Хуршед Фозилов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент 7 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора наздикони ӯ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Мурофиаи ӯ имрӯз, 26-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бо ширкати наздиконаш баргузор шуд.
Дирӯз, 25-уми май дар мурофиаи нахустини додгоҳӣ, айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор барои ӯ 7 солу 6 моҳи зиндон хоста буд.
Мақомот Хуршед Фозиловро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ айбдор мекунанд. Вале худи ӯ, тавассути вакили дифоаш гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надошт.
Парвандаи Хуршед Фозилов пас аз таҳқиқ, ду ҳафта қабл, ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент ирсол шуд.
Хуршед Фозилов, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳо менавишт 6–уми марти соли равон аз сӯи кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакант боздошт ва дертар ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.
Хабар такмил мешавад.
https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20230526/rznomanigor-hurshed-fozilov-7-sol-ravonai-zindon-shud