Дар замони кунунӣ дар таносуб ба ВАО таваҷҷӯҳи аудитория ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО-и электронӣ зиёд шудааст. Онҳо маълумот ва хабарҳои заруриро асосан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ қабул мекунанд. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, журналистони ҷавон, донишҷӯёни факултаҳои журналистика, блогерон, журналистони фаъолияткунанда ҳамарӯза муҳтавои гуногунҷанба истеҳсол мекунанд, вале бо сабаби дарк накардани муҳимияти пешбурди мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар платформаҳои интернетӣ ба роҳ намемонанд, зеро ба таври кофӣ оид ба чӣ гуна пеш бурдани маводи паҳнкардашон донишҳои мукаммал надоранд. Барои омузонидан ва популяризатсияи СММ ва Мобилография дар байни бенефитсиарҳои зикршуда айни замон Дар Тоҷикистон он ресурс (захира) ва барномаҳое, ки барои омузонидани SMM ва мобилография равона гардидаанд, дастрас нестанд.
Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ то ҳол ягон барнома оид омузондани мобилография роҳандозӣ нагардидааст ва ҳатто ин самт ба таври бояду шояд инкишоф наёфтааст, яъне давраҳои омузишии махсус мавҷуд нестанд. Барои аудиторияи мақсаднок аз тарафи ташкилотҳо, донорҳо низ тренинг ва мастер-классҳо то ҳол ташкил карда нашудааст, ки ин боиси таассуф аст.
Алъон фурсате расидааст, ки ТҶ “АМВАОМТ” ва ТҶ "Иттилот ва муошират" бо кумаки Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон баргузор намудани силсилаи тренингҳоро дар мавзуи "Пешбурди SMM ва мобилография" барои журналистони ҷавон, блогерон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба нақша бигиранд. Тренингҳо дар даҳаи аввали моҳи ноябр дар пойтахт ва вилоятҳои Суғду Хатлон доир мегарданд. Хохишмандон метавонанд дархости худро аз тарики Google бифиристанд (https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSeKfZO9FF-pdWLsPmHbg3e5Z0L6eJRLRCxoV19Wdk8zYgez-g/viewform?vc=0&c=0&w=1&flr=0). Довталабон аз тарики озмун барои иштирок дар тренинг интихоб карда мешаванд. Шумораи иштирокчиён дар тренингҳо маҳдуд аст. Лутфан, дархости худро зудтар фиристед!
Телефон барои тамос: +992 93 506 3013 (Telegram/ WhatsApp)
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ