Ё Ректори славянӣ хостгори бохтани ҷанги иттилоотӣ аст?
Ҳоло дар кишвар мавсими нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳост, рӯзноманигорон аз масъулин ҷумлаҳои инкориро кам мешунаванд. Яъне, аксаран дар баробари дастовардҳояшон, ба пешниҳоду дархостҳои намояндагони ВАО вокуниши мусбат карда, онҳоро умедвор мекунанд. Вале баръакси ин гуфтаҳо ҳафтаи гузашта ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Машраб Файзулло ба саволи хабарнигорон, ки нияти таъсис додани факултети журналистикаро доранд ё не, ҷавоб гуфт, ки довталабони соҳа каманд ва бо ин сабаб нақша надоранд, ки аз ду кафедраи ҳозирамалкунандаи донишгоҳ, факулта кушоянд.
Мо дар матлаби зер доир ба муҳимияти кадрҳои журналистӣ, ки дар гурӯҳҳои русӣ мехонанд, хоҳем гуфт.
Агар нисфи факултаву бахшҳои журналистиро бандед ҳам…
Дар ҳоли ҳозир 9 муассисаи олии касбии ҷумҳурии мо – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар дохили худ факулта ё бахши журналистӣ доранд ва аз рӯи 8 ихтисос – WEB-журналист, журналисти байналхалқӣ, журналист-тарҷумон, журналисти телевизион, журналист, воқеанигори варзишӣ, муҳаррири адабӣ ва умури нашриёт мутахассис тайёр мекунанд.
Аз як тараф вуҷуд доштану фаъолият кардани факултаву бахшҳои журналистӣ дар мо хуб аст, зеро мизу курсии макотиби дар боло ишорашуда холӣ намемонанд. Иловатан, ба дилхоҳ нафаре, ки мехоҳад донишҷӯ шавад шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то ки журналист ҳам нашавад, ҳадди ақал диплом дошта бошад. Вале гап сари ин намеравад, балки масъала он аст, ки ба кадрҳои забондони ин соҳаи муҳим масъулин кам таваҷҷуҳ доранд. Ҳатто бо далели кам будани довталаб пешравӣ карданӣ нестанд, дар ҳоле, ки дар мактаҳои олии кишвар даҳҳо ихтисосҳои нолозим аст, ки мутахассисон дар оянда кор ёфта наметавонанд.
Хуб дар ёд дорем, ки замони роҳбарии ректори қаблии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон як кафедраи журналистӣ баста шуд. Ба фикри инҷониб кафедраҳои донишгоҳи мазкур дар баробари факултети журналистикаи ДМТ бояд барои ВАО кадр омода кунанд, вале тавре мебинем, нақшаҳои калон надоранд. Шояд тасмими масъулини Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон аз дилсӯзӣ бошад, яъне таваҷҷуҳ кам аст, вале ин роҳи ҳал нест, балки бояд чора ҷуст ва ба бозори меҳнат кадрҳои баландихтисос пешниҳод намуд.
Бовар кунед, агар фикр дошта бошем, ки довталабон ба ихтисоси журналистика кам таваҷҷуҳ доранд ва бояд як-як кафедраҳоро бандем, ғалат мекунем, зеро ҳоло ин соҳа бозоргир аст ва моро мебояд тарғибу ташвиқ намоем, ки бачаҳо касбҳои даркориро омӯзанд.
Мо талқин намекунем, ки дигар донишгоҳҳо ҳам факултаву бахшҳои рӯзноманигорӣ ташкил кунанд, зеро ҳоло 9 муассисаи олӣ хеле зиёд мутахассис омода мекунанд, вале ҷонибдорем, ки дар ин вақту замони ҳассос факултети сирф русии журналистӣ дошта бошем. Бо эҳтиром ба забони ноби тоҷикӣ, ҳоло дилхоҳ шӯъбаи рӯзноманигориро бандем ҳам, довталабон метавонанд ба дигараш ҳуҷҷат супоранд, зеро варианти тоҷикӣ 8 – то аст, вале шӯъбаҳои русиро не, чунки варинт дигар нест. Пас, модоме ки кадри забондон лозим аст ва дигар вариант нест, бояд рушд дода шавад. Ин агар аз як ҷониб барои рушди расонаҳои русӣ мусоидат кунад, пас, аз тарафи дигар барои ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва дар маҷмӯъ амнияти миллӣ хизмат мекунад.
Дар омади гап, ба ҳеҷ ваҷҳ ба умеди гурӯҳҳои русии факултети журналистика шудан даркор нест, чунки он ҷо фазову муҳит тоҷикист ва хоҳ нохоҳ дарсҳо тоҷикӣ-русӣ мешаванд. Ба болои ин, аксари хатмкунандагон гурӯҳҳои мазкур ба редаксияҳои тоҷикзабон ба кор мераванд.
Кадрҳои журналистии забондон дар ВАО даркоранд
Пӯшида нест, ки ҳоло мо шароити ба кор таъмин кардани ҳамаи хатмкунандагони факултаву бахшҳои журналистии 9 мактаби олиро дар расонаҳо надорем. Яъне, ҳоло мақсади ба болои ин ҳама зиёд кардани кафедраву факултаҳои рӯзноманигорӣ нест. Иловатан, ин мисолро ба дигар ихтисосҳо ҳам нисбат додан мумкин аст. Масалан, тарҷумону иқтисодчиву ҳуқуқшиносу муаллими забону адабиёти тоҷик. Вале ҳоло расонаҳои русии мо ба журналистоне, ки бо забони русӣ навишта тавонанд, эҳтиёҷи зиёд доранд ва мо ин паҳлӯи масъаларо дар назар дорем.
Пеш аз навиштани ин матлаб бо намояндаи як расонаи русзабон суҳбат доштем, мавсуф нигаронӣ кард, ки чанд ҷои холӣ доранд, вале кадри русидон намеёбанд. Яъне, дар ҳақиқат мо ба журналистони русидон эҳтиёҷ дорем, вале инро қабул намекунем. Ба болои қабул накардан, тарғибу ташвиқ намекунем, ба болои тарғибу ташвиқ накардан, ба ҷои ҳалли мушкил аз он мегурезем.
Чаро мо дар ҷангҳои иттилоотӣ мағлуб мешавем?
Дар замони муосир новобаста аз оне ки мо қабул мекунем ё не дар ҷангҳои иттилоотӣ иштирок карданамон зарур мешавад, зеро ё ҷанг мекунему ғалаба ба даст меорем ва ё “тир” мехӯрем. Ва аммо аҳамият додаед, ки дар аксари чунин ҷангҳо мо мағлуб мешавем? Албатта, яке аз сабабҳои мағлубиятамон ин надонистани забонҳои хориҷӣ, махсусан русии кадрҳои журналистӣ аст. Мо дар вақти муборизаҳои иттилоотӣ худамон ба худамон ҷанг мекунем. Худамон барои худамон лавҳаву очерк менависем. Худумон ба худамон латифа нақл мекунем. Худамон дар доираи худамон ҷониби дигарро дашномборон мекунем. Худамон ба гӯши худамон мегӯем, ки онҳо гунаҳкоранд ва мо ғолиб омадем. Ва ин ҳам зери рубрикаи “сиёсат” нашру пахш мешаванд. Ба ҳамин ҳодиса аз “балкон” нигоҳ кунем, бешубҳа хандаовар аст. Дар ин лаҳзаҳо ба мо овозҳое даркоранд, ки аз марз он тараф раванд. Қаламҳое даркоранд, ки ба ҷуз худамон ҷониби дигар ҳам хонда фаҳмад, ки чӣ гуфтанием.
Ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта ба мо ҳушдор доданд, ки журналисту блогеру актёру коргардон ва умуман ҳама нафароне, ки дар фазои маҷозӣ фаъоланд, ба ҷуз дониши казоӣ дар бораи кишвари худу кишвари ҳариф, бояд забони русиро ҳатман доданд. Агар чунин бошад, мо худамон ба худамон гӯшакӣ намекунем, балки дар мубориза иштироки фаъол менамоем.
Дар баробар ин, такроран ёдовар шудан ба маврид аст, ки барои журналистони оянда шароит фароҳам овардану такмил додани шӯъбаҳои журналистӣ зарур мебошад.
Дар омода кардани кадри журналистӣ чӣ мушкил дорем?
Узр барои густохӣ, вале аксарият устодоне, ки дар факултаву бахшҳои журналистӣ ба донишҷӯён дарс мегӯянд, худашон дар ВАО фаъолият намекунанд. Худашон намуна нестанд ва шуда наметавонанд. Модоме ки дар бораи мухбирнома лексия мехонад, бояд ҳадди ақал худаш чанд мухбирнома навиштаву нашр карда бошад, ки ҳамчун намуна ба донишҷӯён нишон дода, роҳнамоӣ кунад, ки ба чунин тарз навишта мешавад. Устод бояд пеш аз он ки ба донишҷӯ вазифаи мусоҳибагириро медиҳад, бояд ҳадди ақал худаш чанд мусоҳиба дошта бошад. Модоме ки аз барномаи телефвизионӣ мегӯяд, бояд худаш муаллифи чанд барнома бошад. Модоме ки аз гузориши радиоӣ мегӯяд, бояд худаш дар амалия гузориш карда бошад.
Проблемаи дигар ин амал накардани намояндагии факултаву бахшҳои журналистӣ дар ВАО аст. Яъне, агар шӯъбаҳои журналистии мактабҳои олӣ дар расонаҳои маъруф, ки мактаб ҳастанд, намояндагӣ доштан бошанд, ба фоидаи тарафайн аст. Ҳар донишҷӯе, ки ба ин соҳа чуқуртар ворид шудан мехоҳад, рафта бевосита ҳамкорӣ мекунад ё дар назди муҳаррире шогирд меистад ва дар ин росто, расонаҳо барои худ кадри даркориро ёфта, ба кор қабул мекунанд.
Дар ин росто, масъалаи имтиҳонҳои қабулу аз курс ба курс гузаронидани кардҳои журналистӣ ҳам ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудаанд. Яъне, дар онҳо масъалаи эҷод қариб, ки нест.
Чӣ бояд кард?
Масъулини Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон гуфтанд, ки довталабони кафедраҳои рӯзноманигорӣ кам ҳастанд. Илова бар ин, агар бархеашон бо ташаббуси Маркази миллии тестӣ тасодуфӣ шомил шаванд, дар солҳои минбаъда ба дигар ихтисосҳо интиқол мегиранд. Пас ин маъноеро дорад, ки масъулин вазифаашонро, ки ҷалби хоҳишмандон аст, иҷро карда наметавонанд. Маъноеро дорад, ки донишҷӯро бовар кунонида наметавонанд, ки пас аз хатм ӯ харидори зиёд меёбад. Маъноеро дорад, ки баҳои кори заҳмату меҳнати худро дар назди шогирдони худ паст мегузоранд.
Аз ҷониби дигар, ба довталабон ва донишҷӯён ангеза намерасад. Устод ангеза намедиҳанд, ки фалон имконоту фалон вазифаҳоро шогирдон метавонанд бар дӯш дошта бошанд. Масалан, намегӯянд, ки расонаҳои нав ба дилхоҳ донишҷӯи риштаи рӯзноманигорӣ ва умуман журналистони ҷавон, хусусан русидонҳо майдонеро ташкил карданд, ки ангезаи калон барои ҷавонон маҳсуб мешаванд. Ин расонаҳо ҳам ҳаққи қалами хуб медиҳанд ва ҳам аз расонаҳои анъанавӣ дида, муносибати хуб карда метавонанд.
Умед мебандем, ки ҳолат хубтар мегардад ва дар баробари факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мо факултаи журналистикаро сирф бо забони русӣ мебинем.
https://farazh.tj/sahifai-asosy/jomea/kadri-rus/