Бо назардошти маълумоти моҳи августи соли 2023 мавқеи ҷумҳурӣ боз якчанд мавқеъ поин рафт.
Дар радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи Speedtest Global Index аз рӯи суръати интернет бо назардошти маълумоти моҳи августи соли 2023, Тоҷикистон аз охири рӯйхат зинаи 6-умро ишғол мекунад: ҷойи 139-ум байни 145 кишвари ҷаҳон бо суръати боргирӣ (скачивание)-и 9.61 Мб/с ва боргузорӣ (загрузка)-и 5.71 Мб/с.
Дар зинаҳои баъдӣ аз Тоҷикистон Боливия, Венесуэла, Яман, Судон, Афғонистон ва Куба қарор доранд. Дар Куба, ки дар зинаи охир қарор дорад, суръати боргирӣ 4.34 Мб/с ва боргузорӣ - 6.76 Мб/с-ро ташкил медиҳад.
Байни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати интернети мобилӣ Озарбойҷон мақоми 54-ум, Қазоқистон - 63-юм, Қирғизистон - 79-ум, Русия - 94-ум, Арманистон - 98-ум, Ӯзбекистон - 101-ум ва Беларус зинаи 135-умро ишғол кардаанд.
Дар моҳи январ аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар мақоми 118-ум қарор дошт.
Дар зинаи охир аз рӯи суръати интернети ноқилӣ низ бо суръати боргирии 1.95 Мб/с ва боргирии 0.83 Мб/с Куба қарор гирифтааст.
Миёни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати интернети ноқилӣ Русия дар зинаи 57-ум, Қирғизистон - 88-ум, Ӯзбекистон - 89-ум, Беларус - 90-ум, Қазоқистон - 96-ум, Арманистон - 98-ум ва Озарбойҷон дар мақоми 120-ум ҷойгир шудаанд.
Ширкати Ookla-и Ирландия дар санҷиши шабакаҳои интернетӣ, барномаҳо ва технологияҳо дар ҷаҳон пешсаф буда, таҳиягари портали ҷаҳонии санҷиши суръати шабака - Speedtest мебошад. Дар портали Speedtest ҳамасола беш аз 10 миллион санҷиши корбарон доир мегардад, ки ба инъикоси манзараи бесобиқа ва ҳамаҷонибаи кор, сифат ва дастрасии шабакаҳо дар саросари ҷаҳон имкон медиҳад.
То имрӯз дар ин портал аз ҷониби корбарон зиёда аз 45 миллиард санҷишҳо (тестҳо) гузаронида шудааст.
Аз рӯи арзиши интернет Тоҷикистон дар мақоми 142-юм
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи радабандии Worldwide mobile data pricing, аз рӯи арзиши интернет тибқи маълумоти моҳи августи соли 2023, Тоҷикистон байни 237 кишвар мақоми 142-юмро ишғол мекунад. Охири соли 2022 кишвари мо байни 203 давлат дар зинаи 103-юм қарор дошт.
Таҳиягарони радабандӣ нархи миёнаро барои 1 гигабайти интернет дар Тоҷикистон бо нархи 1.65 доллар (нархи пасттарин - 0,17 сент ва баландтарин - 13,64 доллар) ҳисоб кардаанд.
Байни кишварҳои ИДМ дар радабандии арзиши интернет Қирғизистон зинаи 8-ум (нархи миёнаи 1 гигабайт – $0.17), Русия - 15-ум ($0.25), Ӯзбекистон - 22-юм ($0.30), Қазоқистон - 35-ум ($0.41), Беларус - 66-ум ($0.67), Арманистон - 88-ум ($0.98) ва Озарбойҷон мақоми 146-ум ($1.76)-ро ишғол мекунанд.
Сурат: аз top-net.ru