Раисони нишастгурез дар минтақаи Кӯлоб
     TJ RU EN
09:30 / 2024-12-20

Раисони нишастгурез дар минтақаи Кӯлоб

MicrofonДар нишастҳои матбуотии минтақаи Кӯлоб аз 30 нафар раисону роҳбарони идораву муассисаҳо 5 нафарашон бо баҳонаи беморӣ аз ин маъракаи барои рӯзноманигорон муҳиму зарур гурехтанд.

Чунин менамояд, ки раисон дудаста курсиҳои мансабро меқапанду бо фаро расидани нишастҳои матбуотӣ «бемор» мешаванд ё ба рухсатии меҳнатӣ мераванд. Ва ҷон халос.

Аксари масъулин аз додани пресс-релизҳояшон (маълумотномаҳояшон) ҳаросу нороҳатӣ доранд. Вақте порсол журналистон аз прокурори вақти минтақаи Кӯлоб Х. Машрабзода маълумотнома пурсиданд, гуфт: «Ман аз куҷо ин қадар маълумотнома меорам, ки ба шумо тақсим карда диҳам?».

Тазаккур бояд дод, ки масъулини баргузор намудани нишастҳо дар иҷрои вазифаҳояшон саҳлангорӣ менамоянд. Маҳз бо айби онҳо нишастҳои матбуотии Суди вилояти Хатлон, раисони шаҳри Кӯлоб, ноҳия Восеъ дар рӯзи муқарраргардида доир нашуданд.

Шояд назорат аз болои ин кор аз боло сусту бетаваҷҷуҳ гардида истодааст? Пурсиши охирон ин ки чаро роҳбарон, мансабдорон аз нишастҳо метарсанд?

https://pressa.tj/raisoni-nishastgurez-dar-minta%d2%9bai-k%d3%aflob/


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима