Сайфуллоҳ Маҳкамов
     TJ RU EN
03:34 / 2024-11-24

Сайфуллоҳ Маҳкамов

Sajfulloh MahkamovСайфуллоҳ Маҳкамов - нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик.

Маҳкамов Сайфулло 2 январи соли соли 1945 дар шаҳри Уротеппа (ҳоло Истаравшан) таваллуд шудааст. Фаъолияти кориашро баъд аз хатми Институти омӯзгории Тоҷикистон дар 1966 ба ҳайси мухбири Кумитаи телевизион ва радиои назди совети вазирони РССТ оғоз намудааст.

Соли 1976 ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шомил гардида, аз соли 1993 узви конфедератсияи байналхалқии журналистон буд.

Сайфулло Маҳкамов барои нашри матолиби матбуотӣ дар чандин озмунҳои сатҳи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ соҳибунвон гардидааст, барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2022 аст. 

Барои меҳнати босамараш бо ҷоизаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (солҳои 1972 ва 1988) қадрдонӣ гардидааст.

Мавсуф аз соли 1994 то 2000-ум депутати Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Уротеппа ва соли 2000 то 2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Уротеппа (Истаравшан) буд.

Маҳкамов то рӯзҳои охирини ҳаёташ беш аз 55 сол ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул шуда, бо рӯзномаҳои зиёд ҳамкорӣ намудааст.

Моҳи декабри соли 2000 ҳафтаномаи кӯдакону наврасони вилояти Суғд “Корвони умед”-ро таъсис додааст.

Дар умум, Маҳкамов 32 номгӯй китобҳо дар мавзуӯъҳои гуногун ба монанди "Сарбози Инқилоб", қиссаи "Бӯи хун", "Фидоӣ", "Фарзанди Истаравшан", "Хишти аввал", "Сарчашмаи зиндагӣ", "Фарзандони диёр", "Сафобахш", "Ҳунармандон", "Мактаби маҳорат ва ҷасорат", "Нони ҳалол" ва ғайраро ба чоп расонидааст.

Сайфуллоҳ Маҳкамов санаи 02.05.2024 дар синни 80–солагӣ дар шаҳри Истаравшан даргузашт.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Май 2024 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима