Вакили Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз ҳимояи хабарнигори зиндонӣ даст кашидааст
     TJ RU EN
09:47 / 2024-12-19

Вакили Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз ҳимояи хабарнигори зиндонӣ даст кашидааст

20230109 ROАбдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори зиндонии тоҷик, аз идомаи ҳимояи ҳуқуқи ӯ даст кашидааст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2022 ӯро ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум кард.

Пайвандони Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳукми додгоҳро қабул надоранд. Онҳо рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тасмим доштанд, шикояти такрорӣ баранд, вале адвокат гуфтааст, дигар ёрӣ карда наметавонад.

Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, дар доираи як тарҳ ба журналист бепул (ройгон) хидмат мерасонд ва пас аз анҷоми лоиҳа дигар чунин имкон надорад.

Наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтанд, ба адвокат пешниҳод карданд, ки ҳаққи корашро медиҳанд, вале бо ин вуҷуд “ӯ розӣ нашуд”. Абдураҳмон Шарифов гуфт, бисёр банд аст ва дигар имкони ҳимоят аз журналисти зиндониро надорад.

Қаблан Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузошт.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ моҳи июни имсол дастгир ва моҳи октябр ба зиндон маҳкум шуд. Вай моҳҳои охир бо хабарнигори дигар Далери Имомалӣ дар бораи мушкили мардум ва бархурди мақомот барои Ютуб гузориш омода мекард.

Додгоҳ Далери Имомалиро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донист. Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ва таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар гуруҳҳои мамнуъ гунаҳкор кард. Ҳарду ҳукмро рад кардаанд.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон 7 хабарнигору блогерро дастгир ва онҳоро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар номае ба Радиои Озодӣ ҳукмҳоро дуруст шумурд. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ маҳкум карданд ва озодии фаврии рӯзноманигоронро хостанд.

https://www.ozodi.org/a/32215174.html


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима