Human Rights Foundation, як созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар Ню-Йорк, аз мақомоти Тоҷикистон озодии фаврӣ ва бе қайду шарти Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигор ва намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшонро талаб кардааст.
Дархости созмон рӯзи 18-уми май дар солгарди ҳодисаҳои хунини Бадахшон дар Твиттер нашр шуд.
Улфатхоним Мамадшоева, мудири созмони “Номус ва инсоф”, рӯзи 17-уми майи соли 2022 дар хонааш дар Душанбе дастгир ва дертар ба гуноҳи ташкили тазоҳурот дар Хоруғу Рӯшон ва иттиҳомҳои дигар ба 21 сол зиндон маҳкум шуд.
Худаш чанд лаҳза пеш аз боздошт дар суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, ҷинояте накардааст.
Пас аз ин суҳбат хабарнигорони Радиои Озодӣ аз тарафи шахсони номаълум латукӯб шуда, сабти суҳбати Улфатхоним Мамадшоева ва телефону дастгоҳҳои наворгирӣ рабуда шуданд. Бо гузашти як сол мақомоти умури дохилӣ на ҳамлаваронро ёфтанд ва на дастгоҳҳоро.
Human Rights Foundation боздошт ва муҳокимаи, ба гуфтаи масъулонаш, сохтаи Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳараш Холбаш Холбашовро шадидан маҳкум кардааст.
Намояндагони созмон гуфтаанд, қазияи Мамадшоева баёнгари бад шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст ва бояд ҷомеаи байнулмилалӣ ба он вокуниши ҷиддӣ бикунад.
https://www.ozodi.org/a/32417853.html