистонро соҳиб шавад, пас ба таври мутлақ сензураи ВАО-ро ба даст меорад. Агар чунин қудратро надошта ба вазъият оромона нигарад, пас табиист, ки ҳама заъфу мушкилот ва корҳои «пасипардагӣ»-и давлатдорон рӯ зада, нооромиҳо меафзояд… Ва ин масъалаҳо дар мадди аввал гашта, нисбат ба намоишу барномаҳои телевизионии даҳшатафкан муҳимтар мегарданд! Албатта, мантиқан барои мустаҳкамии демократия чанд даҳсолаю шояд вақти зиёдтар лозим шавад, лекин муҳим он мебошад ки таҳкурсӣ гузошта шудааст! Ва ин росто такмили бештар, шуҷоати зиёдтар ва хоҳиши хубтарро аз ҳамагон тақозо дошта, бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дарки масъулият ба пеш равад! Аз ин рӯ озодии сухан бояд доимо дар доираи худназоратӣ қарор дошта, ҳар як соҳибзабону тарафдори озодии сухан сензураро дар худ нигоҳ дорад ва оқилона истифода кунад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ахлоқ(этика)-и журналистӣ мавҷуд буда, бо назардошти он хуб нест, ки ҳар хел мавзӯҳои нолозим тариқи ВАО нишон дода шавад, интишор гардад ва ё садо диҳад.

Тарзи дигари назорат аз болои ВАО ин Шӯроҳои ҷамъиятӣ мебошад, вале он дар кишвар чандон қавӣ нест, аз ин рӯ боз ҳам чунин нақшро бояд давлат ба даст гирад!

Бераҳмӣ – асосӣ нест?

Дар воқеъ, маҳдуд намудани ҳама гуна таҳдиду таҷовуз дар экранҳои телевизионӣ кори душвор нест. Аммо ба гумон аст, ки он бо маҳдудкунии озодии сухан робита дошта бошад. Зеро муҳимтар омилҳои дигар ба ҳисоб мераванд. Дар воқеъ, бояд онҳоро бояд маҳдуд кард?

Сухан дар бораи он намеравад, ки ягон сарҳад даркор аст ё не? Чӣ хел барномаҳо садо медиҳанд ва ё намоиш дода мешавад? Оё зарурати намоиши ҳар гуна қатлу куштор ҳаст ё не, воқеияти зиндагӣ нишон дода шавад ва ё на?

Ба андешаи коршиноси рус Александр Невзоров – сухан дар бораи он меравад, ба мо кӣ самти дурустро нишон медиҳаду чӣ намоиш доданро дар телевизионҳо мефаҳмонад? Канӣ он мутахассисони соҳибкасби сатҳи ҷаҳонӣ дар кишвар, ки дар соҳаи худ аллакай маъруфанду соҳиби чанд ҷоизаи байналхалқӣ шудаанд? Канӣ?!!

Оре, оре, мо чунин коршинос надорем!!! В-аз ин рӯ, агар моро борҳо ин ё он мансабдор (ҳатто сатҳи баланд) танқид кунад ва ё масъули бахши идеологии кишвар баҳои ғайриқаноатбахш диҳад, пас ин ҳама баҳодиҳӣ нисбӣ буда, ин роҳи раҳоӣ аз мушкилот нест! Онҳо танҳо метавонанд ба ҷузъиёт нигариста ин ё он барномаро аз ягон паҳлӯе танқид кунанд. Ба мансабдоре ё шахсе шояд ягон сароянда мақбул набошад ва имкон дорад баромаду сароидан ва ҳунарнамоии ӯро манъ намояд, ба касе сару либос, сухангӯйии ровӣ, баранда ва ё мусоҳибе, тарзи рафтор ва ғ… маъқул нашавад… Ҳатто агар «ситора»-и корманди хусусан телевизион берун аз кор ба мансабдоре рост наояд, пас ин ҳам метавонад монеаи пешрафти кораш гардад…

Дар мо расм шудааст, ки омма ба кормандони телевизион, бештар ба ровиёни ахбор чун як ситораю нобиғае менигаранд, яъне аз «поён ба боло»! Ва чунин ҳам мешавад, ки ровиён ба мардум ҳам «аз боло ба поён» нигоҳ мекунанд ва ё умуман назаре наменамоянд! Яъне, қисме аз онҳо дар воқеъ хеле ҳавобаланданд!

Ҳарчанд худи коршиносон ва ҳамкорон чунин андеша доранд, ки ровиён танҳо бо доштани симои зебо ва нутқи равон матни тайёрро қироат мекунанду дигар бартарие надошта, бештар ҳамчун «робот» ё тӯтӣ амал менамоянд! Ва далел меорад, ки чаро масалан баробари ба кори дигар гузаштан, ба ҷойи онҳо ровии дигар омадан онҳо аз мадди назарҳо тез дур шуда, дигар ягон барномаи хусусан таҳлилӣ ё сиёсие омода намекунанд?! Чаро солиёни зиёд ба вақти танҳо барномаҳои ахбориро хонданашон ягон идеяе ба сарашон наомад? Чаро ба авзои дохил ва хориҷ диди таҳлилӣ надоранд? Куҷо шуд он қадар хонданҳо?! Ё дар воқеъ ҳамкорони ровии мо ҳунаре беш аз қироат надоранд?!

Албатта, дар ин байн ҳастанд шахсоне, ки дар идораи дигар ва ё вазорате бо комёбӣ кор мекунанд, лекин чунин кормандон ангуштшумор мебошанд. Пас озодии сухан то куҷо бояд бошад? Чӣ тавр бояд барнома омода кард?

Ин саволҳо шояд ҳоло ҷавоби мутлақан дурусти ягона надорад, вале аз кору фаъолияти кишварҳои ҳамсояю дур огоҳ шудан, робита намудан, сафарҳои хидматӣ кардану такмили ихтисос ва бештар соҳибкасб гаштан худ озодиро муҳайё карда, сарҳад ва ҳаду ҳудуди он тарҳрезӣ мешавад! Агар дигар соҳибкасбе назари худро дорад, пас интизорем!

https://farazh.tj/sahifai-asosy/amniyat/ozodii-suhan-hatti-qirmizy-kujost/


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима