АКАДЕМИЯИ ВАО ЧУН МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БОЯД 3-ЗИНАГӢ БОШАД!
     TJ RU EN
05:28 / 2024-11-16

АКАДЕМИЯИ ВАО ЧУН МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БОЯД 3-ЗИНАГӢ БОШАД!

akademiya VAOОмори ахирине, ки дар поён меорам, моро ба фикр кардан водор мекунад, ки барои омода намудани кадрҳо барои ҳамаи ин расонаҳо Академияи ВАО чун муассисаи давлатии таълимӣ 3-зинагӣ: бакалавр, магистр, доктор Phd бошад.

Шумораи расонаҳои иттилоотӣ ба беш аз 631, ки аз ин миқдор 376 рӯзнома - 112 давлатӣ, 264 ғайридавлатӣ, 245 маҷалла - 114 давлатӣ, 131 ғайридавлатӣ, 10 оҷонсии иттилоотӣ -1 давлатӣ, 9 ғайридавлатӣ дохил мешаванд, ки ҳар яки онҳо дар инъикоси ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа нақши муассир доранд.

Айни замон дар кишвари мо 93 муассисаи телевизиониву радиоӣ фаъол буда, аз ин ҳисоб 11 телевизион ва 10 адад радио давлатӣ, 31 телевизион ва 20 радио ғайридавлатӣ мебошад. Шукр ва боз ҳам сипос! Ин ҳадди охир нест.

Оянда боз телевизиону радиоҳо кушода мешаванд

Барои ҳамаи ин телевизиону радиоҳо мутахассисони чунин соҳаву ихтисосҳо заруранд: наворбардор, муҳандиси овоз, коргардон, аккос (фото-журналистика), сомонасоз (ВЕБ), ТТВАО, журналисти соҳаҳои сиёсӣ, варзиш, ҳарбӣ, кӯдакона, соҳаҳои кишоварзӣ (обчакорӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ), иқтисодӣ, бонкӣ, молия, фарҳангӣ, соҳаи маориф ва ғ.

Бояд гуфт, ки аз соли 1976 то имрӯз дар факултетҳо журналисти умумии соҳаи матбуоту ТВ ва радио, журналистикаи байналхалқӣ омода мешаванд. Журналистони соҳаи варзиш ва кӯдакона сирф ташаббуси ТВ-ҳои Варзиш, Футбол ва ТВ Баҳористонанд, ки дар тамоми факултетҳо ин ду соҳа аслан вуҷуд надоранд. Соҳаи ҳарбиро Фаридун Маҳмадалиев шахсан кӯшиш дорад. Вале ин соҳаҳо бояд дар донишгоҳ омӯзонда ва омода шаванд.

http://cccp.tj/tj/maorif/item/9071-akademiyi-vao-chun-muassisai-talimi-boyd-3-zinagi.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима