Дар Тоҷикистон сарфи назар аз таблиғи фаъоли саводи расонаӣ ва иттилоотӣ (СИР), истеъмолкунандагон ҳоло ҳам ба шакли пурра малакаҳои кор бо иттилоотро надоранд. Чаро дар Тоҷикистон саводи расонаӣ суст таблиғ мешавад ва барои рушди тафаккури интиқодӣ дар байни аҳолӣ чӣ чораҳо андешидан лозим аст – посухи коршиносон дар ин бора.
Пажӯҳиши ахири Интернюс дар мавриди масрафи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ нишон додааст, ки дар Тоҷикистон тақрибан нисфи аҳолӣ ба расонаҳои давлатӣ комилан эътимод доранд – ин баландтарин нишондод дар минтақа мебошад. Масрафкунандагони иттилооти тоҷик хабарҳои расонаҳои давлатиро зери шубҳа намегузоранд ва маълумоти дарёфткардаашонро, дар манобеи мустақил намесанҷанд. Дар ҳамин ҳол, ба расонаҳои ғайридавлатӣ танҳо 9%-и аҳолӣ эътимоди комил зоҳир намуданд ва 27%-и пурсидашудагон ба нашрияҳои мустақил “то андозае эътимод” изҳор кардаанд.
Илҳоми Ҷамолиён, коршиноси саводи расонаӣ ин падидаро ба замони шӯравии ин кишвар марбут медонад.
— Дар мамлакати мо, чун анъана, аз замони шуравӣ мардум ба телевизион ҳамчун манбаи ҳақиқати ниҳоӣ боварӣ доштанд. Ин нишон медиҳад, ки сатҳи саводи расонаӣ дар кишвар нисбат ба дигарон хеле паст аст”, – мегӯяд Ҷамолиён.
Ба гуфтаи ӯ, пешрафти СИР дар Тоҷикистон ба далели набудани рӯйкарди муназзам ва иштироки давлат хеле мушкил аст. Масалан, дар моҳи марти соли 2023 Қазоқистон «Доктринаи иттилоотӣ» -ро қабул кард, ки дар он ҳукумат саводи расонаии пасти аҳолӣ, набудани барномаҳои таҳлилӣ, таҳқиқоти журналистӣ ва журналистикаи пурқувватро эътироф кардааст. Дар ин санад ҳамчунин ҳадафҳои рушди расонаҳо, таҳкими “фазои иттилоотии рақобатпазиру бехатари миллӣ” ва ҳамкории ҳукумат ва ВАО муайян шудааст.
Дар Тоҷикистон чунин стратегия вуҷуд надорад. Корҳои асосии пешбурди СИР танҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ анҷом дода мешавад. Рустам Гулов, мутахассиси расонаҳои нав бар ин назар аст, ки кори созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби давлат маҳдуд гардида аст.
-Дар баъзе муасиссаҳо маънои саводи расонаиро умуман дарк накарда, ин соҳаро вобаста ба назари худ ба ҷаҳон сахт сиёсӣ мекунанд. Дар натиҷа, ҳоло намешавад, ки аудиторияи бештарро фаро гирифта, ба онҳо аққалан бигӯем, ки дар ҷаҳон мавзӯе ба мисли саводи расонаӣ вуҷуд дорад, то мардум тавонад худаш чизеро омӯзанд”, – мегӯяд Гулов.
Илҳоми Ҷамолиён, баръакс, бар ин назар аст, ки ҳукумат барои ҷорӣ кардани саводи расонаӣ дар системаи маориф аз ҳоло чораҳо меандешад.
– Соли гузашта дар Тоҷикистон саводи расонаӣ ҳамчун яке аз фанҳои асосӣ барои донишҷӯёни факултаи журналистика ҷорӣ карда шуд. Барномаҳои таълимӣ омода мешаванд, бо ташаббуси Интернюс барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ як китоби дарсӣ тарҷума карданд. Китоб ба Вазорати маориф пешниҳод гардид ва ҳоло вазорат ин корро омӯхта истодааст, – мегӯяд Ҷамолиён.
Саводи расонаӣ чӣ гуна дар ВАО ташвиқ мешавад?
Манбаъҳои таълимӣ доир ба саводи расонаӣ каманд, аммо ҷомеаи журналистӣ фаъолона сари тарҷума намудан, мутобиқ сохтан ва эҷод кардани муҳтавои таълимӣ доир ба саводи расонаӣ кор мекунад. Яке аз чунин манбаи муҳтаво сомонаи Mediasavod.tj мебошад, ки луғати тафсири тоҷикии истилоҳоти саводи расонаиро таҳия кардааст. Дар он ҷо бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон як силсила комиксҳо, вайнҳо ва дарсҳо доир ба саводи иттилоотӣ дар форматҳои маъмул (подкастҳо, видео, инфографика, тестҳо) нашр шуданд.
Ҳамчунин барномаҳои мобилӣ доир ба саводи расонаӣ вуҷуд доранд. Яке аз аввалин барномаҳо ба забони тоҷикӣ “Медиадоно” аст, илова бар ин, барномаи “Медиа Ҷунгли” (Ҷангали расонаӣ) дар шакли бозӣ мавҷуд аст, ки омӯзгорону тренерон ҳангоми дарсҳои саводи иттилоотӣ аз он истифода мекунанд. Шакли тоҷикии ин барнома тобистони соли 2023 муаррифӣ гардид.
Ва бояд ягона нашрияи тоҷикии санҷиши иттилоот дар Тоҷикистон Factcheck.tj – ро ёдовар шавем, ки дар он қалбакӣ будан ё сохтакорӣ шудани хабарҳоро муайян мекунанд. Худи мутолиа намудани чунин хабарҳо боиси инкишофи тафаккури интиқодӣ мегардад, зеро фактчекерҳо мефаҳмонанд, ки барои муайян намудани сиҳатии хабар чӣ чораҳоро андешидан. Яъне, хонанда ба ғайр аз далелҳои муътамад, инчунин асбоби тафтиши дубораи маълумотро ба даст меорад.
— Аммо ин кифоя нест, камаш бояд бист-сӣ чунин манбаъ бошад. Ҳар яке аз ин манбаъҳо бояд барои мухотабони мушаххас муҳтаво эҷод кунанд. Масалан, кӣ масъули саводи таблиғотӣ аст? Саводи синамоӣ чӣ? Ин ҳам ба экосистемаи саводи расонаӣ ва иттилоотӣ дохил мешавад, мегӯяд Ҷамолиён.
Саводи расонаиро бо забони миллӣ чӣ гуна бояд тарғиб кард?
Мушкилоти дигари тарғибу ривоҷи СИР дар Тоҷикистон – дастрасӣ ба мухотабони мақсаднок аст.Созмонҳои ғайриҳукуматӣ бо вуҷуди ҳама талошҳо, танҳо шумораи ками ҷавононро бо барномаҳои таълимӣ фаро мегиранд. Ба гуфтаи Илҳоми Ҷамолиён, дар ин ҷо монеаи забон нақши бузург дорад. Зеро аҳолии асосии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ҳар як минтақа бо лаҳҷаи хос сӯҳбат мекунад.
«Фаҳмо расонидани муҳтаво ба забони давлатӣ ин ҳунар аст», – мегӯяд Ҷамолиён. – Зеро забони адабии тоҷикиро на ҳама хуб мефаҳманд. Ман машғули тарҷумаҳо будам, аммо мо наметавонем ҳар маводро ба лаҳҷаҳои онҳо мутобиқ созем. Ин омил низ ба густариши саводи расонаӣ таъсир мерасонад.
Рустам Гулов ба ин масъала аз тарафи дигар менигарад. Ба фикри ӯ, забони мавод дар инкишофи СИР нақши аслӣ намебозад. Муҳимтарин маҳорате, ки як шахси босаводи расонаӣ бояд дошта бошад, тавоноии шинохти маъноҳо ва тафсири айнии иттилооти воридшаванда аз ҳама гуна манбаъҳо ва дар ҳама гуна шаклҳо мебошад.
— Забон дар ин бобат мушкил эҷод намекунад. Ба забони тоҷикӣ метавон чорабиниҳои гуногун доир ба таълими асосҳои саводи расонаӣ гузаронид ва онҳо гузаронида шуда истодаанд. Мушкилот дар маҳдуд будани захираҳо ва дастрасӣ ба мухотабони мақсаднок мебошад. Давлат метавонад ин мавзуъро ба шакли шоистатаре дарк кунад ва ба таълими омӯзгорон мусоидат кунад, то онҳо усулҳои таълими СИР-ро дар кори амалии худ ҷорӣ намоянд, мефаҳмонад Гулов.
Коршинос бар ин назар аст, ки ворид намудани фанни алоҳида ба барномаи таълимии мактаб зарур нест, кофӣ аст танҳо унсурҳои СИР ба фанҳои мавҷуда дохил гарданд,таълим бо истифода аз рӯйкарди байнифаннӣ гузаронида шавад.
Бо ибороти дигар аз ҷониби ҳукумат танҳо иродаи сиёсӣ лозим аст,то омӯзиши саводи расонаӣ дар тамоми зинаҳои системаи маориф ҷорӣ шавад.