Сарчашмаҳои ноошкор ба як ҷузъи муҳими журналистика, аз ҷумла барои пешниҳоди маълумоту ахбор табдил ёфтаанд. Истифодаи онҳо барои пайдо шудани ахбори нави алтернативӣ, ҷузъиёти тоза дар ахбори пайдошуда, ё маълумоти вобаста ба он хоҳад буд. Қонунгузории Тоҷикистон низ истифодаи сарчашмаҳои ошкорнашударо раво медонад. Аз ҷумла бандҳои 26 ва 27 –и қонун “Дар бораи матбуот ва дигар ВАО” маҳз ба ҳамин мавзӯъ иртибот мегирад.
Бовуҷуд, истифода шудани чунин манбаъҳо бояд дар ҳолати истисноӣ бошад. Яъне, вақте сухан дар бораи як маълумоти аз ҳад муҳими иҷтимоӣ меравад, ки ба журналист дастрас шудааст. Аммо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла амнияти шахсии соҳиби маълумот, ё ногувориҳои пайомади зикр шудани номаш дар хабар ва масоили мисли ин, ӯ ба зикри номи худ розӣ намешавад.
Зимнан, устодону журналистони пешбар тавсия медиҳанд, ки истифода аз чунин манбаъҳо бояд хеле кам бошад ва ҳангоми истифода мебояд хеле эҳтиёткор буд. Аз ҳамин ҷост, ки баъзе расонаҳои хабарии мӯътабари ҷаҳонӣ махсусиятҳои истифодаи чунин манбаъҳоро дар матолиби кормандонашон мушаххас кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, чанд соли ахир дар журналистикаи тоҷик таъбири “манбаи мо, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард” хеле зиёд ба назар мерасад.
Сабабу пайомадҳои ин майлонро Раҷаб Мирзо дар подкасти нави “Хабарнигори муосир” ё “Новый репортер» бо роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршед Атовулло ва хабарнигори радиои “Озодӣ” дар Душанбе Муллораҷаб Юсуфӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҷараёни ин сӯҳбати нимсоата хеле масоил дар қолаби шӯхӣ ҳам гуфта шуду аз ҷиддияти мавзӯъ низ намунаҳо оварданд.
Бо ҳам мебинем….