Равшан Замир (Валиев Мирзоғанӣ)
     TJ RU EN
05:33 / 2024-11-16

Равшан Замир (Валиев Мирзоғанӣ)

Ravshan Zamir Mirzogani ValievРавшан Замир (Валиев Мирзоғанӣ) 23 январи соли 1948 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳоло – Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омада, соли 1971 риштаи фанҳои табиатшиносии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло – Хуҷанд) ба номи С.М.Кировро хатм кардааст. Ӯ аз моҳи ноябри соли 1971 то ноябри 1972 дар саффи Артиши Шӯравӣ адои хидмат карда, бо рӯзномаи ҳавзаи ҳарбии Забайкалйе “На боевом посту” ҳамкорӣ кардааст. Баъди бозгашт аз хидмати ҳарбӣ, Мирзоғанӣ Валиев солҳои 1973-1974 хабарнигори рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” дар вилояти Ленинобод (ҳоло – Суғд) ва аз январи соли 1975 корманди Кумитаи телевизион ва радиои вилоят, аз соли 1980 то июни 1992 сармуҳаррири телевизиони вилоят буд. Моҳи июни 1992 ба шуъбаи матбуоти ҳукумати вилоят ба кор гузашта, баъдан дар вазифаҳои сардори маркази матбуоти ҳукумати вилоят ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоят фаъолият кардааст. Аз феврали 1996 корманди рӯзномаи «Тирози ҷаҳон», ҳамзамон, аз феврали 2004 то 2009, хабарнигори нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» дар вилояти Суғд буд.

Ӯ ҳанӯз соли 1976 ба узвияти Иттифоқи журналистон ва соли 1999 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.

Ҳикояву таронаҳои Равшан Замир дар китобҳои «Ашки осмон», «Сирре, ки ба хок мебаранд ҳар ду», «Мағзи ҷон» ва «Чашми бад» интишор ёфтаанд. Қиссаи «Парӣ дар киштичаи гул» дар байни наврасону ҷавонон хонандаи бисёр пайдо кардааст. «Аз Хуҷанд то Макка», «Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман» ва «Нур аз дур» китобҳоеанд, ки Равшан Замир баъди сафарҳояш ба Арабистони Саудӣ навиштааст. Китобҳои «Ҳамнаво бо субҳ», «Чархи гардон», «Ситораи сапедадам», «Сафои субҳи умед», «Офтоби дили падар», «Нақш дар оинаи дил», «Роҳ ба водии рӯшан», «Уқобони парвозӣ», «Машъал дар зулмоти рӯз», «Поктар аз домони субҳ» ва «Коргоҳи шуҳратёр» (ҳамроҳи М.Хоҷазод) аз офаридаҳои дигари Равшан Замиранд.

Барои саҳми арзанда дар рушди адабиёт ва рӯзноманигорӣ бо Нишони «Сухан», Ҷоизаи ба номи Раҳим Ҷалил ва Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ мушарраф гардидааст. Равшан Замир ҳамчунин Аълочии телевизион ва радиои СССР ва Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Журналист ва нависандаи тоҷик Равшан Замир (Мирзоғанӣ Валиев) рӯзи 31 июли соли 2023 дар синни 75-солагӣ аз олам чашм пӯшидааст.


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима