Чӣ гуна тренери расонаӣ шудан мумкин аст? Маслиҳатҳои Ирина Чистякова
     TJ RU EN
11:43 / 2024-12-24

Чӣ гуна тренери расонаӣ шудан мумкин аст? Маслиҳатҳои Ирина Чистякова

Irina ChistyakovaДар суҳбатҳои шахсӣ бо ҳамкасбони рӯзноманигор ман гоҳ-гоҳ мешунавам, ки онҳо мехоҳанд тренери расонаӣ шаванд. Ман бо тренери дар амал коркунанда Ирина Чистякова дар бораи нозукиҳои ин касб суҳбат кардам. Ирина дар бораи он нақл мекунад, ки оё синну сол барои тренер муҳим аст, ба шумо кадом маҳоратҳо лозим мешаванд ва эҳтимолан, бо кадом мушкилот дучор мешавед. Ирина Чистякова, коршиноси рушди зеҳни эмотсионалӣ, тренер-методист солҳои зиёдест, ки мутахассисони расона ва тренерҳои расонаиро омода мекунад.

— Дар кадом синну сол тренери расонаӣ шудан мумкин аст?

— Дар ин ҷо нуктаи асосӣ на синну сол, балки таҷриба аст. Шахс мумкин аст хеле ҷавон бошад, вале агар ӯ аллакай таҷрибаи касбӣ дошта бошад, пас ӯ метавонад тренер шавад. Тренер тавассути технология (методҳо, абзорҳо, рӯйкардҳо) таълим медиҳад, аммо бо шахсияти худ низ таълим медиҳад. Худи ӯ ҳам абзор аст. Тамоман бидуни таҷриба мумкин нест. Ҳатто агар шумо 50-сола бошеду таҷриба надошта бошед, шумо тренери хуб шуда наметавонед.

— Чӣ гуна тренери расонаии хуб шудан мумкин аст?

— На танҳо маҳоратҳои худ, балки муҳтавои омӯзиширо мунтазам такмил додан ва давраҳои омӯзиши (тренинги) худро инкишоф додан муҳим аст. Тренери муҳтарами ман Зоя Чарлз, ки аз Лондон тавассути Zoom ба мо пайваста буд, мегӯяд: «Агар байни ду тренинги ман зиёда аз як моҳ гузашта бошад, ман ҳеҷ гоҳ ҳамон як презентатсияро пешкаш намекунам. Дар ин як моҳ аллакай дар бахши расонаӣ ягон чизе рӯй додааст, ки ман бояд ба презентатсия дохил кунам, то он навшуда бошад.» Масалан, вай ба мо наворҳоеро аз Олимпиадаи зимистонӣ дар Пекин нишон дод, ки ҳамин чанд рӯз пеш ба охир расид,. Ин касб навсозии доимиро тақозо мекунад — ҳам аз нигоҳи шахсӣ ва ҳам аз нигоҳи муҳтаво.

Одатан, тренерҳои расонаӣ мустақилона, бо хоҳиши худ ё мувофиқи намуна ба гузаронидани тренингҳо шуруъ мекунанд. Бо мурури замон, бо касби таҷриба, сабки баргузорӣ ва мавзуъҳои хосси худ ба тренинге монанд ба тренинги мо барои тренерҳо меоянд, то методологияро такмил диҳанд, мушоҳида кунанд, ки дигар тренерҳо чӣ гуна кор мекунанд ва дар бораи нақшаҳои пешниҳодкардаи худ бардоштҳои ҷавобӣ бигиранд. Дар ҳама гуна касб, шумо бояд пайваста дониши худро таҷдид намоед, тавоноии худро баланд бардоред ва тренинг барои тренерон барои ин кор ҷои хубест. Вақте ки ман мегӯям, ки «тавоноии худро баланд бардоред” ин маънои онро надорад, ки иштироккунандагон ҳангоми ворид шудан зарфияти пастдоранд. Ман дар назар дорам, ки омӯхтани технологияҳои нав ҳамеша хуб аст (ва онҳо ҳар рӯз пайдо мешаванд), ба мавзӯи худ бо чашмони гуногун нигоҳ кунед, ки чӣ гуна онро метавон ба таври нав пешниҳод кард ва ба мухотабони мавриди ҳадафи шумо мувофиқ аст. Ва, албатта, мубодилаи таҷриба кунед. Умуман, шахсони калонсол дар синф, вақте ки лектор ба онҳо омӯзиш медиҳад, беҳтар омӯзиш намегиранд. Балки ҳангоме ки онҳо мубодилаи таҷриба мекунанд, вақте ки онҳо метавонанд муошират кунанд, як ангеза ва таҳриккунанда барои ҳамдигар мешаванд, то нусхаи беҳтарини худ шаванд.

— Муҳимтарин қисми омӯзиш кадом аст?

— Муҳимтарин бахш – ин аввалин машғулияти муқаддимавӣ аст, ки дар он ҳамаи мо бо ҳам шинос мешавем, дар он иштироккунандагон дар бораи он чизе, ки интизори онҳост ва ташкилкунандагону тренерон дар бораи натиҷаҳое, ки ба нақша гирифтаанд, суҳбат мекунанд. Мутаассифона, ман бисёр вақтҳо мебинам, ки тренерҳо чунин фикр мекунанд: «Чӣ лозим аст одамоне, ки аллакай ҳамдигарро мешиносанд, боз аз нав шинос шаванд?» Хусусан, агар гурӯҳ чунин бошад, ки ҳама ҳамдигарро муддати тӯлонӣ мешиносанд. Аммо не, дар ҳар як тренинг — мавзӯи нав, максадҳои нав, натиҷаҳои нави чашмдошта вуҷуд дорад. Ин ҷанбаи муҳим яке аз хусусиятҳои омӯзиши калонсолон мебошад.

Шахси калонсол бояд ҳамеша ба таври равшан бифаҳмад, ки чаро ӯ барои таҳсил ба ин ҷо омадааст, кӣ ба ӯ дар ин ҷо омӯзиш медиҳад, чӣ натиҷа ба даст меорад, оё дар ин кор бефоида вақт сарф кардааст ва, умуман, ин ба ӯ лозим аст ё не. Ва вазифаи машғулияти аввал ҷавоб додан ба саволҳое мебошад, ки иштироккунандагон метавонанд бо овози баланд надиҳанд, аммо он саволҳоро онҳо бешубҳа доранд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки нақшаро риоя кунед: шиносоӣ, таҳияи қоидаҳо, муфассал шинос шудан бо барнома, интизориҳои иштироккунандагон. Баъзан иштироккунандагоне, ки ба тренинг меоянд, метавонанд чизи тамоман дигареро интизор дошта бошанд. Ва он гоҳ онҳо ноумед мешаванд ва нодуруст мефаҳманд: «Ман ҳоло дар ин ҷо чӣ кор мекунам?» Мо бояд дар бораи ҳама чиз суҳбат кунем ва фаҳмонем. Ва он гоҳ омӯзиш (тренинг) бомуваффақият хоҳад шуд.

— Оё шумо дар тренингҳоятон ба мушкилот дучор мешавед?

— Ҳама гурӯҳҳо гуногунанд, ягон тренинги ба ҳам монанд вуҷуд надорад — ҳатто агар шумо онро дар як гурӯҳ, дар як шароит ва дар як мавзуъ гузаронед, он гуногун хоҳад буд.

Ман калимаи «мушкилот»-ро дар робита бо вазъиятҳои тренинг комилан қабул намекунам. Мушкилот – ин ба чизҳое монанд аст, ки бояд бартараф карда шаванд. Аммо дар асл, вазъиятҳо ва ҳолатҳои гуногун вуҷуд доранд, ки бо ягон сабаб ин гуна инкишоф ёфтаанд — ва барои ин ҳамеша ягон сабабе вуҷуд дорад. Масалан, дар рафтори иштироккунандагон. Ва ман истилоҳи «иштироккунандаи душвор»-ро ​​истифода намебарам, ҳарчанд баъзан ҳатто дар тренингҳо барои тренерҳо мавзӯи «Чӣ тавр бо иштироккунандагони душвор ҳамкорӣ кардан мумкин аст» вуҷуд дорад. Иштироккунандагони душвор вуҷуд надоранд, рафтори номуносиби иштироккунандагони тренинг вуҷуд дорад, ки ин рафтор ҳамеша ягон сабаб дорад. Маҳорати тренер маҳз дар фаҳмидани он аст, ки чаро иштироккунанда чунин рафтор мекунад ва қарор қабул кунад, ки чӣ гуна бо ӯ то ҳадди имкон муошират кунад, то ин хусусиятҳо ба ӯ — инчунин ба тренер ва тамоми гурӯҳ — халал нарасонанд, то тренингро бомуваффақият анҷом диҳанд ва ба натиҷаҳои хуб ноил гарданд.

Ба забони маҷозӣ, омӯзиш як матоъ аст. Тренер ба дигарон таълим дода, дар ин матоъ расмро гулдӯзӣ мекунад. Вай тамоми абзорҳоро дорад, то тасвирро беназир ва барои ҳама зарурӣ гардонад.

— Бахши дӯстдоштаи шумо дар тренинг кадом аст?

— Тренерҳо як шӯхӣ доранд, ки тренинги хуб ин аст, ки тренер дар гӯшае ором нишаста, ягон коре намекунад ва иштироккунандагон дар ин вақт супоришро хеле фаъолона ва хушсифат иҷро мекунанд. Зеро тренер онҳоро чунон ба кор медароварад, он қадар ҳавасманд мегардонад ва чунон вазифаҳое медиҳад, ки бе тренер ҳам ҳама корро худашон иҷро мекунанд — худашон созмондеҳӣ мекунанд ва вақтро риоя менамоянд. Агар дар бораи динамикаи гурӯҳӣ сухан ронем, ин марҳила «кор» номида мешавад, ки гурӯҳ аллакай аз се марҳилаи қаблӣ гузашта, ташаккули ниҳоӣ меёбад ва тренер онро ба чунин ҳолати захиравӣ меорад, ки барои иҷрои ҳама гуна вазифа омода аст. Тамошои чӣ гуна кор кардани иштироккунандагон ин танҳо хурсандист! На аз он сабаб, ки ман мехоҳам бекор нишинам, балки барои он ки медонам, ки ман ҳама чизро то ҳоло дуруст анҷом додаам.

Ман инчунин лаҳзаҳои субҳу шомро дӯст медорам, ки мо дар як давра ҷамъ мешавем ва рефлекс нишон медиҳем. Дар чунин лаҳзаҳо мебинам, ки дар ҳақиқат ба иштироккунандагон чӣ «ворид шудааст», чӣ гирифтаанд, чӣ барои худ «азхуд» кардаанд. Чунин мақоле вуҷуд дорад: «Дарахтро наметавон маҷбур кард, ки рушд кунад, вале шумо метавонед шароитро муҳайё кунед – ба замин пору резед, онро ҳамеша об диҳед, нурӣ диҳед, шохаҳои хушки онро буред – барои он ки дарахт калон, зебо ва мустаҳкам гардад». Дақиқан ба ҳамин монанд, мегӯянд, ки «Наметавон омӯзиш дод, вале метавон ёд гирифт” ва «Дар ҳақиқат он чиз муҳим нест, ки тренер чиро омӯзиш медиҳад, балки муҳим он аст, ки иштироккунандагон чиро омӯхтаанд.» Ин принсипи асосиест, ки ман кӯшиш мекунам дар ҳама тренингҳоям риоят кунам.

ИНТЕРАКТИВ ВА ГЕЙМИФИКАТСИЯ: ТАВСИЯҲОИ КОРШИНОСОН ДАР БОРАИ САВОДИ РАСОНАӢ

— Хусусиятҳои тренингҳои муосир чиҳо ҳастанд?

— Ҳоло омӯзиш торафт бештар омехта мешавад: омӯзиши синхронӣ + асинхронӣ. Омӯзиши синхронӣ – вақтест, ки мо ҳама дар як вақт дар толор ё дар Zoom ҳастем ва асинхронӣ — ин аст, ки иштироккунандагон як қисми супоришҳоро барои мустақилона анҷом додан мегиранд. Худи барномаҳо торафт мураккабтар мешаванд. Аксари вақтҳо омӯзиш пеш аз тренинги воқеӣ оғоз меёбад. Масалан, шумо метавонед ба иштироккунандагон якчанд маводи иловагӣ фиристед ва бигӯед: «Лутфан, инҳоро омӯзед. Дар тренинг мо, аллакай, кор хоҳем кард, бо дарназардошти он, ки шумо ин маводро аз худ кардаед.” Шумо метавонед якчанд санҷиш/фаъолияти дигареро, ки пеш аз тренинг ба нақша гирифта шудаанд, анҷом диҳед, то ҳама чизро дарёб кунед. Илова бар ин, як қисми корро пас аз тренинг ба нақша гирифтан мумкин аст — масалан, татбиқи лоиҳаҳои муҳтавоӣ. Ва он гоҳ мумкин аст пайгирӣ кунед, ки чӣ гуна онҳоро иҷро мекунанд ва ҳатто дар барномаи роҳнамоӣ (менторинг) ҳамроҳ кунед.

Омӯзиш тавассути бозиҳо (игрофикатсия) ва истифодаи бозиҳо низ дар тренингҳо маъмуланд. Ҳарчанд бисёриҳо онро танқид мекунанд ва мегӯянд, ки чизҳои ҷиддиро дар бозӣ омӯхтан мумкин нест, бозӣ танҳо шавқ, лаззат ва эҳсосот аст. Аммо ман фикр мекунам, ки ин ҳама чиз дар механизми дуруст тарҳрезишудаи омӯзиш аст, ки дар дохили технологияи бозӣ ҷойгир аст ва муҳимтар аз ҳама, он ба натиҷаҳои омӯзишӣ оварда расонад.

ЧӢ ГУНА БОЗИИ ОМӮЗИШӢ БИСОЗЕМ

— Се китоби муҳимтарин ба забони русӣ барои тренери расонаиро номбар кунед.

  • «Век живи — век учись. Найдите стиль обучения, подходящий именно вам».(Аз гавҳора то гур илм омӯз. Сабки омӯзишиеро пайдо кунед, ки маҳз барои шумо мувофиқ аст) Муаллиф — Дэвид Колб (бо ҳаммуаллифии Кей Петерсон), муаллифи назарияи Колб (чархаи Колб), шахсони калонсол чӣ гуна меоомӯзанд, дар омӯзиш кадом марҳилаҳоро тай мекунанд.
  • «Психогимнастика в тренинге». (Психогимнастика дар тренинг) Муаллиф — Нина Хряшева, классики касби тренерӣ, равоншинос ва тренер, асосгузори Институти тренинги Санкт-Петербург, яке аз қадимтарин муассисаҳо дар фазои русзабон.
  • «Как продвинуться в проведении тренингов. Руководство по коучингу и менторингу для медиатренеров» (Дар баргузории тренингҳо чӣ гуна пеш рафтан мумкин аст. Дастурамал дар бораи коучинг ва менторинг барои тренерҳои расонаӣ) (ба забонҳои русӣва англисӣ). Муаллиф — Питер де Туа, корманди илмии факулети журналистика ва илмҳои расонаӣ, Донишгоҳи Родс, Африқои Ҷанубӣ. Ӯ яке аз беҳтаринҳо дар ин касб аст ва як гурӯҳи комили тренерони расонаӣ дар Осиёи Марказиро дар мавриди равишҳои ҳассос ба низоъ дар рӯзноманигорӣ ва умуман муошират омӯзиш додааст.

https://newreporter.org/tj/2022/04/25/chjj-guna-treneri-rasonajj-shudan-mumkin-ast-maslihathoi-irina-chistyakova/


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Апрель 2022 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    26 27 28 29 30  
     
    Пайвандҳои лозима