8 феврал Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина» оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соати 08:00 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳо доир карда мешавад.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 09:00 дар кумитаи мазкур баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:30 дар Маркази тадқиқоти стратегӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 89) баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 дар Кумитаи телевизион ва радио барпо мешавад.
МД «Телевизиони «Сафина» нишасти матбуотиро соати 11:00 дар МД «Телевизиони «Сафина» доир менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.