Журналистикаи мо заиф шудааст
     TJ RU EN
05:27 / 2024-11-16

Журналистикаи мо заиф шудааст

20221025 FarajДар замони муосир ҷанги аз ҳама асосӣ тариқи иттилоот сурат мегирад, ки онро “ҷанги иттилоотӣ” мегӯянд. “Ҷанги иттилоотӣ” муборизае мебошад, ки он бо ёрии технологияҳои иттилоотӣ сурат мегирад ва василаи асосӣ дар ин ҷанг иттилоот аст.

Дар ҷангҳои иттилоотӣ кадом тараф, ки иттилооти муассир пешниҳод менамояд ва ба ҳадафи худ мерасад, пирӯз мешавад. Дар даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳам ҳамеша ҷангҳои иттилоотӣ ҷараён мегирад, вале баъди анҷоми ҷанг ба гуфтаи коршиносони соҳа доим ҷониби Тоҷикистон муборизаро мебозад. Пас аз ҳар як муноқиша дар марзи ин ду кишвар сару садоҳо дар бораи мағлубияти ҷониби Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотӣ баҳси зиёде ба миён меояд. Баъди муноқишаи охирон дар марз расонаҳои минтақа ва ҷаҳон бештар ба расонаҳои кишвари ҳамсоя такя мекарданд ва заифии расонаҳои мо мисли об рӯшан буд. Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ин бор ҳам дар ҷанги иттилоотӣ ба шикаст рӯ ба рӯ шуд ва агар чораҳое дар ин самт андешида нашавад, дар оянда низ имкон дорад, ки боз ҳам мо дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб гардем. Мардуми оддӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша аз заиф будани расонаҳои кишвар ҳангоми инъикосу таҳлили объективонаи муноқишаҳои марзӣ ва камфаъолӣ дар ҷанги иттиллотӣ интиқод мекунанд.

Ҳар як пирӯзӣ ё нокомиро сабабе ҳаст. Пас камфаъолии расонаҳои мо ва бохтҳои пайдарпайи мо дар ҷангҳои иттилоотӣ чӣ сабабҳо дорад ва ба журналистони мо чӣ лозим аст, то дар ин ҷангҳо пирӯзӣ ба даст биёранд? Мо доир ба ин мавзӯъ назари чанде аз журналистонро пурсон шудем, ки ҳар кадоме сабабҳои гуногунеро арзёбӣ карданд.

Чанд сабаби бохти мо дар ҷангҳои иттилоотӣ

Баҳманиёр Надиров, директори редаксионии “Азия-Плюс” мегӯяд, мо ҷанги иттилоотиро бохтем ва агар шароити имрӯза иваз нашавад, дар оянда ҳам мебозем.

Ӯ сабабҳои бохти моро дар дастрас набудани иттилоот ва кам будани журналистони касбӣ мебинад:

Сабаби якум, дастрас набудани иттилооти фаврию сареъ оид ба вазъият дар марз барои журналистон аст. Чун журналист бо далелу рақам метавонад муборизаи иттилоотӣ кунад, на бо афсонабофию таҳқиру ҳақорату дурӯғ. Муваффақияти журналистони қирғиз ҳам дар он аст, ки мақомоти кишварашон саривақт иттилоот пешниҳод мекунанд ва тез-тез изҳороти расмӣ намуда мавқеи кишварашонро маълум мекунанд. Журналистони тоҷик бошанд ҷон мекананд то аз сарчашмае дар мақомоти маҳаллӣ, беморхона ё сокине оддие иттилоот ба даст оранд. Фарқ байни иттилооти расмӣ ва кадом манбаи номаълум ё сокин аз замин то осмон аст. Ягон расонаи байналхалқӣ назари кадом манбаи номаълумро болотар аз манбаи расмӣ намедонад ва аз ҳамин сабабҳо онҳо бештар иттилооти ҷониби Қирғизистонро паҳн мекунанд.

Сабаби дуюм, ин норасоии журналистони ҳирфаии донандаи чандин забонҳо мебошад. Мо башумор журналистоне дорем, ки дар ҷанги иттилоотӣ метавонанд аз манфиатҳои Тоҷикистон дифоъ кунанд. Мутассифона, бисёре аз журналистони соҳибтаҷриба бо сабабҳои гуногун маҷбур шуданд тарки касбу кишвар кунанд. Баъзе аз ҳамкасбони мо ва фаъолони ҷомеа дар замони муноқишаҳои марзӣ ба таҳқиру танқиду, фейкпароканӣ бо забони тоҷикӣ мепардозанд, ки дар муборизаи иттилоотӣ вазне надорад ва аслан нолозим аст.

Расонаҳои байналмиллалӣ муноқишаи марзиро яктарафа баҳо доданд.

Шаҳноз Комилзода, хабарнигори “Iran international” мегӯяд, расонаҳои байналмиллалӣ, ба мисоли “Reuters”, “Anadoly Аgenci”, “National geographic”, “Интерфакс” ва дигар расонаҳо муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро яктарафа баҳо доданд.

“Хабарнигорони онҳо танҳо аз ҷониби Қирғизистон ҳолати мавҷударо инъикос карданд, гарчанде бояд аз ҷониби Тоҷикистонро ҳам дидан мекарданд. Ҳатто аз тарафи расонаҳои номбурда вақте ки дебатҳо мегузарониданду муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро таҳлил мекарданд, дар он дебатҳо танҳо ҷонибдорони Қирғизистон даъватӣ буданду халос, аз тарафи тоҷикон касе иштирок намекард ва даъват ҳам намешуд”, – бо нигаронӣ иброз дошт Шаҳноз Комилзода.

Шаҳноз Комилзода гуфт, сабаби сустии иттилоърасонии мақомоти тоҷик дар он буд, ки ҳар як ҳалокшударо, бо тир ва ё миномёте, ки ӯро ба ҳалокат расонидааст, сабти ном карданд.

“Ҷамъ кардани маълумот дар вақти муноқиша ҳам хело мушкил буд, чун исботи қонуншиканиҳои ҷониби қирғиз кори объективонаро талаб мекунад”, – баён дошт хабарнигори “Iran international”.

Шаҳноз Комилзода аз он нигаронӣ кард, ки дар мунрқишаи марзии охирон қирғизҳо тамоми қонунҳои дипломатию ҳуқуқӣ ва меъёриро шикастанд. “Мисол, мувофиқи қонунҳои умумиҷаҳонӣ тарафи духтур ё журналист, ҳангоми ҷанг ё муноқиша тир холӣ кардан мумкин нест, онҳо бошанд, мошини ёрии таъҷилиро бо тамоми одамони дар дарунаш буда бо миномёт тарконданд. Вақте ки ман бо ду ҳамкорам дар он ҷо қарор доштам, аскарони қирғиз тарафи мо журналитон тир холӣ мекарданд ва то нопадид шудани мо аз майдони набард моро таҳти назорат гирифта буданд”, – мегӯяд ӯ.

Роҳи ҳалли мушкилӣ дар чист?

Директори таҳрири “Азия плюс” мегӯяд, барои он ки мо дар муборизаҳои иттилоотӣ пирӯз шавем, бояд пеш аз ҳама дарстрасӣ ба иттиллоот таъмин гардад.

“Айб аст, ки пас аз гузашти як моҳ мо ягон рақами расмӣ дар мавриди кушташудагон, маҷруҳон, хонаҳои сӯхтаву зарари расида надорем. Ҷониби Қирғизистон бошад аз пашша фил месозаду бо ин роҳ ба оламиён худро ҷабрдида ва Тоҷикистонро агресор эълон мекунад. Кишвари мо бо пинҳон кардани ин рақамҳо ба душмани худ кӯмак мекунад. Барои ҳамин роҳи ягонаи ҳал ин пешниҳоди саривақтии иттилооти равсмӣ ба журналистон ва ҳамкорӣ бо онҳо аст. Албатта омода кардани мутахассиони хуб истисно нест”.

Ба назари Шаҳноз Комилзода бояд муносибат бо журналистон мустаҳкам гардад“.

Коршиноси сатҳи байналмилалӣ бояд бошад, ҳуқуқшинос ва сиёсатшиносоне, ки тамоми қонуншиканиҳои марзӣ ва ҳуқуқу афзалиятҳли моро исбот карда тавонад, лозим аст. Хеле душвор аст вақте журналист худаш танҳо аз ҷараёни ҷанг маълумот ҷамъ мекунад. Мисол, ҷониби қирғиз мехоҳанд протоколи 28-29-ро қатъ кунанд. Ман намедонам аз кадом ҳуқуқшинос пурсам, ки оё протоколе, ки аз ҷониби ду тараф ба имзо расонида шудааст, як тараф, яъне қирғизҳо, ҳуқуқи бекор кардани онро доранд, ё не. Дуруст аст, ки журналист бояд аз ҳама соҳа бохабар бошад, аммо барои пирузӣ дар ҷанги иттилоотӣ ва барои он ки жкрналист ҳуқуқу манфиатҳои давлатро ҳифз карда тавонад, ба мо кӯмаки дигар сиёсатмадорону ҳуқуқшиносон ва дастгирии вазорату мақомотҳо зарур аст”, – изҳор дошт ҳамсӯҳбати мо.

Бояд онлайнпойгоҳҳои худро дар дигар кишварҳо бунёд кунем

Сармуҳарири рӯзномаи “Минбари халқ” ва собиқ раиси Шӯрои ВАО-и кишвар, Бахтиёр Ҳамдамов мегӯяд, журналистикаи ҳирфаии мо заиф шудааст ва барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлати худ дар ҷаҳон мо бояд замина барои рушди журналистикаи байналмиллалӣ ва коршиносони байналмиллалӣ бунёд мекардем.

“Имрӯзҳо дар ҷаҳон онлайнпойгоҳҳои хабарӣ хеле рушд кардаанд, ки имконияти паҳнкунии иттиллотро дар сатҳи байналмиллалӣ доранд. Вазифаи асосии чунин пойгоҳҳои хабарӣ ҳифзи имиҷи кишвар ва фазои итттиллотии дохилию беренӣ, таърих, фарҳанг ва сиёсати миллӣ аз таҳқиру хабарҳои дурӯғ мебошад. Дар ин асно таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сомонаҳои қирғиз дар заминаи дурӯғпароканӣ ва дар ин асос пиёда кардани манфиатхои давлату сафедкунии он пеши халқ хело хуб кор карданд ва бо чунин тактика сабабгори ҳама нооромиҳо дар даргириҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон тоҷиконро хондаанд”, – изҳор дошт Ҳамдамов.

Инчунин, Ҳамдамов таъкид кард, ки имрӯз сарҳади иттилоотӣ вуҷуд надорад. Ҳоло масмедиа (mass-media)-ҳо ба вуҷуд омааданд, ки массконтиненталӣ як кишваранд. Мисол, “Радиои Озодӣ”ё “Russia today”, ки дар тамоми ҷаҳон бо забони ҳархела иттилоот паҳн мекунанд. Мо аққалан ба мисли инҳо бахшҳои худро дар дигар кишварҳо кушоем ва журналистони маҳаллиро ба он ҷалб созем, то ҳимоятгари мо дар дигар ҷойҳо бошанд ва манфиатҳои моро пеш баранд. Кушодани пойгоҳҳои хабарӣ дар дигар кишварҳо маблағи зиёдро талаб намекунад Журналистикаи ҳирфаӣ заиф шудааст ва ҷойи онро журналистикаи шаҳрвандӣ гирифта истодааст, ки ин хеле нигаронкунанда мебошад.

https://farazh.tj/sahifai-asosy/amniyat/zhurnalistikai-mo-zaif-shudaast/


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима