10 феврал Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор намуданд.
Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 дар кумитаи мазкур доир гардид. Маълум гардид, ки дар давоми соли 2022 дар кишвар 13 ҳазор бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, он назар ба соли 2021 162 адад зиёд мебошад. Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила зикр намуд, ки бекор шудани ақди никоҳ бо сабабҳои гуногун, мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва нофаҳмиҳо сар мезанад. Сабаби дигари зиёд будани талоқ ба гуфтаи раиси Кумита ин нияти шавҳарон барои гирифтани шаҳрвандии Русия аст.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 10:00 баргузор намуд. Камолиддин Муъминзод, раиси Кумитаи мазкур гуфт, дар соли 2022 ба Тоҷикистон наздики 1 миллион сайёҳон ташриф оварданд. Ба гуфтаи ӯ ба Тоҷикистон сайёҳон бештар аз Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон, Туркия ва ИМА омаданд.
Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи аз кор рафтани духтурон ба баҳс кашида шуд. Тибқи иттилои Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири ин ниҳод ба ҳолати имрӯз норасоии 2463 табиб ва 605 ҳамшираи шафқат дида мешавад. Инчунин зикр гардид, ки соли гузашта 1496 табиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Фарзона Шарипова,
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ