Маъракаи иттилоотии самарабахшро чӣ гуна бояд ташкил кард?
     TJ RU EN
12:43 / 2024-11-16

Маъракаи иттилоотии самарабахшро чӣ гуна бояд ташкил кард?

20221209 INewsҲангоми таҳияи консепсияи маъракаи иттилоотӣ ба чӣ диққат додан муҳим аст ва чӣ гуна бомуваффақият пеш бурдани он дар форматҳои офлайн ва онлайн мумкин аст – дар ин бора Гулим Амирхонова, коршиноси расонаӣ аз Қазоқистон, яке аз муаллифони маъракаи иттилоотии маъруфи Осиёи Марказӣ «Три точки» (Се нуқта) суханронӣ кард. Презентатсияи Гулим бахше аз як воркшопест, ки бахшида ба ташкили маъракаҳои иттилоотӣ дар мавзӯи муҳоҷирати корӣ дар Душанбе баргузор шуд.

«Новый репортёр» тезисҳои асосии суханронии Гулим Амирхоноваро сабт кард.

Маъракаи иттилоотӣ – ин банақшагирии муфассал аст

  • Ҳадафҳои дақиқ муайяншуда: он чизе, ки ба даст овардан мехоҳем.
  • Истифодаи чанд тарзи паҳнкунии иттилоот дар як вақт (расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, мерч, маводҳои чопӣ, чорабиниҳои офлайнӣ).
  • Гуногунии маҳсулоти расонаӣ: паёмҳои кӯтоҳ, тасвирҳо ва видео, лоиҳаҳои махсус ва чорабиниҳои офлайнӣ.
  • Муҳлатҳои дақиқ муайяншуда барои баргузорӣ.
  • Шиддатнокии иттилоърасонӣ- маъракаҳо аз чанд ҳафта то чанд сол идома меёбанд.
  • Фарқият аз иттилоот – шиддатнокии иттилоърасонӣ: мавзӯъеро, ки интихоб мекунем, аз паҳлӯҳои гуногун нишон медиҳем, ин он чизе нест, ки дар ҳафта як ёддоштро як маротиба нашр мекунед. Зичии иттилоърасонӣ: шумо метавонед дар як рӯз чанд маҳсулро дар форматҳои гуногун омода кунед.
 
Маъракаи иттилоотӣ бояд аз консепсия оғоз шавад

Барои чӣ?

Дар бораи чӣ?

Мо барои кӣ ин корро мекунем?

Чӣ тавр иттилоотро интиқол медиҳем? Каналҳои иттилоърасонӣ кадомҳоянд?

Вай чӣ гуна хоҳад буд?

Кӣ анҷом хоҳад дод?

Чӣ тавр анҷом дода хоҳад шуд?

Натиҷа бояд чӣ гуна бошад?

Тарҳрезии визуалӣ хеле муҳим аст!

Аксари вақтҳо нашрияҳо ба он диққат намедиҳанд, ки шакли маҳсули онҳо чӣ гуна аст, онҳо фақат дар бораи маънои он фикр мекунанд. Аммо бастабандии маҳсулоти расонаӣ бояд ба замон мувофиқ бошад, он бояд замонавӣ ва дорои сабки хос бошад. Агар мо ин корро накунем, муҳтавои мо дар шабакаҳои муосир гум мешавад; шояд касе онро ҳатто набинад.

Номи маъракаи иттилоотӣ хеле муҳим аст!

Барои пайдо кардани номи «Три точки» (Се нуқта) гурӯҳи эҷодӣ нисбат ба коркарди тамоми консепсияи маърака бештар вақт сарф кард.

Бештар дар бораи банақшагирӣ

  • Ҳама чиз равшан аст!
  • Муҳлат
  • Шумораи одамоне, ки дар маъракаи иттилоотӣ кор хоҳанд кард
  • KPI, чи чизеро дар охири маърака ба даст хоҳем овард, самаранокии онро чӣ гуна чен мекунем
  • Агар маъракаи мо ба ҷамъоварии коғазҳои нолозим бахшида шуда бошад, пас фаҳмидани он осон аст, баҳо додани интуитивӣ лозим нест.
  • Ҳувияти маърака: сабк, шиор, паёмҳои асосии он
  • Визуал – инҳо маъноҳои дуюм мебошанд, онҳо тавассути визуал инро мехонанд: Оё шумо барои онҳо ҳастед? Шумо одамони онҳо ҳастед ё не?
  • Форматҳои онлайнӣ барои таблиғи мавзӯи маърака истифода мешаванд
  • Форматҳои офлайнӣ, ки барои таблиғи мавзӯи маърака истифода мешаванд
  • Кадоме аз маҳсулот дар давоми маърака пайдо мешавад
  • Ҳамкорӣ бо дигар расонаҳо – чӣ тавр
  • Ҳамкорӣ бо раҳбарони андеша ва ғайра.
  • Иштирок дар шабнишиниҳои офлайнӣ дар мавзӯъҳои монанд
  • Таблиғи пулакӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ: мо онро истифода мебарем ё не, барои он чӣ қадар маблағ сарф мекунем, пулро аз куҷо пайдо мекунем
  • Кадом хэштегҳоро истифода мебарем, бо кӣ дар TikTok дуэт мекунем, киро дар сторисҳои Instagram тег мекунем

Ҳадафҳо ё дар ниҳоят чӣ бояд рӯй диҳад?

Оё одамоне, ки маводи маъракаи иттилоотиро мутолиа мекунанд, бояд амал кунанд ё кофӣ аст ба онҳо барои ташаккули афкори ҷамъиятӣ иттилоот дода шавад?
Агар амал бошад, кадом амал? Оё дар маҳсулоти таблиғоти иттилоотии шумо қобилияти одамон барои иҷрои ин амал ба назар гирифта шудааст? Масалан, ҷо додани Call to action дар сомона, агар ҳадафи маърака ташвиқи шунавандагон ба хайрия ё имзои петитсия бошад.


Чанд роҳи паҳн кардани иттилоот

  • Расонаҳо – худӣ, дигарон, телевизион, рӯзномаҳо.
  • Шабакаҳои иҷтимоӣ/мессенҷерҳо: худӣ, ҳамкорӣ бо дигар саҳифаҳои машҳур дар интернет.
  • Мерч, маҳсулоти чопӣ бояд бо сабки хос ва дорои як паёми равшан бошад – чизе, ки шумо мехоҳед дошта бошед (масалан, экосумка ё барчасб (наклейка) дар ноутбук бо шиори ҷолиб), сифати хуб муҳим аст!
  • Чорабиниҳои офлайнӣ: иштирок дар конфронсҳо, чорабиниҳои шаҳрӣ бо мавзӯъҳои монанд.
  • Эҷоди чорабиниҳои шахсии шумо мувофиқи мавзӯи маърака – аз вохӯриҳои хурд то фестивалҳои бузурги шаҳрӣ.


Намунаи маъракаи бомуваффақияти иттилоотӣ аз «Перемена Медиа»

Шиддати иттилоърасонӣ

Ба таври анбӯҳ. Ҷараёни муттасили иттилоотро тавлид мекунад. Масалан, маъракаҳои пешазинтихоботӣ ё маъракаҳои омодагӣ ба раъйпурсӣ.

Ба таври фосиладор. Давраҳои пуршиддати иттилоърасонӣ дар маърака бо давраҳои камтар пуршиддат иваз мешаванд. Масалан, таблиғи лоиҳаҳои телевизионӣ: тизерҳо ва эълонҳо хеле пеш аз аввалин намоиш пахш мешаванд ва танҳо пеш аз намоиш шаддат меёбанд.

Платформа ё платформаҳоро интихоб кунед

Аудиторияи маъракаро дар назар гиред: ин одамон кистанд, маҳсулоти маърака ба онҳо чӣ фоида дорад.

Дар маърака чӣ қадар одамон кор мекунанд.

Видеоҳои бештар омода кунед!

Персонажи маъракаи худро фикр кунед!

Лоиҳа дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мешавад.

https://newreporter.org/tj/2022/12/06/marakai-ittilootii-samarabaxshro-chjj-guna-boyad-tashkil-kard/


Тақвим

<< < Декабрь 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  
 
Пайвандҳои лозима