ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ РАСМӢ МУШКИЛИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ВАО ДАР ТОҶИКИСТОН БОҚӢ МОНДААСТ (2)
     TJ RU EN
02:52 / 2024-11-16

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ РАСМӢ МУШКИЛИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ВАО ДАР ТОҶИКИСТОН БОҚӢ МОНДААСТ (2)

access to information

Дар ҷомеаи маданӣ яке аз унсурҳои демократия ин дастрасии озод ба иттилооти расмӣ мебошад. Иттилооти расмии пешниҳодшаванда нишондиҳандаи шаффофияти фаъолияти мақомотро нишон дода, боварии ҷомеаро ба онҳо афзун мегардонад. Ба гуфтаи рӯзноманигорон солҳои охир дастрасӣ ба иттилооти расмӣ дар Тоҷикистон бисёр мушкил шудааст. Ниҳодҳои давлатӣ кӯчактарин иттилоотро ба рӯзноманигорон пешниҳод намекунанд. Соли 2021 дар самти дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон чӣ мушкил ва чӣ беҳбудиҳо буд? Оё вазъ тағйир ёфт?

“Вазъ бадтар шуду беҳтар не”

Рӯзноманигорон мегӯянд, дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон барои расонаҳо як кори бисёр душвор аст ва мақомот ҳеч гуна ҳамкорие дар ин замина бо расонаҳо намекунанд. Мисоли равшани он низоъҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, пандемияи COVID-19, маҳдудиятҳо дар мурофиаҳои судӣ, масдудкунии сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ буданд.

Ба ақидаи Иршод Сулаймонӣ, муҳаррири бахши тоҷикии хабаргузории “Asia plus” вазъи дастрасӣ ба иттилоот дар кишвар бадтар шуду беҳтар не. Ба гуфтаи ӯ ҳатто баъзе мақомоте, ки дар солҳои гузашта марказҳои матбуотияшон равобити хубтар дошт, дар додани иттилоъ ва ё барои рӯзноманигорон камтар дастрас шуданд. Ӯ ҳаводиси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мисол оварда мегӯяд, имкони ба даст овардани оддитарин иттилоъ аз Неруҳои марзбонӣ номумкин аст.

“Дар ҳаводиси марзии охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сахтарин кор дарёфти иттилои расмӣ буд. Мақомоти қудратии мо умуман бо расонаҳо ҳамкорӣ намекарданд. Телефонҳо кор намекард. Аз Кумитаи давлатии амният миллӣ ба даст овардани иттилоъ номумкин аст. Ҳатто иттилои расмӣ”.

Ба гуфтаи ӯ, ин дар ҳоле, ки ҷониби кишвари ҳамсоя, дар нуқоти марзии вилояти Бодканд, ситоди иттилорасонӣ ифтитоҳ намуда, рӯзноманигорони расонаҳои бонуфузро ҷамъ оварда, сари ҳар чанд соат барои онҳо мақомоти масъул нишастҳои матбуотӣ баргузор мекарданд. Ҳатто дар муноқишаи разхои ахири апрели соли 2021 Ситоди иттилорасонии дар масоили муноқишаи марзт дар назди Президенти Қирғизистон таъсис доданд. Ва худи мақомот ба таври мунтазам барои расонаҳо маводи зуруриро мефиристонданд.

“Ин дар ҳоле буд, ки Тоҷикистон дар ин даргириҳо ба ҳимоят ва пуштибонии иттилоотӣ сахт ниёз дошт”- илова намуд Иршод Сулаймонӣ.

Журналисти мустақил Ёқуб Ҳалимов мегӯяд, дар соли 2021 дар самти дастрасӣ ба иттилоот хабари умедворкунанда ин буд, ки Гурӯҳи корӣ иборат аз вакилони порлумон ва дигар фаъолони бахши расонаҳо ба таҳияи тарҳи Кодекси иттилоотии Тоҷикистон шуруъ кард.

“Барои ман ҳамчун рӯзноманигори амалӣ пешравии дигаре дар дастрасӣ ба иттилоъ нисбати солҳои гузашта мавҷуд набуд. Баръакс, ман ба ҳолатҳое рӯ ба рӯ шудам, ки ҳатто бахши хусусӣ - корхонаҳои истеҳсолӣ - аз додани иттилоъ худдорӣ мекарданд. Ду соли охир дар ҷумҳурӣ Ситоди мубориза бо вабои коронавирус амал мекунад. Ба фарқ аз ситодҳои ҳамсон дар кишварҳои дигар, ситоди Тоҷикистон дар ин ду сол аслан барои матбуот дастрас набуд ва нишасти хабарие ҳам баргузор накардаву боре ҳам ба суоли расонаҳову хабарнигорон посух надодааст. Ин таҷриба дар дунё шояд назир надошта бошад”- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ Додситонии кулл, Оҷонсии зиди фасод, Хадамоти Гумрук, Кумитаи андоз, Вазорати дифоъ, КДАМ, Дастгоҳи иҷроия, Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамин тариқ мақомоти дигар аз дарбастатарин ниҳодҳо барои расонаҳо ҳастанд.

Масдудияти Радиои Озодӣ, Азия плюс..., низ барои таъмини амният?

Масдудият ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз чанд соли пеш оғоз ёфт. Қаблан дар пайи ҳодисаҳои хабарсоз ё қазияҳои пурсарусадо шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди Фейсбук, Ютуб ва баъзе аз сомонаҳои хабарӣ муваққатан масдуд мешуданд. Аммо вақтҳои охир ба Радиои Озодӣ, хабаргузории “Азия плюс” ва чандтои дигар бидуни барномаҳои махсуси қулфшикан ворид шудан ғайриимкон аст. Хадамоти алоқа мегӯяд, маҳдудшавии ин сомонаҳо ба онҳо рабт надорад.

Дар пайи эътирози сокинон дар моҳи ноябри соли 2021, дастрасӣ ба Интернет дар Бадахшон қатъ шуд. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 31 январ дар нишасти матбуотӣ ҷавоби аниқ надод, аммо гуфт "барои пешгирӣ намудан, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият, давлат, амнияти иттилоотӣ, баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронда мешавад." То ҳол сокинони ВМКБ ба Интернет дастрасӣ надоранд.

Нишастҳои матбуотӣ ягона умеди журналистон барои гирифтани иттилоот?

Нишастҳои матбуотии мақомотҳо, ки ҳамасола ду маротиба дар Тоҷикистон доир мегарданд, яке аз роҳҳои ба даст овардани иттилооти расмӣ маҳсуб меёбад.

Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нишастҳои матбуотӣ барои мақомот ҳамчун як сарбории супоришӣ қабул гардидааст ва ин ҳолат ба сифати баргузор намудани онҳо таъсири манфии худашро гузоштааст.

Ба гуфтаи журналистон нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби мақомот беташабусона, дили нохоҳам, гоҳо бе тайерӣ, танҳо барои ҳисоботсупорӣ дар назди мақомоти болоӣ гузаронида мешаванд. Вақти кам ҷудо карда мешавад ва ҳамин вақти ҷудошуда низ бо ҳисоботхонии тӯлонӣ пурра карда шуда, барои саволу ҷавоби бевосита вақт кам мемонад. Ҳангоми савол додан дағалии баъзе аз роҳбарон, нопурра ҷавоб додан, аз мавзуъ берун баромадан, ҳавола кардан ба дигар ниҳодҳо ҷой дорад. Дар нишастҳои матбуотӣ ҳузури нафарони аввали мақомотҳо пешбинӣ шуда бошад ҳам на ҳамаи мақомот ин талаботро риоя менамоянд. Ҳангоми таҳияи нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби ниҳоди болоӣ вақти баргузорӣ, макони баргузорӣ, имкониятҳои рӯзноманигорон ва ВАО ба инобат гирифта намешаванд. Доир намудани 3 ва зиёда нишастҳои матбуотӣ дар як рӯз, гузоштани нишастҳои матбуотии якчанд ниҳодҳои асосӣ дар як рӯз, таъин намудани якчанд нишастҳои матбуотӣ дар як вақт дар худи ҳамон рӯз ҳамчун таҷрибаи муқаррарӣ шудааст.

Нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ аз таҷрибаҳои пешин дида боз ҳам ташвишовартар гардидааст. Хусустияти нишастҳои матбуотии имсола оғоз шудани он бо 12 мақомоти аксаран калидӣ мебошанд, ки дар як рӯз ба нақша гирифта шуд. Ин ба рӯзноманигорон имкон надод, ки дар нишастҳои барояшон лозим ишитрок карда тавонанд ва ҳамзамон шаффофияти фаъолияти мақомотро зери суол гузошт.

Ба ақидаи Шаҳло Садриддинова, хабарнигори АМИТ “Ховар” нишастҳои матбуотии соли 2021 чандон қаноатбахш набуданд. Зеро бараъло мушоҳида карда мешуд, ки ҳангоми суолу ҷавоб бо масъулини ниҳод посухҳо номушаххас ва бешарҳ гуфта мешуданд.
“Дар бештари ҳолатҳо масъулини ниҳодҳо кӯшиш мекарданд, то ҳангоми посух ба саволи хабарнигор “ҳа” ва ё “не” гӯянд ва ё сар-сари аз посух додан ба савол худу рӯзноманигоронро қонеъ намоянд”.

“Ба дархостҳои журналистӣ посухи хушку холӣ медиҳанд”

Рӯзнаманигорон иддао доранд, ки ниҳодҳои давлатӣ аксар вақт дархости журналистӣ талаб мекунанд, вале ба воситаи дархост ҳам имкони гирифтани иттилои зарурӣ душвор аст. Ба гуфтаи онҳо ба дархости журналистӣ ё ҷавоб намедиҳанд, ё як посухи хушку холӣ медиҳанд, ки ба дарди хабарнигор намехӯрад.

АМВАОМТ ба воситаи платформаи дастрасӣ ба иттилоот мунтазам барои дастрас намудани маълумот ба ниҳодҳои давлатӣ дархости журналистӣ ирсол менамояд. Зикр бояд кард, ки журналистони мустақил низ тавассути платформаи мазкур, ки АМВАОМТ онро роҳандозӣ намудааст, ба ниҳодҳои давлатӣ дархости журналистӣ равон карда, иттилооти заруриро ба даст меоранд. Дар давоми соли 2021АМВАОМТ ба як қатор ниҳодҳои давлатӣ барои гирифтани маълумоти зарурӣ, ки барои истифода ва интишор зарур аст, дархости журналистӣ ирсол намуд. Дар давоми соли 2021аз ҷониби АМВАОМТ ва журналистони мустақил 108 дархостҳои журналистӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ирсол шуда, аз онҳо ба 56 дархост ҷавоб гирифта, 52 дархости дигар то ҳол бе ҷавоб боқӣ мондаанд.

Дар ин муддат ба дархостҳои журналистӣ асосан Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътиноӣ зоҳир намудаанд. Дар давоми як сол ба ин ниҳодҳо чандин дархостҳои журналистӣ ирсол шудааст, вале аксарияти онҳо беҷавоб боқӣ мондаанд.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ

 

 


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима