Масъули ин ниҳод гуфт, ҳар нафаре, ки даромад ба даст меорад, бояд андоз пардохт кунад
Ҳафтаи гузашта дар идораи “Азия-Плюс” бо ширкати рӯзноманигорону блогерон ва намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон дар мавзӯи “Андозбандии фаъолияти блогерӣ дар Тоҷикистон” мулоқот баргузор гардид.
Ҳадафи чорабинӣ шарҳи ҷанбаҳои қонунии андозбандии блогерон ва ба таври сода фаҳмонидани роҳҳои пардохти андоз ба онҳо буд.
Мулоқоти мазкур дар пасманзари баҳси андозбандии блогнависон дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд.
Ба саволҳои рӯзноманигорон ва блогерон, Собирҷон Вазиров, муовини сардори Раёсати такмили қонунгузорӣ, Акобир Садриддинов, сардори шуъбаи маъмурикунонии андози Раёсати тиҷорати электронӣ ва Ҳамза Баҳодуров, мутахасиси Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон посух доданд.
Собирҷон Вазиров, муовини сардори Раёсати такмили қонунгузорӣ аз набудани тафаккури системавӣ дар бораи андоз ва андозбандӣ дар кишвар изҳорӣ нигаронӣ карда, гуфт, бештари аҳолӣ дар бораи андоз, системаи кори он, таҳияи қонунҳо дар ин самт ва тарзи фаъолияти мақомоти андоз маълумот надоранд.
“Бе андоз давлат вуҷуд дошта наметавонад ва ба умед набояд шуд, ки бо мурури замон, меъёри андозҳо кам карда мешаванд”, - гуфт ӯ.
Собирҷон Вазиров, корманди Кумитаи андоз (аз чап) ва Абдумалик Қодиров, роҳбари Медиа-Алянси Тоҷикистон
Ӯ ҳадафи аслии ислоҳоти андозии соли 2022 гузаронидаро “дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ” номида, таъкид кард, ки “дар тамоми ҷаҳон меъёри андозҳо тадриҷан баланд карда мешавад”.
“Азия-Плюс” посухи чанд саволи муҳими ин вохӯриро ба хонандагон пешниҳод мекунад:
- Дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуми “блогер” шарҳ дода нашудааст. Кумита киро блогер медонад, ки андоз супорад?
- Ҳамаи онҳое, ки даромад ба даст меоранд, аз он бояд андоз пардохт кунанд. Блогерҳо низ. Принсипи асосии қонунгузории андоз даромад аст. Зикри мафҳуми мушаххас шарт нест.
- Шахсони воқеие, ки аз фаъолияти блогерӣ даромад ба даст меоранд, аз рӯйи кадом банди қонун андозбандӣ мешаванд?
Ду намуди даромад ҳаст: фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ.
Соҳибкорӣ фаъолияти доимиест, ки ҳадафаш гирифтани даромад аст.
Ғайрисоҳибкорӣ фаъолияти ғайридоимӣ аст. Яъне, шахс дар вақти берун аз кори асосӣ анҷом медиҳад, даромад мегирад, вале ҳадафи аслиаш гирифтани даромад нест.
Дар ҳар ду ҳолат ҳам, андоз ситонида мешавад.
Блогер барои қонунӣ кардани фаъолияташ ба куҷо бояд муроҷиат кунад ва кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд?
Дар низоми андоз блогер ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дониста мешавад ва дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирӣ” дар низоми андози “Равзанаи ягона” ба қайд гирифта мешавад. Барои бақайдгирӣ онҳо бояд ба мақомоти андози маҳалли зисти худ муроҷиат кунанд. Аз онҳо чунин ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад:
Бояд гуфт, ки қаблан боҷи гумрукӣ пардохт мешуд, ҳоло - не.
Баъди 3 рӯзи кории супоридани ҳуҷҷатҳо, он баррасӣ шуда, ба шахс ҳуҷҷати тасдиқкунандаи соҳибкорӣ дода мешавад.
- Барои ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудан блогер бояд кадом намуди фаъолиятро интихоб намояд?
- Дар интихоби намуди фаъолият маҳдудият нест.
Дар низоми “Равзанаи ягона” фаъолияти блогерӣ низ ҳаст ва ҳар кас метавонад онро интихоб кунад.
Агар шахс чанд навъи фаъолиятро иҷро кунад, вақти бақайдгирӣ фаъолияти асосиро менависад ва фаъолияти дуввумдараҷаро дар дохили қавсайн ишора мекунад.
- Даромади блогер чӣ гуна ҳисоб мешавад? Ё худи онҳо бояд оид ба даромадашон ҳисобот диҳанд?
- Блогер баъди гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ дар низоми содакардашуда фаъолият карда, андоз ва эъломияро ба тарзи сода пешниҳод мекунад.
Блогер-соҳибкор аз даромади умумӣ бо усули хазинавӣ 6% андоз месупорад. Масалан, агар ӯ дар як сол 100 ҳазор сомонӣ даромад гирифта, 100 ҳазор сомонӣ хароҷот дошта бошад, 6 ҳазор сомонӣ андоз пардохт мекунанд.
Усули дигар тарҳи хароҷот аст, ки 18% мебошад. Мисол, агар блогер дар давраи ҳисоботи семоҳаи худ 100 ҳазор сомонӣ даромад гирифта, 99 ҳазор сомонӣ хароҷот карда бошад, пас 99 ҳазор сомонӣ тарҳ гардида, аз 1 000 сомоние, ки фоида мемонад, 18% андоз месупорад.
Блогер - соҳибкорони инфиродӣ бояд 15-уми ҳар се моҳ эъломия пешниҳод кунад.
Агар блогер - соҳибкор корманди кироя гирад, аз маоши ӯ 12% андоз пардохт мекунад. Инчунин, барои коргари кирояаш 20% андози иҷтимоӣ месупорад. Ҳисоботи андози кормандон ҳар моҳ то 15-уми моҳи навбатӣ пешниҳод мешавад.
Блогере, ки фаъолияташро дар мақомоти андоз ба қайд нагирифтааст, аз даромадаш (аз ҳисоби монетизатсия, реклама ва ғайра) 15% андоз бояд супорад.
- YouTube, Google ва ё Facebook дар Кумитаи андоз ҳамчун андозсупоранда сабти ном шуда, андоз месупоранд. Блогере, ки тавассути ин шабакаҳо даромад мегирад, андоз месупорад?
- Андозҳо ду категория мешаванд: мустақим ва ғайримустақим.
Андози мустақим ин аст, ки даромад гирифтед, андозро пардохт мекунед.
Андозҳои ғайримустақим - ин андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) аст, ки барои хидматрасонии фосилавӣ пардохт мекунед. YouTube, Google ва ё Facebook ба Тоҷикистон андоз аз даромад намесупоранд, онҳо андозҳои ғайримустақим пардохт мекунанд.
Масалан, вақте дар YouTube ё Facebook рекалама ҷой мекунеду он 1 000 сомонӣ арзиш дорад, ин шабакаҳо 15% ААИ-ро илова карда, ба шумо нархро пешниҳод мекунанд.
Ба ғайр аз чанд маҳсулоте, ки онро давлат аз пардохти ААИ озод мекунад, дигар аз ҳамаи маҳсулот ААИ пардохт карда мешавад.
ААИ ба блогер дахл надорад ва онро ширкатҳо пардохт мекунанд.
- Бархе блогерон мегӯянд, ки YouTube аз даромади онҳо маблағи муайянро медорад ва ба буҷети Тоҷикистон андоз месупорад. Аз ҳамин сабаб онҳо пардохти дубораи андозро лозим намедонанд.
- YouTube, Google ё Facebook андозҳои ғайримустақим месупоранд.
Ҳоло дар Амрико қонунгузориро тағйир доданд. Агар навор 1 млн тамошобин дошта бошаду 100 ҳазораш дар ҳудуди Амрико бошад, мақомоти Амрико андози 100 ҳазор тамошобинро тарҳ карда, боқимондаро ба блогер пардохт мекунад. Яъне, агар ба блогери тоҷик 1 000 доллар пардохт карданӣ бошад, бинобар сабаби он ки 10 ё 20%-и контент ба Амрико рост меояд, аз ҳамин 10 ё 20%-и андози даромадро медорад ва боқимондашро пардохт мекунад. Вақте блогер аз YouTube мепурсад, онҳо мегӯянд, ки андозро доштем. Блогер фикр мекунад, ки ин андоз ба Тоҷикистон пардохт шудааст.
Тибқи моддаи 220-и Кодекси андоз он даромади хориҷие, ки дар хориҷа андозбандӣ шудааст, дар сурати пешниҳоди маълумотнома, дар Тоҷикистон андозбандӣ намешавад. Яъне, агар маълумотнома барои пардохти 30%-и андоз дар ИМА пешниҳод шавад, дар Тоҷикистон аз пардохти 30%-и андоз озод мешавад. Маълумотномаро YouTube ба блогер бояд диҳад.
Ин тарҷиба дар Тоҷикистон ҳам ҳаст. Агар резиденти кишвари дигар дар Тоҷикистон даромад ба даст орад ва аз он андоз пардохт кунад, ба ӯ маълумотнома дода мешавад ва тавассути он, нафари даромадгирифта аз пардохти андоз дар давлати худаш озод мегардад.
- Оё Тоҷикистон бо ИМА шартнома оид ба гурез аз андозбандии дукарата дорад?
- Не, чунин созишнома бо ИМА ба имзо нарасидааст, аммо Тоҷикистон омода аст, ки чунин созишнома ба имзо расад. Механизми тадбиқи созишномаи андозбандии дукарата маънои онро дорад, ки даромад дар як кишвар андозбандӣ шавад.
Навобаста ба ин, андози дар дигар кишвар, аз ҷумла ИМА пардохтшуда, дар Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешавад.
- Барои напардохтани андоз аз фаъолияти блогерӣ чӣ гуна муҷозот пешбинӣ шудааст?
- Тибқи талаботи моддаи 599-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои саркашӣ намудан аз пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар пинҳон кардани объектҳои андозбандӣ ифода ёфтаанд, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 8 то 10, ба шахсони мансабдор аз 40 то 50, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз 180 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Инчунин, тибқи талаботи моддаи 617-и Кодекси мазкур барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ ба шахсони воқеӣ аз 30 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
- Оё барои блогерон имтиёзҳои андозӣ вуҷуд дорад?
- Тибқи талаботи моддаи 189 ва 378-и Кодекси андоз субъектҳои соҳибкории хурд, ки ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд, аз имтиёзҳои андозии пешбинишуда истифода намоянд.
- Маблағҳое, ки ба блогер ҳамчун кумак ё тӯҳфа ворид мешавад, андозбандӣ мегардад?
- Агар ҳадафи блогер гирифтани даромад набошад, аз ҳаҷми маблағе, ки ҳамчун кумак мегирад, 15% андоз аз даромад пардохт мекунад. Вале ҳаҷми он дар 12 моҳи тақвимӣ набояд аз 1 млн сомонӣ зиёд бошад. Чунки соҳибкори инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунад, бояд доираи даромадаш дар 12 моҳи тақвимӣ то 1 млн сомонӣ бошад.
Агар блогер грант гирад, аз он 15% андоз пардохт мекунад. Агар грантро як шахси ҳуқуқӣ диҳад ва дар манбаи пардохт андозро нигоҳ дорад, дар ин сурат 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо андозбандӣ карда намешавад, аз меъёр боло андозбандӣ карда мешавад. Дар ин сурат, на эъломия медиҳед, на андоз месупоред. Пешниҳоди маълумтнома оид ба пардохти андоз кофӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ бо ибтикори “Азия-Плюс” ва маблағгузории “Интернюз дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Чанде пештар бо ҷалби намояндагони парлумон, ҳуқуқшиносони ВАО, журналистону блогерон вазъи ҳуқуқии блогерон ва мушкилоти онҳо дар Тоҷикистон низ таҳти унвони “Блогерӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо” баррасӣ гардида буд.
Сурат: Акс аз шабакаи интернет