Солҳои охир мавқеъ ва нуфузи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, YouTube, Telegram ва «Одноклассники» дар пешниҳоди ҳар гуна иттилоъ бештар мегардад. Мо кӯшиш кардем, то фаҳмем, ки чӣ гуна ба онҳо бовар кардан мумкин аст?
Шабакаҳаи иҷтимоӣ ҷои расонаҳоро гирифтанд?
Шабакаҳои иҷтимоӣ имкон медиҳанд, ки бисёр вазифаҳои ВАО — расонидани иттилооти дахлдор ба аудитория, зарурати зуд гузаронидани пурсишҳо ва ғайраҳо ҳал карда шаванд. Аксари нашрияҳои чопӣ ва расонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои расмии худро доранд. Шабакаҳои иҷтимоӣ аз расонаҳо бо дастрасӣ, осонии истифода, суръати интишори иттилоот ва имкони гирифтани фикру мулоҳизаҳо фарқ мекунанд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ як абзори изофӣ барои таҳияи хабар барои рӯзномаҳо ва шабакаҳои телевизионӣ шудаанд. Зеро онҳо барои мардум дастрасанд. Мардум ба хабарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ зуд бовар карда, дар зери онҳо вокуниш нишон медиҳанд. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ аудиторияи бузург эътимод доранд.
Муносибати байни шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО-и анъанавӣ ҳарчи бештар печидатар мешавад. Истифодаи васоити ахбори иҷтимоӣ ҳамчун манбаи иттилоот як роҳи бештар маъмул ва осон барои гирифтани маълумот барои калонсолону ҷавонон мебошад. Васоити ахбори иҷтимоӣ ба журналистика таъсири мусбат мерасонад, аммо бо назардошти хабарҳои қалбакӣ, ғаразнок ва дорои мундариҷаи ташвишовар таъсири манфӣ низ дорад.
Баръакси платформаҳои хабарии анъанавӣ, аз қабили рӯзномаҳо ва сомонаҳои хабарӣ, платформаҳои васоити ахбори иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Twitter, Instagram, Telegram ва WhatsApp ба одамоне, ки омӯзиши касбии журналистика надоранд, имкон медиҳанд, ки хабарҳо ва пӯшишҳое эҷод кунанд, ки агентиҳои хабарӣ наметавонанд.
Дар баробари рушди технологияҳои интернетӣ дигаргуниҳои ВАО ба амал меоянд. Шабакаҳои иҷтимоӣ махсусан фарқ мекунанд. Онҳо торафт ба манбаи ахбор табдил меёбанд. Барои насли наврас Facebook ҳамчун манбаи асосии иттилооти сиёсӣ дар байни дигар васоити ахбори омма дар ҷои аввал аст. Барои 60% корбарони ҷаҳон ин шабакаи иҷтимоӣ канали асосии хабарист.
Ник Нюман, ходими Пажуҳишгоҳи омӯзиши журналистикаи REUTERS
Ба ақидаи Ник Нюман, ходими Пажуҳишгоҳи омӯзиши журналистикаи REUTERS дар давоми панҷ соли охир талабот ба васоити ахбори иҷтимоӣ камаш ду баробар афзуд. Ба ҳисоби миёна, барои ҳамаи кишварҳое, ки дар тадқиқот пайдо шудаанд, тақрибан 50% корбарон хабарҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори иҷтимоӣ мехонанд. Аз тарафи дигар, ин манбаи иттилоот барои онҳо ягона нест. Онҳо ҳоло ҳам телевизор тамошо мекунанд, газета мехонанд, радио мешунаванд. Танҳо баъзеҳо ба Интернет тамаркуз мекунанд.
“Мардум шабакаҳои иҷтимоиро дӯст медоранд, зеро онҳо доираи васеи афкорро пешниҳод мекунанд ва ба хабарҳо дастрасии зуд медиҳанд. Корбар ҳама чизро дар канали худ мебинад, ба вай лозим нест, ки тавассути сайтҳои сершумор сайр кунад. 24% корбарон бар ин боваранд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ имкони ошноӣ бо афкореро фароҳам меоранд, ки аз расонаҳои анъанавӣ фарқ мекунанд. Аммо вазъро бартарияти хабарҳои қалбакӣ вайрон мекунад. ВАО-и иҷтимоӣ як платформаи беҳтарин барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ мебошад. Ин ҷо “биҳиштест” барои ифротгароён ё тарафдорони ҳар гуна идеология. Албатта, ин аксиомаи универсалӣ нест. Вазъият вобаста ба ҳар кишвар гуногун аст”,- таъкид медорад номбурда.
Фейк
Фейк. Чӣ гуна онро фарқ кунем?
Имрӯз ҳар касе метавонад ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ дошта бошад ва вобаста ба манфиат ва ғарази худ ҳар чизе бинависад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама чиз осонтар аст, шунавандаҳо ва хонандаҳо зиёданд, барои навиштани эзоҳи кӯтоҳ ва муҳокимаву мулоҳиза шароити кофӣ мавҷуд мебошад. Маҳз аз ҳамин сабаб, фазои интернет барои доираҳои идеологию ақидатӣ ҷолиб мебошад. Воситаҳои ахбори оммаи расмӣ (рӯзномаҳо, радиоҳо, телевизион) барои онҳо пӯшидаанд, аз ин рӯ, имрӯз интернет ягона минбари дастрас мебошад.
Дар ҳар як шабакаи иҷтимоӣ ҳазорон гурӯҳҳои алоҳида созмон дода мешаванд, ки аксарияти онҳо бо номҳои мустаор ва иттилооти дурӯғ ба қайд гирифта мешаванд.
Ва аммо чӣ тавр бояд фейкро аз ҳақиқат фарқ кард? Фейк он касеро меноманд, ки шахсияташ номушаххас аст. Масалан дар профил ё саҳифааш сурати худаш нест ё сурате монда шудааст, ки шахсиятро аз рӯи он муайян кардан мушкил аст. Инчунин маълумоти шахсӣ надорад ё номушаххас аст.
Инчунин дар байни фейкҳо профилҳое дида мешаванд, ки сурати ягон шахси машҳур ва соҳибэҳтиром гузошта шудааст. Ин гуна одамон аз номи шахсиятҳо сӯйистифода мебаранд.
Чунончи, ба номи шахсони машҳур, аз қабили Рустами Эмомалӣ, Саидмурод Давлатов, Абдурозиқ Эгамов ва дигарон аккаунт кушода, дурӯғпароканӣ ва қаллобӣ мекунанд.
Хабарҳои фейкӣ чанд нишона доранд: сарлавҳаи нимкора, тарғибот, услуби пасти нигориш, сарлавҳаи номувофиқ, муҳтавои гумроҳкунанда, ҳазлу тақлиди масхараомез.
Солҳои охир дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи чунин одамон навиштани ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ ва фитнаангез зиёд ба чашм мерасад. Зимнан, боиси таассуф аст, ки чунин гурӯҳҳо ҳазорҳо корбару хонанда доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба хабари ҳассос таваҷҷуҳ доранд. Барои нест кардан ё ҳадди ақал кам кардани ин таваҷҷуҳ саводи расонаӣ лозим аст.
Аксарияти корбарони соддалавҳ вақте сарлавҳаи ҷолиберо мебинанд, бо пахши тугмаи «маъқул», «шарҳ» ё «мубодила» метавон гуфт, ки раванди паҳншавии овозаҳоро такон мебахшанд ва овозаҳо зуд ва бо суръати кайҳонӣ паҳн мешаванд. Маҳз ҳамин кор имкон медиҳад, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ сар ба шабакаҳои иҷтимоӣ зада, онро абзори паҳн кардани андешаву ақидаи нопоки худ қарор диҳанд.
Равоншиносон муайян кардаанд, ки одамон ба ҳодисаҳои нохуш, ҳассос ва криминалӣ зуд дода мешаванд. Аз ин рӯ, ин гурӯҳҳо маҳз ҳамин гуна хабарҳоро паҳн карда, манфиат ба даст меоранд.
Мардум бояд ба фейкҳо бовар накунанд ва онҳоро масдуд кунанд, зери пости онҳо шарҳе нанависанду вокунише нишон надиҳанд. Чуноне ки зикр кардем, ин кор боиси зудтар паҳн шудани мавод мегардад. Мардум бояд он хабарҳоеро хонанд, ки аз ҷониби одамони дорои шахсият, касбу кор, маҳали зист, ҷои таваллуд, суроғаи кор, рақами мобилии мушаххас гузошта шуда бошанд. Илова бар ин, сокинон бояд ахбори дурустро аз саҳифаҳои расмии сомонаҳои расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кунанд, чунки онҳо ба ҳар навиштаи худ ҷавобгар мебошанд.
Аз таҳаммулпазирӣ то саводи расонаӣ
Ҷои таассуф аст, ки сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз фаҳшу дашном ва суханҳои қабеҳ аст. Азбаски мардуми оддӣ, хусусан ҷавонон саводи расонаии кам доранд, ба ин гуна мавод зуд дода мешаванду вокуниш нишон медиҳанд, бехабар аз он, ки ҳар як вокуниши онҳо боиси бештар паҳн гардидани мавод мегардад. Бояд ба ин гуна мавод вокуниш нишон надод, балки шикоят ва масдуд (блок) кард. Роҳи дурусти поксозии фейкҳо ҳамин аст.
Мардум имрӯз бештар ба маводи диниву криминалӣ таваҷҷуҳ доранд. Касе, хоҳ мулло бошаду хоҳ шахси оддӣ, дар бораи дин чизе гӯяд, зуд ба ӯ мечаспанду таҳқиру тавҳину таҳдид карда, ҳатто барчаспи кофиру муртадро мезананд. Барои бартараф кардани ин мушкил таҳаммулпазирӣ лозим аст.
Абдулқодир Талбаков, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
Мисоли возеҳи ин вазъ фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Абдулқодир Талбаков мебошад, ки борҳо аз таҳқиру таҳдиди “фанатикҳо” шикоят кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳар рӯз аз тариқи мессенҷерҳо даҳҳо нафар ба ӯ дашному ҳақорат мефиристанд.
Аксар вақт тавҳину таҳқирҳоро фейкҳо ё ҳамон шахсони номушаххас анҷом медиҳанд. Ҳар як саҳифа ба худ маъмур дорад. Маъмурон бояд ин гуна шахсонро аз саҳифаашон пок кунанд ва корбарон бошанд, аҳамияте надиҳанд. Чунки ҳар вокунише аҳамият дорад.
Ба суоли “чаро одамон ба хабаре, ки бо далелҳо тасдиқ нашудаанд, ин қадар осон бовар мекунанд?” Ник Нюман, ходими Пажуҳишгоҳи омӯзиши журналистикаи REUTERS чунин ҷавоб додааст:
— Ҷаҳон дигар шуд. Пештар мо сарчашмаҳои расмии иттилоот доштем, ҳоло ҳама метавонанд ҳама чизро нашр кунанд. Ва, албатта, дар ин сурат корбарон намедонанд, ки ба кӣ эътимод кунанд. Онҳо мехоҳанд барои худ манбаи иттилоот пайдо кунанд, аммо наметавонанд.
Номбурда ояндаи шабакаҳои иҷтимоиро печида арзёбӣ карда, мегӯяд, ки имрӯз маълум аст, ки васоити ахбори иҷтимоӣ ба фаҳмиши бештари мундариҷа таваҷҷуҳ доранд. Хабарҳои қалбакӣ бояд бо мурури замон коҳиш ёбанд.
Аз хатар то далелҳои носанҷида
Одамон аксар вақт дар асоси иттилооте, ки дар ҷомеа гирифтаанд, даст ба интихоб мезананд. Албатта, хабарҳои қалбакӣ хатарҳои зиёде доранд. Агар одамон росту ботилро фарқ карда натавонанд, парешонхотирӣ ба амал омада, дар бораи масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайра нофаҳмии ҷиддӣ ба амал меояд. Ин вазъ эътимоди манобеи ҷиддии хабариро коҳиш медиҳад ва аксар вақт ба паёмадҳои бебозгашт оварда мерасонад.
Худ қазоват кунед: маълумоти бардурӯғ дар бораи бемориҳо метавонад одамонро водор кунад, ки дар бораи интихоби табобат қарорҳои нодуруст қабул кунанд. Донишҷӯён метавонанд аз сабаби истифодаи манбаъҳои беэътимоди омодагӣ ба имтиҳонҳо ҷои таҳсилро аз даст диҳанд.
Ахбори қалбакӣ бо муболиғаи манфӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё васоити ахбори омма ба обрӯ зарар мерасонад. Татбиқи чунин маҳсулоти иттилоотӣ ба имиҷи ширкат, фурӯши мустақим ё ташкили чорабинӣ таъсир мерасонад. Бо ёрии он ахлоқи одам вайрон мешавад. Баъзан ин ба зарари воқеӣ оварда мерасонад.
Омор
Дар Тоҷикистон корбарони интернет хеле зиёданд. Тибқи тадқиқотҳои сотсиологие, ки дар рисолаи илмии “Молодежь Центральной Азии. Таджикистан. На основе социологического опроса” (Алмато. 2017 -С.124)” ҷой гирифтааст, 33,3% истифодабарандагони сомонаҳои интернетиро ҷавонон ташкил дода, 66,7%-и онҳо бошанд, ба он пайвастагӣ надоранд. Агар мо ба вақтҳои истифодабарии Интернет диққат диҳем, дар маҷмуъ, аз онҳо 53,5%-и корбарони интернет дар қаламрави кишвар ҳаррӯза ба сомонаҳои интернетӣ, махсусан «Одноклассники» ва «Facebook» пайвастагӣ доранд, вале 46,5% ақаллан дар як ҳафта як бор ва ё ду бор ба интернет пайваст мешаванд. Тадқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки аксари истифодабарандагон аз ҳисоби ҷавонони шаҳр мебошанд (яъне, 68,2% ҷавонони шаҳр ва 41,8% ҷавонони деҳот).
Вобаста ба минтақаҳои истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе 65%, ВМКБ — 50%, вилояти Суғд — 43%, НТМ — 33,5% ва вилояти Хатлон 14,3%-ро ташкил медиҳанд.
То моҳи декабри соли 2019 дар Тоҷикистон 645 500 нафар истифодабарандагони Facebook ба қайд гирифта шудаанд, ки 6,8% аҳолии кишварро ташкил дода, аксарияти онҳо мард мебошанд (78,1%). Ё ин ки 302 000 одамони аз 25 то 34-сола ҳамчун калонтарин гурӯҳи истифодабарандагон арзёбӣ шудаанд. Яъне, корбарони ин шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварамон аслан ҷавононанд.
Чӣ бояд кард?
Усули ягонаи мубориза бо чунин мавҷи паҳншаванда — ин санҷидани маълумот аз ҷониби корбарон мебошад. Барои фарқ кардани хабари дурӯғ аз рост ва фейк аз ҳақиқат саводи расонаӣ лозим аст. Дарки иттилоот аз инсон маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва таҳаммулпазириро талаб мекунад. Одамони сатҳи маърифату ҷаҳонбинии гуногун иттилоъро ба тарзи худ мефаҳманд ва бархӯрд мекунанд.
Фақат бо пешниҳоди тавсияҳое ба монанди таблиғи фарҳанги истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, пурзӯр намудани муқаррароти қонунгузорӣ дар ин самт, таблиғи оқибатҳои манфии истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ, назорати оила, ҷомеа ва давлат дар ин самт, маҳдуд намудани имкониятҳои ноболиғон барои дастрасӣ ба унсурҳои номатлуби интернет мехоҳем муносибат дар ин самт ба куллӣ тағйир дода шуда, аз дониш, тафаккур ва ақл кор гирифта шавад.
Мардум бояд таҳаммулпазир бошанду саводи расонаӣ дошта бошанд. Саводи расонаӣ кумак мекунад, то саҳеҳияти хабар санҷида шавад. Ахлоқ бояд меҳвари асосии баҳсу шарҳнависӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад.
https://pressa.tj/shabaka%d2%b3oi-i%d2%b7timo%d3%a3-manbai-ittilo-yo-dashnomu-ta%d2%b3%d2%9bir/