Наздиконаш азм доранд, ба Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи СММ муроҷиат кунанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷикро бетағйир гузоштааст. Дар ин бора Дилафрӯз Самадова, вакили дифои ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябри соли гузашта бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гунаҳкор ва бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба 7 солу 6 моҳ равонаи зиндон гардида буд.
Вакили дифои журналисти зиндонӣ гуфт, Додгоҳи олии кишвар 25-уми сентябри соли 2023 шикояти назоратии Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва вакили дифои ӯро беқаноат монд.
Ӯ афзуд, онҳо ҳамчунин, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен ҳам аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикояти кассатсионӣ рсол крада буданд, вале то ҳол ҷавоб нагирифтаанд.
Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар шарҳи бетағйир гузоштани ҳукми шавҳараш гуфт, онҳо барои талаби адолати парвандаи Абдуллоҳ Ғуобатӣ чор зинаро гузаштанд ва акнун ба Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи СММ муроҷиат хоҳанд кард.
“Мо умед дорем ин кумита ба парванда таваҷҷуҳ мекунад. Муроҷиати мо дар бораи поймолшавии озодии баён аст, ки ин аввалин муроҷиат дар мавзӯи озодии баён ба СММ хоҳад буд. Яъне то имрӯз муроҷиат дар ин мавзуъ ба СММ аз ҷониби касе суръат нагирифта буд”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.
Қаблан, марҳалаи назоратӣ ва кассатсионии Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳам ҳукми зиндони Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузошта буданд.
Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони маҳкумшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори дигари маҳкумшудаи тоҷик ба додситони ноҳияи Шоҳмансур даъват гардид.
Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.
Мурофиаҳои додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор гардид ва ӯ зимни сухани охирини худ таъкид намуда буд, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.
Дар як соли охир, ба ғайр аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ се рӯзноманигори дигари тоҷик - Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ боздошт ва ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.
Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, аз саҳифаи фейсбукаш