Рӯзи 14 феврал дар нишастҳои матбуотӣ чӣ гуфтанд?
     TJ RU EN
12:04 / 2024-12-26

Рӯзи 14 феврал дар нишастҳои матбуотӣ чӣ гуфтанд?

Press-conference 4a14 феврал Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ доир намуданд.

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, истеҳсоли алюмини аввалия (первичый) дар кишвар соли 2022 62 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 2,5% бештар аст. Ба гуфтаи вазир дар соли ҷорӣ тавлиди ҳудуди 100 ҳазор тонна алюминийи аввалия пешбинӣ шудааст.

Дар охири соли 2022 Тоҷикистон содироти маҳсулоти саноатиро коҳиш дод. Дар ин бора Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори агентии содирот зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Сироҷиддинзода гуфт, то манъ шудани содироти пиёз аз кишвар ҳудуди 67 ҳазор тонна пиёз ба маблағи 6,7 миллион доллар содир шудааст.

Дар нишасти матбуотии Агентии омор маълум гардид, ки соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи 106 миллион доллар барқ фурӯхтааст. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, роҳбари ин ниҳод гуфт, соли гузашта Тоҷикистон ба Афғонистон 1,7 млрд. Ва ба Ӯузбекистон 1,6 млрд. Киловат соат барқ содир намудааст. Ҳамчунин ӯ афзуд як қисми ками барқ ба кишварҳои дигар содир шудааст.

Фарзона Шарипова, Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима