РУБРИКАИ НАВ. Сомонаҳои расмии мақомоти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва Роғун чаро ба талабот ҷавобгӯ нестанд?
     TJ RU EN
05:26 / 2024-11-16

РУБРИКАИ НАВ. Сомонаҳои расмии мақомоти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва Роғун чаро ба талабот ҷавобгӯ нестанд?

20230412 KhovarМоҳи июни соли 2017 бо Қарори Ҳукумати мамлакат Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет тасдиқ ва барои иҷро ба вазорату идораҳо ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуд. Ҳадаф аз таҳия ва тасдиқи Қоидаҳои мазкур ташаккул ва рушд додани ҳукумати электронӣ, таъмини иҷрои қонун дар бораи дастрасӣ ба иттилоот мебошад. Бо гузашти 6 сол аз тасдиқи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмӣ дар шабакаи Интернет аз тарафи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корҳои муайян иҷро карда шуд. Вале дар ин самт камбудиҳо, мутаассифона, ҳоло ҳам зиёд аст.

Барои муайян кардани тартиб ва рафти иҷрои Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмӣ дар шабакаи Интернет сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, ба ҳолати моҳи январи соли 2022 ҳудуди шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ (ШНТҶ) шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Роғун, Турсунзода, ноҳияҳои Варзоб, Лахш, Нуробод, Рашт, Рӯдакӣ, Сангвор, Тоҷикобод, Файзобод ва Шаҳринавро бо шумораи зиёда аз 2 миллиону 101 ҳазор аҳолӣ фаро мегирад.

Барои таҳияи сомонаҳои расмӣ чӣ зарурат аст ва онҳо кадом талаботро бояд иҷро кунанд?
Дар боби 2 Қоидаҳо гуфта шудааст, ки дар вақти таҳия ва фаъолияти сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарурат ва талаботи зерин ба инобат гирифта шавад:

  • зарурати ба сомонаҳои расмӣ дохил намудани механизмҳои дастгирии муколамаи доимӣ ва ҳамкорӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои ниҳоят муҳим ва масоили рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва давлат;
  • талаботи воқеӣ ва минбаъдаи шахсони воқеӣ (аз рӯи гурӯҳи аҳолӣ) ва ҳуқуқӣ (аз рӯи намуди фаъолият) ба захираҳои иттилоотӣ ва хизматрасонии сомонаҳои расмӣ;
  • таъмини фасеҳӣ ва фаврият дар танзим ва навкунии инфрасохтори сомонаҳои расмӣ барои ҳалли вазифаҳои ҷорӣ ва минбаъда;
  • ба сомонаи расмӣ ворид намудани нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
  • дар саҳифаи аввали сомонаи расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷойгир намудани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020»;
  • дар саҳифаи аввали сомонаҳои расмии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷойгир намудани барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо».

Дар қисмати талаботи Қоидаҳо зикр шудааст, ки

  • бо мақсади ҳамгироӣ ба захираҳои ҷаҳонии иттилоотӣ суроғаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд бо се забон (забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) муайян карда шавад. Масалан, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон — www.vkh.tj, www.mid.tj, www.mfa.tj.
  • суроғаҳои сомонаҳои раёсат ё шуъбаҳои алоҳида дар дастгоҳи марказии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд ҳамчун ҷузъи алоҳидаи сомонаи расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дастрас бошанд.
  • Ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд суроғаи доимӣ барои қисмҳои алоҳидаи сомонаи расмӣ, ба мисли «Навигарӣ», «Форум», «Вазифаи холӣ» ва «Ҳуҷҷатҳо» дошта бошанд.
  • Воҳидҳои минтақавии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд суроғаҳои минтақавӣ ва соҳавиро ҳамчун домени сатҳи поёнӣ аз суроғаи минтақа, вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дошта бошанд.
  • Истифодабаранда бояд имконият дошта бошад, ки ҳар лаҳза ҳангоми азназаргузаронии сомонаи расмӣ тавонад аз як шакл ба дигараш гузарад. Агар саҳифаи азназаргузаронидашаванда ҳангоми гузариш ба забони дигар ҳаммаънои худро надошта бошад, он гоҳ бояд гузариш ба саҳифаи аввали сомона бо забони интихобшуда сурат гирад.

Оид ба тартиби ҷустуҷӯ ва гирифтани иттилоот Қоидаҳо чунин шартҳоро гузоштааст: Иттилооти дар сомонаи расмӣ пешниҳодшуда бояд пурра, дақиқ ва мубрам бошад. «Модули ҳамкории шаҳрвандону ташкилот бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо маҷмуи хизматрасониҳо таъмин карда шуда, ба шаҳрвандон ва ташкилот имконият медиҳад, ки тавассути Интернет маълумот ё иҷозати заруриро (пурра ё қисман) дархост кунад ва гирад. Сомона метавонад имконияти ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот фиристодани шакли пешбинишудаи ҳисоботдиҳиро (андоз, омор) низ пешниҳод намояд. Ғайр аз интерфейси мувофиқ, ки ба шаҳрвандон ва намояндагони ташкилот бо сатҳи гуногуни истифодаи дастгоҳи алоқа (компютер, телефони мобилӣ, смартфон ва ғайра) имконият медиҳад ба осонӣ маълумоти худро омода ва ирсол намоянд, низом бояд ҳифзи зарурии махфияти иттилоотро таъмин намояд.

Ҳамчунин модули «Пурсишҳо» зарур мебошад, ки барои омӯхтани пешниҳодҳои истифодабарандагони сомона дар бораи афзалияти ягон масъалаи ҳалталаб ва усулу роҳҳои ҳалли он истифода бурда мешавад.

Ҳамчунин тибқи талаботи Қоидаҳо сомонаи расмӣ ҳангоми зарурат метавонад иттилоотро дар бораи тендерҳо байни ташкилот ва корхонаҳо ҷиҳати анҷом додани ин ё он кор барои эҳтиёҷоти давлатӣ пешниҳод намояд; дар сомона эълон дар бораи тендер, шартҳои иштирок дар он ва маҷмуи шаклҳои махсус, ки бояд довталаб онро пур кунад, интишор карда мешавад.

Сомонаҳои расмӣ бояд барои дастрасӣ аз дастгоҳҳои мобилӣ (телефони мобилӣ, смартфон ва ғайра), инчунин барои дастрасии шахсони имконияташон маҳдуд бо роҳи пешниҳоди низоми овоздоркунии муҳтавои иттилоотӣ мутобиқ карда шаванд.

Тавассути сомонаҳои расмӣ вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд хизматрасонии пардохтшавандаи давлатӣ пешниҳод намоянд.

Сомонаи расмӣ – оинае, ки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳоро инъикос мекунад
Ҳамин тавр, мақсади таҳияи сомонаҳои расмӣ ҷорӣ намудани «механизмҳои дастгирии муколамаи доимӣ ва ҳамкорӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои ниҳоят муҳим ва масоили рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва давлат» – маънидод шудааст. Ба ибораи дигар, сомонаи расмӣ – оинаест, ки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳоро инъикос мекунад ва мантиқан робитаи мустақими сокинони маҳалро бо сохторҳо ва роҳбарони сатҳи миёнаи ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар маҳалҳо таъмин мекунад.

Ба касе пӯшида нест, ки давоми чанд соли охир сокинони мамлакат ба таври фаровон, беҳудуд аз имконияти Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Бинобар сабаби набудани ягон навъи маҳдудияти ахлоқӣ наворҳои мухталиф дар шабакаҳо чарх мезананд, ба афкор ва назару мавқеи шахсони алоҳида кӯшиши таъсиррасонӣ анҷом дода мешавад. Пас чаро аз ҳамин гуна имконият, яъне Интернет мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет истифода намебаранд? Ҳол он ки Қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 30 декабри соли 2011 тасдиқ шудааст.

Ранг бину ҳол пурс
11 апрели соли 2023 бо мақсади шинос шудан ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи шабакаи ҷаҳонии Интернет ба сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ: Ваҳдат (http://www.vahdat.tj), Ҳисор (http://www.hisor.tj), Роғун (https://roghun.tj) ва Турсунзода (http://tursunzoda.tj) ворид шудем.

Баробари кушодани сомонаҳои расмии шаҳрҳои зикршуда шабакаи ҷаҳонии Интернет хонандаро аз он огоҳ мекунад, ки сомона сертификати муҳофизат надорад. Надоштани сертификати муҳофизат аллакай нахустин паёмест, ки хонандаро аз ворид шудан ба сомонаи расмӣ бозмедорад. Илова ба ин, сертификати муҳофизат, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, барои ба таври фаврӣ ва бо сифати баланд паҳн шудану кушода шудани суроғаи сомонаҳои расмӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет мусоидат мекунад.

Қисми асосии саҳифаи аввали сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат сафед (холӣ) буда, тақвим аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз 11 апрели соли 2023 буда, гармии ҳаво 22 дараҷа аст. Дар қисмати поёнии саҳифаи аввал мақолаи таҳлилии Абдуллои Раҳнамо “Таҷовузгар кист?” бо забони русӣ, аз 23 ноябри соли 2022, Паёми табрикии Раиси шаҳри Ваҳдат аз 8 сентябри соли 2022, хабари АМИТ «Ховар» аз 14 сентябри соли 2022 ҷойгир шудаанд. Сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бахши русӣ ва англисӣ надорад. Умуман сомонаи расмии шаҳри Ваҳдат ба ягон талаботи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет ҷавобгӯ нест.

Пурсида мешавад, ки магар раиси шаҳри Ваҳдат, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва дигар шахсони масъул дар асри иттилоот қарор надоранд ва аз имконияту захираҳои интернет огоҳ нестанд? Наход давоми зиёда аз 6 моҳ дар шаҳри Ваҳдат ягон рӯйдоди муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ нашуда бошад, ки дар сомонаи расмӣ аз ҷараёни он ягон гузориш, хабар, мақола нест? Магар роҳбарияти шаҳри Ваҳдат даст болои даст, дар ҷойи кор бекор нишастаанд? Агар, ки дар кор ҳастанд, чаро аз фаъолияти худ хабару гузориш барои сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама, барои сокинони шаҳру ноҳияи Ваҳдат пешниҳод намекунанд? Ҳол он ки тавре таъкид намудем, аср асри иттилоот аст ва бештари аҳолӣ аз интернети мобилӣ васеъ истифода менамоянду сокинони шаҳри Ваҳдат ҳатто аз навигариҳои шаҳри худ бехабаранд. Магар дар мақомоти шаҳри Ваҳдат шахси масъули идеология вуҷуд надорад???

Дар сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба ҳолати 11 апрел хабарҳои зерин ҷойгир шудаанд: “Баргузории фестивали ҳафтаи китоб” аз 5 апрели соли 2023, “Чорабинии идона бахшида ба рӯзи даъватшаванда” аз 1 апрели соли 2023, гузориш таҳти сарлавҳаи “Хуш омадӣ Наврӯзи Аҷам” аз 21 март. Саҳифаҳои бахши русӣ ва англисӣ холӣ мебошанд. Шояд бо сабаби аҳамияти сратегӣ доштани шаҳри Роғун бошад, ки шумораи онҳое, ки давоми 7 рӯзи охир сомонаро кушодаанд, 971 нафарро ташкил додааст:

  • Истифодабарандагони онлайн: 1
  • Боздидҳои имрӯза: 47
  • Боздидҳо давоми 7 рӯзи охир: 971
  • Ташрифкунандагони умумӣ: 117308
  • Сабтҳои умумӣ: 323
  • Ҳамагӣ шарҳҳо: 0
  • Охирин сабт: 05.04.2023

Вале аҷиб ин аст, ки шумораи телефонҳои масъулони сомонаи расмӣ ҳамагӣ аз 0 иборат аст:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Роғун
Тел: +992 (37) 000-0000
Факс: +992 (37) 000-0000
Почтаи эл: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
http://roghun.tj/
аз 08:00 то 17:00

Дар боби 6 Қоидаҳо, банди 82 гуфта шудааст: “Нишондиҳандаҳои зерини боэътимодӣ ва маҳсулнокии сомонаи расмӣ муайян карда мешаванд: «фаъолнокӣ 24 соат дар як шабонарӯз, 7 рӯз дар як ҳафта. Вақти боздошти фаъолияти сомонаи расмӣ бо мақсади таъмини корҳои техникии банақшагирифта бояд аз 3 соат дар як моҳ зиёд набошад».

Сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода 11 апрели соли 2023 дар саҳифаи аввал маводи зеринро барои хонандагон пешниҳод карда буд: “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” аз 21 декабри соли 2021, “Паёми Сарвари давлат – дастурамал ва роҳнамои фаъолият”, матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олӣ” аз 26 декабри соли 2018.

Дар қисмати поёнии саҳифаи аввал хабарҳои “Аз фаъолияти семоҳаи аввали соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд”, “Паёми табрикии раиси шаҳр ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз” ва хабарҳои боқимондаи сомонаи расмӣ аз солҳои 2022 ва 2021 дар саҳифаи аввали сомона ҷойгир ҳастанд. Чунин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки ба мундариҷа ва муҳтавои сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муносибати хунукназарона карда мешавад.

Дар саҳифаи русии сомонаи мазкур хабарҳо 5-сола шудаанд, яъне ҳанӯз аз соли 2018 дар саҳифаи аввали бахши русии сомона ҷойгир ҳастанд.

Дар муқоиса бо сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Роғун сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нисбатан беҳтар ба назар мерасад. Аммо таҳиягарон ва масъулони сомонаи мазкур на ҳамаи талаботи Қоидаҳои ягонаро иҷро кардаанд. Дар сомонаи расмии шаҳри Ҳисор мисли дигар сомонаҳои расмии шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ хабару гузоришҳои замони гузашта – солу моҳу рӯзҳои пешин ҷойгир буда, дар бахшҳои (ба қавли сомонаи расмӣ соҳаҳои – А.С.) саноат, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, меъморӣ, ҳолатҳои фавқулода ягон хабар, мақола ва ё гузориш ҷойгир карда нашудааст. Масъулони сомона оид ба нишонии сомона маълумот пешниҳод накардаанд.

Хоҷам боғ дорӣ? Дорам!
Ҳамин тавр, омӯзиши муқаррарӣ нишон медиҳад, ки роҳбарони шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ дар масъалаи иҷрои Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет тибқи масали халқии “Хоҷам боғ дорӣ? Дорам!” муносибат карда, аз имконоти фаровони шабакаи ҷаҳонии Интернет ба таври зарурӣ истифода намебаранд, фаъолияти рӯзмараи худро барои сокинони мамлакат муаррифӣ намекунанд, аз мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумот намедиҳанд, ба имконияти минбари беминнат – Интернет муносибати ғайрикасбӣ ва номувофиқ нисбат ба замон нишон медиҳанд.

Дар мақолаҳои навбатӣ оид ба ҳолати сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод карда мешавад.

АКС: скриншот аз сомонаҳо

https://khovar.tj/2023/04/rubrikai-nav-ukumati-elektron-vo-eiyat-imkoniyat-munosibat-mundari-ai-somona-oi-rasmii-ma-omoti-i-roiyai-okimiyati-davlat-dar-sha-ru-no-iya-oi-tobei-um-ur-chiro-ifoda-mekunad/


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима