такрОР
     TJ RU EN
02:55 / 2024-11-16

такрОР

Khurshed NiyozovТақвим мешавад нав, дар рӯи мизи куҳна,
Бо сол нав нагардад, ҳаргиз чизи куҳна…

(Озарахш)
Шабакаи иҷтимоии “Фесбук” суоли доимие дорад: “Шумо дар бораи чӣ меандешед?”. Ман сари ҳар ҳафта аз он меандешам, ки ин ҳафта дар гӯшаи “минбари сармуҳаррир” чӣ нависам. Бовар мекунед, андеша кардан сари мушкиле, ки нагуфтаед, чӣ душвор аст? Гоҳо мавзуъ барои навиштан намеёбам ва аз дӯстони наздик мепурсам, ки кадом мавзӯе ҳаст, ки то ҳол нагуфтаанду нанавиштаанд? Гоҳо чунинам менамояд, ки мушкилиҳои мо доимӣ ҳастанд ва тӯли сию се соли фаъолияти рӯзноманигорӣ ҳамаро гуфтаам ва кам андар кам мушкиле ҳаст, ки нагуфтаам. Аз ин рӯ, дастам ба навиштан намеравад. Бовар намекунед?

Масалан, АМИТ “Ховар” хабар медиҳад:

“Шурӯъ аз 30 январ вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 нишастҳои матбуотӣ баргузор менамоянд. Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2023 тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи тасдиқшуда, нишастҳои матбуотӣ 30 январ оғоз гардида, 17 феврал ба охир мерасанд”.

Вале дар мавзӯи нишастҳои матбуотиро соле нест, ки ману рӯзномаи ман нанавишта бошем, вале солҳои сол мегӯему мегӯем, вале кам чизе ислоҳ мешавад. Марҳамат, бубинед, ки гӯшае, ки ман соли 2007 навишта будам. Чӣ ислоҳ шудааст?:

“Таҷрибаи ҷамъ кардани журналистонро дар семинару маҳфилҳо, вазоратхонаву корхонаҳои кишвар ҳам омӯхтанд: Як кофе-брек ва нишастҳои матбуотӣ бе ягон суоли «газанда» сипарӣ мешаванд.

Масали хубе дорем «Нон хӯрдӣ ба намакдон туф макун». Ин зарбулмасали қадима, ки аз хурдӣ дар ёдгушаҳои тоҷикон ҳифз гардидааст, ҳамеша риоя мегардад. Дар аксар маҳфил,баъзе андеша ё суолҳои бо ҳадафи созмондиҳандагон номувофиқ,то кофе-брек садо медиҳад. Рӯзноманигорони Тоҷикистон анъаноти деринаро риоя карда «нон хӯрда, ба намакдон туф намекунанд». Ва ин масал имрӯз дар нишастҳои матбуотии вазоратҳову ҳукуматҳо ҳам истифода мешавад.

Андешаи гузаронидани нишастҳои матбуотии вазоратхонаву корхонаҳо, ҳукуматҳои вилоятиву ноҳиявӣ, ки ба Президенти мамлакат тааллуқ дорад, дар оғоз умедворкунанда буд ва журналистон онро бо хушнудӣ қабул карданд. Охир, ба вазире,ки танҳо рӯзи таъиншавиаш ба ин вазифа, аксашро дар ВАО дидаӣ, метавонӣ рӯ ба рӯ суоли дилхоҳ диҳӣ ва посух бигирӣ.

Аммо, хурсандӣ дер давом накард: Аксар вазирон айни замон намехоҳанд симои зебояшонро ба намояндагони ВАО нишон диҳанд ва ҷонишину ҷонишинчаҳояшонро ба назди рӯзноманигорон мефиристанд. Ва дар ҳамин раванд, котибони матбуотӣ, ки аслан вазифаи ҷониашон эҷоду робита бо ВАО аст, серкору сертараддуд мешаванд. Ба ёд меоранд, кадом шинос ё ҳамсабақ, ҳамшаҳр ё ҳамсояи журналисташон дар кадом ВАО кор мекунад ва маҳз онҳоро ҷустуҷӯ карда, даъват менамоянд. «Изои бандаи мӯъмин ҳаром», табиист, суоли ҷиддиеро аз онҳо наметавон интизор шуд. Ба замми ин, дар солҳои охир баъзе марказҳои матбуотӣ сади чиние миёни роҳбарият ва ВАО эҷод эҷод кардаанд ва бо кадом суоле муроҷиат накунӣ, туро ба маркази матбуотӣ мефиристанд. Яъне, рӯзноманигор чун медонад, ки хоҳ нохоҳ баъди нишасти матбуотӣ бояд рӯзе ба маркази матбуотӣ муроҷиат намояд, рӯйи хотир менамояд. Ба ин сабаб, дар баъзе нишастҳо, кӯшиш менамоянд то хабарнигорони «даҳони бефаровез дошта» ё «нашрияҳои аз камбудиҳои вазоратхонаашон навиштаро «фаромӯш» намоянд.

… Яъне, мо фикр намекунем, ки низомномаи наве дар Дастгоҳи иҷроияи Президент тартиб дода шуда, дар он вақт барои суолу ҷавоб ва руйхати ВАО – и даъватшаванда зикр гардад. Ҳарчанд,чунин менамояд, ки ниёз ба ин гуна низомнома пайдо гардидааст”.

Дигар ҳарфи тозае дар ин мавзӯъ барои гуфтан намондааст. Ё ҳарфи тозае ҳаст?

https://farazh.tj/minbari-sardabir/takror/

 


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31  
     
    Пайвандҳои лозима