“Майлонҳои нави журналистӣ: онҳоро бояд “дӯст надошт” ва “нафаҳмид”? Ё ҳамчун воқеият пазируфт?”
     TJ RU EN
12:12 / 2024-12-26

“Майлонҳои нави журналистӣ: онҳоро бояд “дӯст надошт” ва “нафаҳмид”? Ё ҳамчун воқеият пазируфт?”

20230214 InternewsДар асри фановариҳои ҷадид ҳама шуғлу пешаҳо, аз ҷумла журналистика ба майлонҳои тоза рӯ ба рӯ шудааст. Пайдоиши “журналистикаи шаҳрвандӣ”, чандрасонаӣ, дата – журналистика, факт – чекинг, таймлайн, инфографика, видеографика, сторителлинг ва мафҳумҳои дигари нав воқеиятҳои замони мост. Иддаое вуҷудд дорад, ки умуман журналистика аз байн меравад, ё ҳадди ақал журналистикаи хабарӣ. Пайдоиши майлонҳои навро ҳамчун василаи ҳифзи журналистика маънидод менамоянд.

Дар натиҷа майлонҳои касбӣ ба суръати кайҳонӣ рушд мекунанд. Ин чунин маъно дорад, ки мебояд доим дар ҷараён буд.

Таҳлили ин мавзуъ ба хотири тарс нест, чун имрӯз ин масъала журналистони тамоми дунёро ба худ машғул доштааст.

Бо мақсади донистани вазъ дар Тоҷикистон, то куҷо шакл гирифтан ё меъёр шудани майлонҳои нави журналистӣ дар расонаҳои кишвар, дар подкасти навбатии “Хабарнигори мусоир” ҳамроҳи Раҷаб Мирзо, Директори редаксионии гурӯҳи расонаҳои “Азия плюс” Баҳманёр Надиров ва коршинос доир ба расонаҳои нав Рустам Гулов мавзуъҳои ҷолибро баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла, маълум шуд:

– Агар қаблан журналистон бо одамон сӯҳбат мекарданд, дар таҳияи матолиби Дата журналистика бояд бо арқом сӯҳбат намоянд;

– Кор дар майлонҳои нав журналистонро аз пеш омадани масоили ҳуқуқии зиёд ва сензураву худсензура ҳифз менамояд;

– Журналистика акнун романтика ва донистани шеъру хушсуханӣ нест. Бояд бо математика ва илмҳои дақиқ “ҷӯра” шуд;

– “Дӯст надоштан”, “нафаҳмидан” –и майлонҳои нав роҳи ҳал нест. Барои ворид шудан ба майлонҳои нав бояд чӣ кор кард?

;

Яндекс.Музыка

Google подкасты

iTunes


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима