Хабар хурдтарин ва то пайдоиши интернет серистифодатарин жанри журналистика ба шумор мерафт. Иддаое вуҷуд дорад, ки дар оянда эҳтимол журналистикаи хабарӣ ба нафъи шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет аз байн хоҳад рафт.
Зимнан, масъулони нашрияҳои машҳури дунё ҳоло дар фикр задаанд, ки бо хабар чӣ кор кунанд: онҳоро нашр намоянд ё аз баҳраш гузаранд?
Нашрияҳое, ки хабарро ҳоло ҳам муҳим медонанд, талош доранд, онро бо шеваи наву ҷолиб барои мухотабон пешниҳод кунанд ва агар фавриятро соҳиб нестанд, бо ҷолибият мавқеи худро аз даст надиҳанд. Барои ҳамин усулу қолабҳои гуногунро фикр мекунанд.
Нашрияҳои Тоҷикистон дар ин бора чӣ фикру чӣ амал доранд?
Воқеан, ҳудуди 15 сол қабл, ки Тоҷикистон нашрияи ҳаррӯза надошт, раиси вақти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон равоншод Акбари Саттор дар нишастҳо гоҳҳо нимшӯхию нимҷиддӣ мегуфт: “азбаски нашрияҳои мо ҳафтае як бор ба табъ мерасанд, “ҳафтафаҳм” шудаем”…
Аммо охири августи соли 2010 дар кишвар аввалин нашрияи ҳаррӯза бо номи “Имрӯз News” пайдо шуд ва он ҳам хусусӣ. Аммо сардабири аввалини рӯзнома он замон иддао дошт, ки “Имрӯз News” равиши таҳлилию хабариро пеш мегирад ва танҳо бо хабаргузорӣ маҳдуд намешавад.
Ҳоло “Имрӯз News” дар чор саҳифаи А 3 ва он ҳам на ҳамеша чоп мешаваду аксари матлабҳояш бозчоп аз нашрияву расонаҳои дигари хабарӣ, ғолибан АМИТ “Ховар” аст.
Пас аз ин рӯзномаи мустақил, “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии Тоҷикистон ҳам чопи ҳаррӯзаи худро роҳандозӣ кард. Ҳамин тавр, дар кишвар ду навъи нашрияҳо пайдо шуд: ҳаррӯза ва ҳафтаина.
Мунаққиди “Хабарнигори мусоир” шумораҳои охирини матбуоти даврии кишварро варақ зад, то маълум кунад: хабар дар онҳо чӣ ҷойгоҳ дорад?
Хабарҳои худии нашрияҳои ҳукуматӣ
Ба таври маъмул, мо нахуст нашрияҳои давлатӣ ва баъдан рӯзномаву ҳафтаномаҳои хусусии Тоҷикистонро варақ задем.
Нашрияи №1-и кишвар – “Ҷумҳурият”, ки аз душанбе то ҷумъа, дар як ҳафта 5 маротиба ба нашр мерасад, нисбатан бештар хабар интишор мекунад. Ин рӯзнома таваҷҷӯҳашро ба хабарҳои дохилу хориҷи кишвар равона кардааст.
Дар шумораи рӯзи душанбе, 24-уми апрел рӯзнома хабарҳое чун “2-юми май гузаштани Конгресси ҳаштуми CAFA дар Душанбе ва номзадии ягонаи Рустами Эмомалӣ дар он”, “дар нимаи дуюми моҳи май баргузор шудани конфрос оид ба тағйироти иқлим дар пойтахт” ва “боздиди 24 ҳазор нафар дар семоҳаи аввали соли 2023 аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд” ба чоп расонидааст.
Ҳамин тавр, рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар ин нашраш ба яке аз хабарҳои доғи рӯз – латукӯби сарбозон дар қисми ҳарбӣ – таваҷҷӯҳ зоҳир карда, иттилоияи Прократураи генералиро дар шакли комил мунташир намудааст.
Дар шумораи рӯзи сешанбе, 25-уми апрел, “Ҷумҳурият” зери се рубрика хабар чоп намуд: “Тоҷикистон”, “Ҷаҳон” ва “Ҷаҳон дар як сатр”.
Зери рубрикаи “Тоҷикистон” хабарҳои дохили кишвар, ба мисли ҷаласаи навбатии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, мулоқоти Равшан Раҷабзода – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо Шама Фарук – менеҷменти як барномаи СММ ва ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи кишварҳои узви СҲШ ба нашр расидаанд.
Дар рубрикаи “Ҷаҳон” бошад, хабарҳо роҷеъ ба додани калидҳои хонаҳои нав ба осебдидагони заминларза дар Туркия, баргузории як анҷумани иқтисодии АвруОсиё дар Екатеринбург ва мулоқоти президенти Озарбойҷон бо вазири мудофиаи Гурҷистон чоп шудаанд.
“Ҷаҳон дар як сатр” хроникаи хабарҳои муҳимми расонаҳои маъруфи ҷаҳон аст ва дар як сархат пешниҳоди хонанда гардидааст.
Бояд гуфт, рубрикаҳои “Ҷаҳон” ва “Ҷаҳон дар як сатр” ду рубрикаи қариб ҳамешагии ин рӯзнома ба ҳисоб меравад ва онро рӯзноманигорон Лашкар Шарифзода ва Сайфулло Ашуров таҳия мекунанд.
Баробари ин, дар шумораи 25-уми апрел як қатор хабарҳои дигар ҳам ба назар мерасанд. Мо метавонем аз “Ифтитоҳи осорхонаи ДМТ”, “Ҳамоиши нозирони ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” ё “Ҳисор: кишти пахта бо усули замонавӣ” ном бигирем.
Дар шумораи рӯзи чоршанбе, 26-уми апрел, низ дастикам се хабар дида мешавад.
Дар ҳамин ҳол, қолаби хабарнависӣ ва интихоби ахбор дар ин нашрия мавзӯи васеъ аст, ки ба он ҳоло мурур нахоҳем кард.
“Минбари халқ” – нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки ҳафтае як бор ба табъ мерасад, маъмулан ахбори марбут ба ҳизбиро нашр мекунад. Ё агар ҷаласаи ҳукумат ва ё сафарҳои президент баргузор шуд, хабарҳои ин нашрияи ҳизбӣ ба онҳо мутамарказ мешаванд.
Масалан, дар шумораи 26-уми апрелии худ дар ҳаҷми як саҳифа зери рубрикаи “Ҳаёти ҳизб” хабарҳои марбут ба кори ҳизбро ба табъ расонидааст.
Ҳамин тавр, метавон тахмин зад, ки ахбору ба истиллоҳ гузориш аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар шумораи пешорӯ ба нашр хоҳад расид.
Дар шумораи рӯзи 26-уми апрели нашрияи русии ҳукуматии “Народная газета” ҳам беш аз 10 хабар дар гӯшаҳои гуногун ва саҳифаҳои охираш мунташир шудааст. Ин хабарҳо дар робита ба сохтани қисми дуввуми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма, омодагии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба мавсими тирамоҳ-зимистони соли 2023-2024, баргузории фестивал-озмуни “Парасту-2023” ва чанде дигар вохӯриву нишастҳои масъулини ниҳодҳои давлатии кишвар мебошанд.
Дар омади гап, ба назар мерасад, ки масъулини “Народная газета” гоҳо хабарҳоро барои “пур кардани саҳифа” гирдоварӣ кардаанд. Ҳол он ки солҳои қаблӣ як раванди ҷолиб дар ин нашрия эҳсос мешуд: хабарҳои ба назар “хушк”-и расмиро бо сарлавҳаҳои нисбатан ҷолиб пешниҳод мекард.
Нашрияҳои хусусӣ чӣ хусусият доранд?
Дар нашрияҳои хусусии кишвар низ хабарҳои гоҳо наву гоҳи дигар кӯҳнаро дидан мумкин аст.
Масалан, ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар саҳифаи 2-юми худ таҳти гӯшаи “Ҳафтае, ки гузашт” хабарҳои ба қавле муҳими ҳафтаи сипаришударо ба чоп мерасонад. Дар шумораи 26-уми апрел нашршуда ин ҳафтавор дар ин саҳифа аз “сафари дар пеш будаи Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон” то “ба Душанбе омадани ҳамтои руси Шералӣ Кабир” 4 хабар ба табъ расонидааст.
Дар саҳифаи 10 зери рубрикаи “Варзиш” дар хабарҳои охирини ҷудо (Набарди Лоиқ Раҷабов дар UFS), бокс (Шикасти Шавкат Раҳимов аз Ҷо Кордина), футбол (Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар CAFA NATIJNS CUP 2023) ва “резаахбор” (хроника) сафари варзишгарони тоҷик ба хориҷи кишвар чоп гардидаанд.
Ҳамчунин, дар саҳифаи 11-и “Тоҷикистон” зери рубрикаҳои “Ҳодиса” ва “Ҷиноят ва ҷазо” (дар ин рубрика қариб ҳар ҳафта хабарҳои ВКД ва РВКД дар Душанбе нашр мешавад) 5 хабари “доғи ҳафта” чоп шудаанд.
Ҳамин тавр, дар саҳифаҳои гуногуни ин шумораи ҳафтанома бошад, хабарҳои дар идомаи ҳафта дар расона ва ҳатто дар сомонаи худи ҳафтанома чопшуда бознашр гардидаанд. Мо аз хабарҳои “10 хатсайр дар Душанбе иваз мешаванд”, “Фоҷеа дар Панҷакент” ё “Садамаи маргбор дар Душанбе” мисол оварда метавонем.
Ҳафтаномаи дигари хусусии кишвар – “Фараж” вақтҳои охир дар ҳар шумора хроникаи хабарҳои расонаҳои миллӣ ва байналмилалиро ба хонандагонаш пешниҳод мекунад. Ин ҳафтанома ҳам як саҳифаи “Варзиш”-ӣ дорад, ки ҳарҳафтаина хабарҳои охирини варзишро ба нашр мерасонад.
Ҳафтаномаи “Самак” ҳам тайи яксолаи охир дар саҳифаи 3-юмаш таҳти рубрикаи “Хабари ҷаҳон” ҳаводиси тайи ҳафта дар мамолики гуногуни олам рухдодаро ба чоп мерасонад.
Дар шумораи 27-уми апрел дар ин саҳифа: хисороти як таркиш дар Покистон, таҳдиди Медведев бо аслиҳаи ҳастаӣ, изҳороти СММ ба вазъи ногувор дар Судон, пешниҳод кардани номзадии худ дар интихоботи президентии ИМА аз ҷониби Байден ва бозёфти киштии ҷопоние, ки 80 сол пеш дар назди Филипин ғарқ шуда буд, мунташир шудаанд.
Ҳамин тавр, дар кишвар рӯзномаву ҳафтаномаҳои хусусие чун “Имрӯз News”, “Дунё” ва “Дайджес-Пресс” мунтазам хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳонро ба нашр мерасонанд.
“Ҷуғрофиё”-и нодурусти хабар ё коҳилии журналистон?
Дар робита ба он ки дар матбуоти даврӣ хабар нашр шавад ва ё на, коршиносон байни ҳам ба тавофуқ намеоянд: яке ин равандро комилан хато медонад ва дигаре роҳи ҳал мекобад…
Ба назари журналист Раҷаб Мирзо, матбуоти Тоҷикистон метавонад ҳоло ҳам ба хабар ҷойгоҳи махсус бидиҳад, аммо на дар ин шевае, ки ҳоло фаъол аст.
Ӯ мегӯяд, дуруст аст, ки дар дунё интернет ҷойгоҳи журналистикаи хабариро танг кардааст. Аммо Тоҷикистон як “бартарӣ” дорад: чун интернети заиф ва он ҳам гарон дорад ва имкони дастрасии ҳамагониро хоса дар деҳоти дурдаст соҳиб нест.
“ИН БАРОИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ “ХӮРОКИ ТАЙЁР” АСТ ВА ОНҲО МЕТАВОНАНД ХОНАНДАИ ХУДРО АЗ ҲИСОБИ МАРДУМИ ДЕҲОТИ ДУРДАСТ ПАЙДО КУНАНД. ДАР АКСАРИ НАВОҲИИ АЗ ҶУМЛА ДУРДАСТ БА ШАКЛЕ ШАБАКАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАСТРАСАНД. ЯЪНЕ, АГАР МАТБУОТ “МАВҚЕИ ҶУҒРОФӢ”-И ХУДРО АЗ ШАҲР БА ДЕҲОТ ИНТИҚОЛ БИДИҲАД, ИМКОН ДОРАД, ХОНАНДАИ БЕШТАРРО СОҲИБ ШАВАД”, – ЗИКР МЕКУНАД РАҶАБ МИРЗО.
Ин журналист меафзояд, ки такяи бештар ба ахбори расмӣ зарурат надорад, чун ТВ ва радио онро мерасонад. Аммо ахбори дигари муҳимтарро, ки шабакаҳои ТВ ва радио аслан ба мардум намерасонанд, матбуот метавонад “аз худ” кунад. Барои ин каме мустақилият ва донистани усулҳои ҷолиби бозорёбӣ зарур асту бас.
Дар ҳамин ҳол, журналист ва таҳлилгар Бахтиёр Ҳамдамов ин назарро намепазирад ва мегӯяд, “баъд аз тавсеа ёфтани интернет, ҳатто рӯзномаҳое, ки ҳамарӯза нашр мешаванд, имконоти паҳн кардани ахборро аз даст додаанд”.
“Онҳо мавқеи худро дар ҷомеа танҳо дар ҳолате ҳифз карда метавонанд, ки маводҳои муаллифӣ ва таҳлилиро нашр кунанд. Бознашр кардани хабаре, ки аз тариқи дигар воситаҳои паҳнкунии иттилоот дастраси мардум шудааст мантиқан дуруст нест ва мавқеи онҳоро дар бозори иттилоот ба сифр барорбар мекунад”, – мегӯяд Ҳамдамов.
Ба ақидаи Бахтиёр Ҳамдамов, матбуот танҳо дар ҳоле, ки саҳифаҳои худро дар интернет боз кунад ва аз хизматҳои рӯзноманигории иҷтимоӣ (шаҳрвандӣ) истифода намояд, имкон дорад, ки фаврияти дастрасии иттилоотро ба ҷомеа таъмин намояд.
Пас матбуоти тоҷик кай имкон ба даст меорад, ки аз нашри хабар даст кашад?
Мавзӯи баҳснок…