Мониторинги риоя шудани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” дар муҳтавои матбуоти чопии кишвар, январ –феврали соли 2016
     TJ RU EN
03:53 / 2024-11-16

Мониторинги риоя шудани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” дар муҳтавои матбуоти чопии кишвар, январ –феврали соли 2016

Мониторинг:  Январ-феврали соли 2016

Мониторинги риоя шудани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  дар муҳтавои баъзе нашрияҳои чопии кишвар, январ-феврали  соли 2016, ки аз ҷониби Шўрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мавриди назар қарор гирифт, шаҳодат аз он медиҳад, ки то андозае идораи нашрияҳо меъёрҳои ахлоқии касбии худро риоя намуда, дар баёни матолиби худ  нафосати баёнро нигоҳ доштаанд.

Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки вайрон гардидани бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» бештари вақт дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, хоса интихоботи президентиву парлумонӣ ба назар мерасанд. Ин ҳам дар ҳолатҳое, ки дар нашрияҳо матолибро аз номи муаллифони ношинос ё начандон шинос ва дар бораи шахсиятҳои сиёсӣ ба нашр мерасонанд. Таҳлили матолиби нашршудаи нашрияҳои чопии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли равон нишон медиҳанд, ки вайрон гардидани ин талабот, хоса дар шакли бисёр дағал вайрон шудани онҳо, камтар ба назар мерасанд.

Дар як қатор нашрияҳо аз қабили «Оила», «Самак», «Тоҷикистон», «Нигоҳ», «Фараж» банди 5 «Меъёрҳои  ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» «Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр» коҳиш ёфтааст. Нашрияҳои мазкур бо истифодаи  калима ва ибораҳои забони ғайр (заруру нозарур) бар ҳусну қубҳи маводи худ лакнат ворид сохтаанд, ки он табъи хонандаро хира месозад.

Худ қазоват намоед, «Зани алкаш шавам?», «Духтарамро ба бомж намедиҳам», «Подставаи раис», «Дед, яг худта бутултон», «телех», Ҷиянам маро «пазор» кард», «мошеникӣ», «беспредел» ва ғайра дар ҳақиқат гўшхарошу ноҷо буда, як беэътиноие нисбати забони модарӣ-тоҷикӣ мебошад. Зеро забон низ як рукни ҷудо нашавандаи фарҳанги милист. Ҳар як беътиноӣ нисбати забон ин худ иснод овардан ба фарҳанги миллист.

Ҳамзамон дар маводи як қатор нашрияҳо халал ёбии бандиҳои 4,6, 7,10,15 ба назар мерасад, ки ин шояд аз саҳлангории нигорандагон ва ё нодида гирифтани «Меъёрҳои  ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад. Риояи меъёрҳои касбӣ  чигунагии одоби муоширати рўзноманигорро бо соҳибнашрия ва рўзноманигорро бо хонанда ва ё муштариён муайян мекунад.

Дар матолиби чопшудаи матбуоти моҳҳои январ –феврал ҳамчунин зиёд роҳ ёфтани иштибоҳоти имлоӣ ва техникӣ низ ба чашм мерасанд, ки ин як навъ беэҳтиромӣ ба хонандаи нашрияҳост. Масалан, дар саҳифаи 1 –инашрияи “Нигоҳ” анонси матлаби “Онҳо ҳам инсонанд” (3 феврал) чоп шудааст, аммо дар болояш рубрикаи Қазияи Зайд Саид”. Ҳол он ки матлаб дар бораи пайдоиши як навъи беморӣ дар ноҳияи Айнист. Дар ҳамин нашрия аз таърихи 24 феврал оид ба зиндагиномаи Ғойиб Сафарзода матлаби шарҳиҳолӣ ба нашр расидааст, вале дар як матлаб санаи садамаи автомобилии ӯ ду навъ- як ҷо соли 1972 ва ҷои дигар 1973 зикр шудааст.

“Озодагон” бошад, дар матлаби “Чойи хушк камчин шудааст” (24 феврал) аз Мастон Шарифов дар як ҷо ҳамчун муовини директори бозори “Деҳқон” ва дар ҷои дигар ба сифати директори бозор ном мебарад.

Ҳол он ки дар банди 15-и “Меъёрҳо...”, ки “Ислоҳи хато” ном дорад, мехонем:

“Агар нодурустии маводи нашршуда ё хулоса дар мавриди ашхос, имло, сарфу наҳв, ки баъд собит гардад, бояд аз  тарафи ҳамон нашрия фавран ислоҳ  ва аз нав нашр шавад. Дар сурати роҳ додан ба камбудӣ журналист ва ВАО бояд онро эътироф ва ислоҳ намуда, такроран ба хато роҳ надиҳанд”.

Мутаассифона мо тасҳеҳ додан ва бахшиш пурсидан аз хонандаро барои пайдоиши хатоҳо умуман вонамехӯрем.

Дар матлаби “Номаи Бахтиёр Аминӣ ба Раҳим Бобохонов”, ки дар нашрияи “Фараж” (4 феврал) чоп шудааст, то ҷое халал ёфтани банди 6 –и меъёрҳо эҳсос мегардад:

“ Рафиқ Бобохонов ту кӣ ҳастӣ, ки афродро “гунаҳкор” эълом бикунӣ?!...Дар куҷо дарс хондӣ ва намедонӣ, ки бо номи “презумпция невиновности” таъбири муҳиме вуҷуд дорад...Агар чунин шеваи “илмӣ”-ро идома бидиҳӣ ба ҷое намерасӣ! Олимони ростин ба ҳарфҳои ту гӯш намекунанд ва ҳатто намехонанд...Дарвоқеъ дарёфтам, ки навиштаҳои ту кирои хондани чунин афрод надоранд”.

Ин масъала дар банди 7 “Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс” низ инъикоси худро ёфтааст:

“Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез ва аксу тасвири номуносиб, ҳамчунин тӯҳмат ва ситоиши нобарҷо хилофи одоби касбии журналист аст”.

Дар матлаби “Хоҳаронатро мекушам, мардак!”, ки дар нашрияи “Оила” (16 феврал) чоп шудааст, эҳсоси таҳдид, ки амали ҷиноист, вомехӯрад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар худи матн чунин таҳдид умуман нест.

Дар ин ҳолат бештар халал ёфтани банди 10  “Гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон” ба назар мерасад:

“ Журналистон ва ВАО аз гузоришҳои барангезанда ба таҷовузу хушунат, ранҷу куштор, инчунин дигар ҷиноятҳо худдорӣ мекунанд. ВАО ва журналист ба хотири ҳифзи ноболиғон ва ҷабрдидагон шахсияти онҳоро ифшо намесозанд”.

Ҳамчунин дар баъзе ҳолатҳо дар матолиби нашршуда мантиқӣ набудани матлабҳо низ ҷо дорад. Масалан дар матлаби “лифтЁР”-и Ҷамила Мирбозхонова дар нашрияи “Фараж” мехонем:

“Имрӯз чун дар аксари кӯчаҳо меравӣ, мебинӣ, ки мардум барои ба кор даромадани лифт ҳатман моҳе 10 сомонӣ маблағ ҷамъ мекунанд”.

Аввалан, аз кай боз лифтро дар кӯчаҳо шинондаанд? Ва баъдан “ҳатман 10 сомонӣ мегиранд” як далел аст, ё як тамоили паҳнгашта дар тамоми шаҳр? Чунин далелҳо мутаассифона дар матбуот зиёд ҷо доранд. Аз ин рӯ аз ҳамкасбон хоҳиш карда мешавад, ки ҳини таҳия ва нашри ин гуна ҳолатҳо боэҳтиёт бошанд.

Бинобар ин Шўрои ВАО-и Тоҷикистон ба идораи нашрияҳои зикрашон дар боло рафта тавсия медиҳад, ки минбаъд дар омодасозӣ ва баёни маводи нашрияҳояшон такя ба «Меъёрҳои  ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» карда, аз баёни алфози ноҷо, истифодаи калимаву ибораҳои ғайр, таблиғи фисқу фуҷур, гузоришҳои барангезандаи таҷовузу хушунат, ранҷу куштор худдорӣ намуда, бо маводи нобу хондании худ дар раванди бунёди ҷомеаи солим ва бофарҳанг саҳмгир бошанд.

Баррасии муҳтавои матолиби ин ду моҳ моро ба хулосае меорад, ки:

1)      Ҳатман дар бандҳои Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ бояд банди вобаста ба эҳтиром ва риояи талаботи забони давлатиро ворид намуд;

2)      Дар ҳолати роҳ додан ба хатоҳои имлоиву техникӣ аз хонанда узр пурсид;

3)      Ҳини баёни андеша байни андешаи инфиродӣ ва воқеиятҳо фарқ гузошт.

Фикр мекунам, дар ин ҳолат ҳам эътибори матбуот назди хонанда боло меравад, ҳам баҳсҳои ҳуқуқӣ маҳдуд хоҳанд шуд.

Ба ҳамаи ҳамкасбон муваффаққиятҳо таманно дорам.   http://odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=564%3A-l-2016&catid=26%3A2013-08-14-05-15-04&Itemid=90&lang=tj


Тақвим

<< < Декабрь 2015 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима