Мараимов Раҷабалӣ Мирзоевич (Раҷаб Мирзо)
     TJ RU EN
07:02 / 2026-08-17

Мараимов Раҷабалӣ Мирзоевич (Раҷаб Мирзо)

Rajabi MirzoЖурналист, коршинос, таҳлилгар ва шореҳ, медиа-тренер. 

10 августи соли 1973 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст.

Мактаби миёнаро бо медали нуқра хатм карда, баъдан факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

 дар расонаҳои «Восточный экспресс», «Ҷумҳурият», «Чархи гардун» ва «Нерӯи сухан» фаъолият кардааст.
 
Маъмури гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” (77 000 корбар)

Фаъолияти меҳнативу эҷодӣ:

Фаъолияти журналистиашро соли 1997 аз нашрияи «Суруш» оғоз карда, баъдан

1998-1999: котиби масъули “Восточный экспресс»;
1999-2001: хабарнигор, мухбири махсус ва мудири шуъбаи иқтисоди нашрияи “Ҷумҳурият”;
2003 : муҳаррири бахши иттилоот ва сиёсати нашрияи “Нерӯи сухан” (соли 2003 ба ҳайси);
2003: муассис ва сармуҳаррири нашрияи “Рӯзи нав”, ки аз 7 августи соли 2003 то 25 августи соли 2004 ба нашр расидааст;
2009 – 2010: сармуҳаррири радиои “Имрӯз” ва сардабири рӯзномаи «Имрӯз-News»;
2011: муассис ва роҳбари Маркази таҳқиқоти сотсиологии “Бозтоб”;
2016 – 2020: корманди ташкилоти ҷамъиятии “Хома”;

Ҳамчунин, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз фанни «Журналистикаи сиёсӣ» дарс гуфтааст.

Раҷаби Мирзо яке аз чеҳраҳои шинохтаи журналистикаи таҳлилии Тоҷикистон аст. Ӯ бо сабки хоси таҳлил, матраҳ кардани масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва пешниҳоди дидгоҳи мустақил ба рӯйдодҳои дохиливу байналмилалӣ маъруф шудааст.
Солҳои охир ӯ ҳамчун тренер фаъолият дошта, таҷрибаи касбии худро ба хабарнигорони ҷавон меомӯзад.


Барандаи ҷоиза ва ғолиби озмунҳои:
- Ҷоизаи Кумитаи ҷавонони назди Ҳукумати ҶТ (соли 2000);
- Ғолиби озмуни “Журналисти сол” (соли 2004);
- Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Чеҳракушоӣ” (маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, соли 2011);
- Барандаи Ҷоизаи ба номи Абдулҳай Мирзоев (ноҳияи Восеъ, соли 2013);
- Ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ (Медиа–алянси Тоҷикистон, 2019);
- Яке аз ҷоизадорони озмуни ТОП–50-и радиои “Ватан” (соли 2017);
- Шаҳрванди ифтихории шаҳри Пенсакола, Иёлоти Флоридаи ИМА (соли 2019);
- Соҳиби Ҷоизаи “Эътимод”–и Шӯрои ВАО (соли 2021);
- Сипосномаҳо аз Вазорати корҳои дохилӣ (2018), ҲХДТ, Академияи ВАО (2021). 

 


Тақвим

<< < Март 2022 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима